123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 30.03.2020

Таърихи нави баргузории бозиҳои олимпии Токио 2020 маълум шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои Олимпии Токио рӯзи 23 июли соли 2021 шурӯъ шуда, то 8 август идома мекунад. Санаи нави бозиҳо баъди он маълум шуд, ки бозиҳои имсолаи олимпӣ бо сабаби пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба таъхир уфтод. Қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ин замина рӯзи 30 март дар ҷаласаи шӯрои кумита қабул шуд. Исми бозиҳо тағйир намеёбад ва бо ин ки дар соли 2021 баргузор мешавад, таҳти номи “Токио 2020” хоҳад гузашт. Бозиҳои паралимпӣ, ки бояд 25 августи имсол шурӯъ мешуд, дар таърихи 24 август то 5 сентябри соли 2021 барпо хоҳанд шуд. Читать дальше...

Дар Самарқанд мардеро барои дурӯғпароканӣ дар бораи вирус ҳабс карданд

Ozodi.org 

Як сокини 43-солаи ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон бо айби паҳнсозии маълумоти бардурӯғ дар бораи маргу мир аз вируси корона, 30 рӯз ҳабс шуд. Вай овоза паҳн кардааст, ки "ҳамсояаш аз вируси корона мурдааст". Рӯзи 29 март додгоҳи ноҳияи Пахтачин ӯро дар “вайронсозии тартиботи ҷамъиятӣ дар шароити ҳолати фавқулода” айбдор ва 30 рӯз ҳабс кард. Ин мард шунидааст, ки рӯзи 25 март “ҳамсояаш аз истифодаи аз меъёр зиёди машруб фавтидааст”. Баъдтар вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки... Читать дальше...



Идомаи коҳиши нархи нафт дар пайи паҳншавии коронавирус

Ozodi.org 

Дар пайи густариши коронавирус, қимати нафт ҳамоно дар ҳоли поин рафтан аст. Навъи нафти WTI бори аввал дар бозори ҷаҳонӣ, аз соли 2002 ба ин тараф, ба 20 доллар барои як бушка баробар шуд. Нафти навъи Brent каме бештар аз 23 долларро ташкил медиҳад. Аз оғози моҳи март арзиши нафт қариб 50 дарсад коҳиш ёфт. Қоҳиши қимати нафт дар пайи он сар зад, ки Русия аз маҳдудсозии истихроҷи он худдорӣ кард. Арабистони Саудӣ пешниҳод дошт, ки дар пайи бемории COVID-19, бо ҳадафи ҳифзи иқтисод, истихроҷи нафт кам карда шавад. Читать дальше...

Табиби узбек аз зарби корд захмӣ шуд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразми Узбекистон табибе, ки вазъи сиҳатии сокинонро дар ҳолати карантин назорат мекард, 24 март захми корд бардоштааст. Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Хоразм бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳодиса шаби 24 март дар қисми низомие рух додааст, ки дар он шаҳрвандони аз хориҷ баргаштаро ба карантин гирифтаанд. "Ин қисми низомӣ дар наздикии деҳаи мо аст. Онҷо онҳоеро дар карантин нигаҳ медоранд, ки аз Дубай ва Русия омадаанд. Як сарбози қисми низомӣ гуфт, табиб худашро се корд задааст. Читать дальше...

Трамп қарори дар миёнаҳои апрел азсаргирии кори соҳаи тиҷоратро бекор кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп муқаррароти давлатиро дар бораи бо сабаби пандемияи коронавирус дар хона истодани мардумро то 30 рӯзи дигар – то охири моҳи апрел  - тамдид кард. То имрӯз дар саросари ҷаҳон бар асари Ковид-19  34 ҳазор нафар ҷон додаанд. Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон рӯзи 29 март гуфт,ки эҳтимолан авҷи паҳншавии коронавирус дар ИМА “дар ду ҳафтаи наздик” мушоҳида шавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки баъди он “бояд поинравии суръати нишондодҳо ҳам шурӯъ шавад”. Ӯ гуфт, ки муқаррароти... Читать дальше...



Истеҳсоли ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар пайи афзоиши хабарҳо аз густариши коронавирус, дар Тоҷикистон бархе аз корхонаҳои нассоҷӣ ба тавлиди ниқобҳои тиббӣ шурӯъ карданд. Мутахассисон мегӯянд, ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале хатари сироятро кам мекунанд.

Шумораи қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 2757 тан расид

Ozodi.org 

Сухангӯи вазорати тандурустии Эрон Киёнуши Ҷаҳонпур рӯзи 30-юми март ба телевизиони давлатии он кишвар гуфт, бо 117 ҳолати нави фавт, шумораи қурбониёни бемории коронавирус дар ин кишвар ба 2757 нафар расид. Вай афзуд, ки шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Эрон 41,495 нафарро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи оқои Ҷаҳонпур, дар 24 соати гузашта 3186 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Эрон ба қайд гирифта шудааст.  Сухангӯи вазорати тандурустии Эрон аз шаҳрвандон хостааст, ки дар хонаҳояшон бимонанд. Читать дальше...

