Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 10.03.2020

Поинравии қурби рубл ба даромади оилаҳои муҳоҷирон бетаъсир намонд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Уфти қурби рублро дар бозори асъори Тоҷикистон ва оилаҳои муҳоҷирони тоҷик низ эҳсос кардаанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва соли гузашта ба кишвар беш 2,7 миллиард доллар фиристодаанд.

Бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" бе ҳузури мухлисон мегузарад

Ozodi.org 

Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бе тамошобин баргузор мешавад. Дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 10-уми март дар Душанбе, дар меҳмонхонаи “Taj Palace”, бо ҳузури масъулини AFC ва Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода шуд. Cармураббиёни ҳарду бошгоҳро ин ҳолат нигарон кардааст.



14 видео ба Озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Озмуни Радиои Озодӣ бо номи "Лаҳзаҳои интихобот" баста шуд ва 14 навор барои арзёбии доварону бинандагон пешниҳод гаштанд. Барои беҳтарин наворҳо ҷоиза ё мукофот дода хоҳад шуд. Аз ҷумла – видеокамера, планшет ва смартфон. Ин мусобиқа ба муносибати рӯйдоди муҳими Тоҷикистон – Интихоботи порлумонии 1-уми март эълон шуда буд. Аз ширкаткунандагон дархост мешуд, ки лаҳзаҳои ҷолибу нотакрори маъракаи интихоботиро ба навор гиранд ва ба Радиои Озодӣ фиристанд. Акнун аз шумо бинандагони муҳтарам хоҳиш дорем... Читать дальше...

Тоҷикистон ду узви "бандаи ГТА"-ро ба 25-солии зиндон маҳкум кард

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Суғд ду узви гурӯҳи ҷиноии "бандаи ГТА"-ро, ки дар Русия ба куштор ва ғоратгарӣ муттаҳам буданд, ба 25-солии зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Русия рӯзи 10-уми март дар сомонаи расмиаш хабар дод. Дар он гуфта мешавад, Додгоҳи вилояти Суғд Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримовро ба "узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, куштору ғорат ва содир кардани ҷиноятҳои дигар дар қаламрави Русия" гунаҳкор шинохт. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст. Маълум нест, ҳукми... Читать дальше...



Хизмат дар артиш бо шаҳодатномаи ронандагӣ

Ozodi.org 

Мақомот дар Хатлон аз шеваи дигари ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ кор гирифтаанд. Онҳо ҷавононро пеш аз рафтан ба хизмат ба курсҳои ройгони ронандагӣ ҷалб мекунанд ва дар поёни чунин давраҳо ба онҳо шаҳодатнома медиҳанд.

Амрико комилан мухолифи "дуҳокимиятӣ" дар Афғонистон аст

Ozodi.org 

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, гуфт, ки Вашингтон тарафдори "Афғонистони ягона ва мустақил" аст ва ба "ҳама иқдом ба хотири эҷоди як ҳукумати мувозӣ (баробар, ҳампаҳлу, параллел)" мухолифат мекунад.

Манъи фурӯши асъори хориҷӣ дар Қазоқистон баъди уфти қурби танга

Ozodi.org 

Ҳукумати Қазоқистон хариди асъори хориҷиро манъ кард. Дар ин бора муовини вазири молияи он кишвар Берик Шолпанқулов хабар дод. "Ҳамаи ширкатдорони бозори арз бояд асъори хориҷиро дар доираи иҷрои вазифаҳояшон, аз ҷумла хариди дастгоҳ ва ё пардохти қарзҳо хариду фурӯш кунанд. Хариди асъор танҳо барои захира кардан манъ аст", - гуфт Шолпанқулов. Ба навиштаи расонаҳо, нуқтаҳои фурӯши асъор дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва Чимкент фурӯши арзи хориҷиро манъ кардаанд. Айни ҳол 1 доллари ИМА дар Қазоқистон аз 385 то 394 танга арзиш дорад. Читать дальше...

Эъломи гуруснашинии 200 маҳбуси якумрӣ дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дусад маҳбуси якумрӣ дар зиндонҳои Қирғизистон бо навиштани як нома аз азми гуруснашинии худ хабар доданд. Дар ин бора аз Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон иттилоъ доданд. Ба иттилои ин хадамот, маҳбусони маҳбасхонаҳои №1, 16, 19, 25 рӯзи 9 март эъломи гуруснашинӣ карданд. Зиндониён иҷрои меъёрҳои нави қонунҳои кишвар дар бораи бозбинии ҳукмҳои пештар содиршударо талаб доранд. Хадамоти иҷрои ҷазо гуфт, дар соли 2019 раёсати муассисаҳои ислоҳӣ парвандаҳои маҳбусони якумриро ба додгоҳҳо ирсол карда буданд... Читать дальше...