Аҳмадҷони хурдсол чӣ гуна аз бемории сил шифо ёфт?

Ozodi.org 

Аҳмадҷон Нуралиҷонзода ҳашт моҳ дошт, ки ба бемории сил гирифтор шуд. Ҳоло ӯ дусола аст ва намедонад, ки дар ҳаштмоҳагӣ чӣ бемориеро пушти сар кардааст. Волидон барои табобати набераи худ ҳама талошро карданд, то ӯро аз ин беморӣ раҳонанд.

Озодии шартии Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар давраи бӯҳрони Ковид-19 тамдид шуд

Ozodi.org 

Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар давраи бӯҳрони Ковид-19 муваққатан аз зиндон озод шуд. Ҳамсари  корманди созмони ёрирасони бритониёиву эронӣ гуфт, ки мӯҳлати озодии шартии Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар замони паҳншавии Ковид-19 дар Эрон боз то ду ҳафтаи дигар тамдид шуд. Ричард Ратклифф дар сӯҳбати имейлӣ бо Франс Пресс гуфт, ки аз падари Нозанин фаҳмид, ки озодии муваққатии ҳамсараш то 18 апрел тамдид шуд. Ӯ афзуд, ки аз шунидани ин хабар хеле шод шудааст. Нозанин Зоғарӣ-Ратклифи 41-сола, ки ҳоло дар хонаи падараш ба сар мебарад... Читать дальше...

Дар Фаронса вазири собиқи арманитабор аз Ковид-19 даргузашт

Ozodi.org 

Собиқ вазире дар Фаронса аввалин сиёсатмадоре шуд, ки бар асари  олудагӣ ба коронавирус  даргузашт. Патрик Девидҷон рӯзи 29 март дар синни 75-солагӣ даргузашт. Ӯро рӯзи 26 март бо натиҷаи мусбати олудагӣ ба вирус  ба бемористон интиқол доданд. Девидҷон, ки решаҳои арманӣ дорад, дар солҳои раёсатҷумҳурии Николя Саркозӣ ва Жак Ширак ба ҳайси узви маҷлис ва вазир ифои вазифа кардааст. Рӯзи 29 март шумори ҳалокшудаҳо бар асари вирус  дар Фаронса  2314 нафарро ташкил дод ва ин кишвар  аз назари омори... Читать дальше...

121 ҳодисаи нави Ковид-19 дар Покистон

Ozodi.org 

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар 24 соати гузашта 121 ҳодисаи нави олудагӣ ба коронавирусро ошкор кардаанд, ки шумори умумии гирифторон ба  вируси навро ба 1600 нафар баробар мекунад. Ба ин шумор, аз ҷумла 14 нафари ҳалокшуда ҳам шомил мешаванд. Вазири беҳдошт Зафар Мирзо рӯзи 29 март гуфт, ки 71 дарсади ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Покистон аз берун, асосан аз Эрон овардашуда мебошад. Дар Эрон вазъи паҳншавии вирус дар миқёси Ховари Миёна мудҳиштарин ҳолатро касб кардааст. Дар  Покистон... Читать дальше...

Украина ба қабули қонуни нави ҳимояткунандаи иқтисоди осебдида аз Ковид-19 омода мешавад

Ozodi.org 

Парлумони Украина рӯзи 30 март дар як ҷаласаи изтирорӣ қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки ҳадаф дорад ин кишварро аз таъсири Ковид-19 ҳимоят бикунад. Зарурати доштани ин  қонунро Сандуқи байналмилалии пул тақозо кардааст, ки бар асоси он барномаи қарздиҳӣ ба  Украина дар ҳаҷми 8 миллиард доллар боз мешавад ва Киевро ба дарёфти миллионҳо доллар кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва дигар пуштибонҳои хориҷӣ умедвор хоҳад мекунад. Президент Владимир Зеленский дар... Читать дальше...

Мақомот гуфтанд, то имрӯз дар Тоҷикистон коронавирус ба касе сироят накардааст

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон то ба имрӯз мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30-юми март хабар дод. Ин вазорат ҳамчунин мегӯяд, ки аз аввали моҳи феврал то охири моҳи март 6159 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, дар беморхонҳо ва осоишгоҳҳо ба карантин фаро гирифта шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат 2146 тани онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда ва ҳоло 4013 нафар дар беморхонаҳо дар карантин қарор доранд. Читать дальше...

Муҳандиси тоҷик нерӯгоҳи бодии нав ихтироъ кардааст

Ozodi.org 

Ҷумъабой Шамсиддинов, муҳандиси тоҷик пушти мизи кории худ нишаст ва ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақшаи дастгоҳеро нишон дод, ки ба бовари ӯ рӯзе метавонад, қисмате аз нерӯи барқи Тоҷикистонро истеҳсол кунад ва дар пешрафти он саҳм гузорад. Ин чӣ гуна дастгоҳ аст. Дар ин видео бубинед.


Музыкальные новости
Игорь Бутман

«Джаз у Старой крепости»: кузбассовцы встретились с Игорем Бутманом и Даниилом Крамером





Персональные новости
Юрий Лоза

«Вспыльчивый очень»: Лоза объяснил агрессивное поведение Лепса на концерте





Муҳандиси тоҷик умедвор аст, нерӯгоҳи ӯ рӯзе хонаҳоро гарму рӯшан мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷумъабой Шамсиддинов, муҳандиси тоҷик пушти мизи кории худ нишаст ва ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақшаи дастгоҳеро нишон дод, ки ба бовари ӯ рӯзе метавонад, қисмате аз нерӯи барқи Тоҷикистонро истеҳсол кунад ва дар пешрафти он саҳм гузорад.

Посухи  Кобул ба Толибон баъди рад кардани ҳайати музокиротии ҳукумат 

Ozodi.org 

Баъди он ки гурӯҳи Толибон пешниҳоди ҳайати ҳукумати Афғонистонро барои ширкат дар музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 19-сола рад кард, ҳукумат дар Кобул ба шӯришиён посухи тунд дод. Ваҳид Умар, мушовири президент Ашраф Ғанӣ рӯзи 29 март ба журналистон дар Кобул  гуфт, ки Толибон дар остонаи музокироти деринтизор “дигар набояд баҳонаҷӯӣ” кунанд.  Қарор буд музокироти Толибон ва ҳукумати Афғонистон рӯзи 10 март шурӯъ шавад, вале бо сабаби баҳсҳо бар сари аъзои тими музокиротӣ гуфтугӯҳо ба таъхир гузошта шуд. Читать дальше...

Барои интиқоли Олимпиадаи 2020 Ҷопон $2,7 млрд харҷ хоҳад кард

Ozodi.org 

Барои интиқоли Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио ба соли 2021 ба ташкилкунандагон лозим меояд 2,7 миллиард доллар харҷ намоянд. Ин маблағро Forbes зикр намудааст. Тибқи маълумоти нашрия, будҷаи Бозиҳои олимпӣ дар Токио то моҳи декабри соли 2019 тақрибан 12,6 миллиард долларро ташкил додааст. Пас аз интиқоли Бозиҳо ташкилкунандагон барои гузаронидани мусобиқот тақрибан 15,3 миллиард доллар сарф мекунанд. Дар ин маврид Бозиҳо дар Токио дувумин гаронтарин дар таърих хоҳанд буд. Танҳо Русия... Читать дальше...

Русия марзҳояшро баст. Чораҳои сахт дар Маскав барои пешгирӣ аз коронавирус

Ozodi.org 

Мақомоти Маскав эълон карданд, ки барои пешгирӣ аз афзоиши бемории коронавирус, сар аз имрӯз, душанбеи 30-юми март дар ин шаҳр маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ хоҳад шуд. Рӯзҳои ахирн дар пойтахти Русия мавридҳои зиёди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шуд ва ин амр мақомотро водор кард, ки чораҳои сахттар рӯи даст бигиранд. Пойтахти Русия бо 12 миллион аҳолӣ, мизбони ҳазорон муҳоҷири тоҷик низ ҳаст ва чунин маҳдудиятҳо ба кору зиндагии онҳо низ бетаъсир намемонад. Ҳамакнун сокинони пойтахти Русия танҳо иҷозат доранд... Читать дальше...

Лағжиши кӯҳпора дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Ozodi.org 

Лағзиши кӯҳпораи азим дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки ҷануби кишварро ба шимоли он мепайвандад, ҳаракат дар ин масирро барои чанд лаҳза боздошт. Ба иттилои ширкати IRS, ҳодиса шомгоҳи 29-уми март дар километри 45-уми ин шоҳроҳ рух дода, як мошини борбари ҳомили газ зери кӯҳпора мондааст. Манбаъ мегӯяд, ки мошини борбар осеби ҷиддӣ дидааст, аммо ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. IRS мегӯяд, ки кормандони ин ширкат дар ҳамоҳангӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда паёмадҳои онро рафъ намуданд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соперница Арины Соболенко разрыдалась на плече белоруски


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Швеция хочет ограничить доступ в Балтийское море российским танкерам





Путин в России и мире
Москва

Кремль: в Москве 22 апреля состоится встреча Путина с Алиевым


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

К 100-летию Окуджавы драмтеатр представит зрителям спектакль



Москва

Департамент культурного наследия подготовил пешеходные маршруты по столице

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net