Узбекистон аз нақшаи давлатии гандум пурра даст мекашад

Ozodi.org 

Узбекистон аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили соли 2020 тадриҷан аз таҷрибаи истеҳсоли гандум дар асоси фармоиши давлатӣ даст мекашад. Расонаҳои расмии Узбекистон 9-уми март фармони президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёевро "Дар бораи роҳандозии густардаи усули бозаргонӣ дар истеҳсолот, харид ва коркарди гандум" нашр карданд. Бар асоси фармони Мирзиёев, фармоиши давлатӣ дар бораи ҷамъоварии ҳосили гандум соли 2020 тадриҷан бекор шуда, ҳукумат дар соли 2021 аз таҷрибаи муайян кардани нархи гандуму... Читать дальше...

Гирдиҳамоии мубориза ба зидди хушунати занон дар Бишкек

Ozodi.org 

Рӯзи 10-уми март дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоии мубориза ба зидди хушунати занон баргузор шуд. Иштирокдорон аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки ​сардори раёсати корҳои дохилии ноҳияи Свердлови Бишкек ба хотири беамалӣ нисбат ба иғвогарон ва боздошти ғайриқонунии занон дар ҳамоиши рӯзи 8-уми март ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Инчунин, онҳо талаб карданд: тафтиши мустақили поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳамоиши 8-уми март; таъмини озодии ҳамоишҳои осоишта дар доираи Конститутсияи Қирғизистон; ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани афроде... Читать дальше...

Ҳукумат комиссия ташкил кард, ҷанҷол дар чарогоҳҳо аз байн меравад?

Ozodi.org 

Бо шиддат гирифтани даъвову баҳс сари чарогоҳҳо ва афзудани норозигии мардуми деҳот, мақомоти Тоҷикистон комиссияи махсусе барои ҳалли ин мушкил таъсис додаанд. Комиссияи ба танзим овардани чарогоҳҳо бояд коре кунад, ки байни мардуми деҳот ва моликони чарогоҳҳо ҷанҷолу кашмакаш сар назанад.

Мусобиқаи "Ekaterinburg Grand Slam 2020" лағв шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Ekaterinburg Grand Slam 2020", ки бояд рӯзҳои 13-15-уми март дар Екатеринбурги Русия баргузор шавад, бар асари хуруҷи бемории коронавирус лағв карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст. Дар хабар гуфта шудааст, кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии ҷудо тасмим гирифт, ки мусобиқаҳои тахассусии олимпӣ бо сабаби хуруҷи коронавирус то 30-юми апрели соли 2020 доир карда нашаванд. Ба ҷуз аз "Ekaterinburg Grand Slam 2020"... Читать дальше...

Италия бинобар коронавирус ба таври комил карантин шуд

Ozodi.org 

Нахуствазири Италия барои пешгирӣ аз коронавирус дар саросари ин кишвар маҳдудиятҳои сахти рафту омад ҷорӣ кард. Аз сокинон хоста шудааст, ки бидуни зарурат аз хонаҳояшон берун нараванд.  Баъди Чин, ки нахустин макони пайдошавии вирус мебошад, Италия дуюмин маконе бо теъдоди зиёди марги инсонҳо бар асари коронавирус, ба шумор меравад.​ Ҷузеппе Конте, нахуствазири Италия рӯзи душанбеи 9-уми март фармоне содир кард, ки рафтуомадҳои ғайризарурӣ ба хориҷ аз маҳалли зиндагии шаҳрвандонро маҳдуд ё мамнӯъ мекунанд. Читать дальше...

Ифтитоҳи Масҷиди калони Душанбе бинобар коронавирус ба таъхир афтод. САДО

Ozodi.org 

Ифтитоҳи масҷиди нав дар шаҳри Душанбе, ки қарор буд рӯзи 12-уми март бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, 10-уми март дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба далели паҳншавии короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод". Раиси Кумитаи дин афзуд, ки ба ин сабаб амири Қатар сафарашро на танҳо ба Тоҷикистон, ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ қатъ кардааст. Бузургтарини... Читать дальше...


Музыкальные новости
Баста

Рэпер Баста благословил девушку на брак во время своего концерта





Персональные новости
#123ru.net

Музей – завод «СырКультПросвет» открылся в Угличе





Муборизаи 3 муштзани тоҷик барои роҳхати олимпӣ

Ozodi.org 

Муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Сумая Қосимова, ки дар даври чорякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун шикаст хӯрданд, муборизаро барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар даври тасаллобахш идома медиҳанд. Баҳодур Усмонов 9-уми март дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 63 кило аз Обада Муҳаммад Мустафо Алкасбеҳ аз Урдун бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд. Зимнан, Баҳодур Усмонов порсол дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбеҳро шикаст дода буд. Читать дальше...

Президенти Қазоқистон аз "бадшавии вазъи иқтисодӣ" гуфт

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар як ҷаласаи фаврии рӯзи 9-уми март дар ҳузури аъзои ҳукумат ва мақомоти дигари кишвараш "вазъи масоили моливу иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисоди Қазоқистон"-ро баррасӣ кард. Ҷаласаи Тоқаев дар ҳоле баргузор гардид, ки қимати нафт - яке аз маҳсулоти асосии содиротии Қазоқистон - дар бозори ҷаҳонӣ якбора арзон шуд. Тоқаев дар ин замина ба ҳукумат, Бонки миллӣ ва дигар мақомоти Қазоқистон дастурҳои мушаххас додааст. "Нақшаи амал зидди буҳрон таҳия мешавад... Читать дальше...

Қирғизистону Узбекистон чорабиниҳои оммавиро манъ карданд

Ozodi.org 

Дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус як қатор чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз дар ин кишвар манъ карда шуд, ки қарор буд, 21-уми март баргузор шавад. Пештар ҳукумати Қирғизистон сокинони ин кишварро даъват карда буд, ки аз ташкили чорабинҳои оммавӣ ва рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд. Дертар дарҳои Театри опера ва балету Филармонияи миллии Қирғизистон муваққатан баста шуданд. Дар ҳамин ҳол, як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва варзишие... Читать дальше...

Баҳси тиҷории Қирғизистону Қазоқистон то ба СҶТ рафт

Ozodi.org 

Дар ҷаласаи шӯрои кулли Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шикояти Қирғизистон аз Қазоқистон баррасӣ шуд, ки гуфт, аз чораҳои маҳдудкунандаи тиҷорӣ кор гирифта, санҷиши мошинҳои боркашро дар марз сахттар кардааст. Шикояти Қирғизистонро дар ҷаласаи мазкур дар шаҳри Вена намояндаи доимии ин кишвар дар СҶТ Даниёр Мукашев пешниҳод кард. Ӯ гуфт, Қазоқистон дар муносибат бо Қирғизистон қоидаҳои байналмилалии тиҷориро нақз карда, ба гузаштани мошинҳои боркаш аз марзи ду кишвар монеа эҷод мекунад. Аз ҷумла... Читать дальше...

Дар Саудӣ ҳар кас гирифторӣ ба коронавирусро пинҳон кунад, $133 ҳазор ҷарима мешавад

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ эълом кард, ҳар кас гирифтор будан ба вируси коронаро пинҳон кунад, 500 ҳазор риёли саудӣ, баробар бо 133 ҳазор доллар ҷарима хоҳад шуд. Ин ҷарима ҳамчунин шомили касоне мешавад, ки дар бозгашт аз сафар ба хориҷ, аз додани маълумоти дуруст дар бораи кишварҳое, ки онҷо ҳузур доштаанд, худдорӣ мекунанд. Арабистони Саудӣ ахиран шаҳри Қатифро, ки 15 нафар дар он ба корона мубтало шудаанд, карантин кард ва бисёре аз касоне, ки дар ин шаҳр ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, сафарашон ба Эронро пинҳон карда буданд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

«Спартак» набрал больше всех очков в играх с командами из верхней половины таблицы РПЛ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Мария Шарапова

Первая ракетка России рассказала об общении с Шараповой


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24





Путин в России и мире
Москва

Транспортный коридор «Север-Юг» станет катализатором социального и экономического развития стран Евразии и глобального Юга


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко пообещал потенциальным агрессорам ответ всеми видами оружия




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

Рэпер Баста благословил девушку на брак во время своего концерта



Москва

Совладелица музея темноты Екатерина Гусева раскрыла особенности социального бизнеса

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net