123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 26.03.2020

Шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон аз 500 000 нафар гузашт

Ozodi.org 

Бар асоси омори охирини нашршуда аз тарафи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз ним миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба коронавирус олуда шуда, наздик ба 23 ҳазор кас ҷон бохтаанд. Раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 26-уми март ҳушдор дод, ки "коронавирус буҳрони ҷаҳонӣ аст ва вокуниши ҷаҳониро тақозо мекунад". Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, рӯзи 26-уми март теъдоди мубталоён ба коронавирус ба 510 ҳазор нафар расид.  Итолиё бо беш аз 8 ҳазор қурбонӣ яке аз кишварҳои асосии ҷабрдида аз коронавирус аст. Читать дальше...

Теҳрон гуфт, агенти собиқи FBI "муддатҳо пеш" Эронро тарк кардааст

Ozodi.org 

Теҳрон мегӯяд, Роберт Левинсон, агенти собиқи FBI ё Хадамоти кашфи Амрико "хеле пештар" Эронро тарк кардааст ва онҳо намедонанд, ки ӯ дар куҷост. Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Левинсон мепиндоранд, вай дар маҳбасе дар Эрон даргузаштааст. Аббос Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 26-уми март дар изҳороте гуфт, "бар асоси шавоҳид ё далелҳои собитшуда ӯ чанд сол пеш Эронро тарк карда, ба самти номаълум рафтааст." Вай афзуд, мақомоти расмӣ ҳама кори мумкинро карданд, то мушаххас намоянд... Читать дальше...



Лағви парвозҳо зиндагии муҳоҷиронро ба ҳам зад

Ozodi.org 

Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек кор мекунанд ва лағви парвозҳо барномаҳои зиндагии бисёре аз онҳоро ба ҳам зад. Садҳо нафари онҳо ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳҳо дармонданд. Мақомоти сафорати Тоҷикистон рӯзи 26-уми март гуфтанд, бахше аз муҳоҷиронро ба ватан фиристоданд. Ба қавли онҳо, бархе аз муҳоҷирон, ки дар фурудгоҳҳо бепул монда буданд, ройгон ба ватан бурда шудаанд. Қаблан муҳоҷирони бандмонда аз гаронии нархи билети бозгашт шикоят доштанд.

Марги як зан бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Як зан дар Қазоқистон бар асари гирифторӣ ба коронавирус фавтидааст. Даурен Абаев, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон, шоми 26-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин мавриди нахустини марги сокинон бар асари бемории КОВИД 19 дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Вай афзуд, "ин ҳолат бори дигар моро аз хатарнокии коронавирус огоҳ мекунад. Он чи ки ҳоло мегузарад, имтиҳоне барои ҳамаи мост." Бино ба иттилои навтарин, дар Қазоқистон 109 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумора 61 нафар дар шаҳри Нурсултон... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Дар барнома бубинед: Муҳоҷирони баргашта дар карантин; Мусоҳиба бо Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия; Поксозии деҳаи офатзадаи Ҳалқаҷар; Шикоят аз беобӣ дар деҳаи Себистони Данғара; Мубориза бо сил дар ноҳияи Восеъ; Сайри суманак бо овозхони шинохта Мадина Ақназарова.

Мулоқоти рӯ ба рӯ бо зиндониёни Узбекистон манъ шуд

Ozodi.org 

Тамоми маҳбасҳои Узбекистон ба "карантин" гирифта шуда, мулоқоти наздикон бо зиндониён манъ шуд. Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба расонаҳо хабар дод. "Ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ба карантин гирифта шудаанд. Мулоқоти наздикон бо зиндониён манъ гардид. Дар иваз ба зиндониён гуфтугӯи телефонӣ бо хешон иҷоза шудааст", - гуфт Ғиёсов. Вай илова кард, ки вакилони мудофеъ, муфаттишон ва кормандони мақомоти қудратӣ дар сурати доштани нишонаҳои зуком ва ё шамолхӯрдагӣ... Читать дальше...



Фаронса ва Чехия нирӯҳои худро аз Ироқ берун меоранд

Ozodi.org 

Мақомоти Фаронса гуфтанд, нирӯҳои худро аз Ироқ берун меоранд, то онҳо дар мубориза ба зидди густариши коронавирус дар кишвари худ саҳм гиранд. Ин иқдом 25-уми март, як рӯз пас аз он эълом шуд, ки Ҷумҳурии Чех, низ тасмими хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқро гирифт. Ин нирӯҳо бахше аз маъмурияти зери раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, ба омӯзиш ва машварат додан ба нирӯҳои ироқӣ ва кумак ба иҷрои амалиёти зиддитеррористии алайҳи ДОИШ дар Ироқ машғуланд.

Омори коронавирус дар ҷаҳон боло меравад. Тоҷикистон аз он озод аст. ХАРИТА

Ozodi.org 

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумори афроди гирифторшуда ба вируси нави корона дар ҷаҳон аз ҷумла дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ зиёд шудааст. Ахиран Русия ҳафтаи оянданро ғайрикорӣ эълон карда, донишгоҳҳоро ҳам ба муҳлати як ҳафта таътил кард.

Дар Тоҷикистон 5460 нафарро ба "карантин" фаро гирифтаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз хуруҷи коронавирус аз моҳи феврал то 25-уми март 5460 нафар​ро ба "карантин" фиристодаанд. Ин афрод аз хориҷ ба кишвар омада, ду ҳафта зери назорати пизишкон хоҳанд буд. Ба қавли мақомоти Вазорати тандурустӣ, аз ин шумор аллакай ду ҳазор нафар ба хона ҷавоб шуда, наздики севуним ҳазор кас давраи карантинро паси сар мекунанд. Дар миёни онҳо 107 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ будаанд. Мақомот мегӯянд, нафарони аз хориҷ омада... Читать дальше...

Раҳмонзода: "Ҳар як асардуздии олимон муҳокима мешавад"

Ozodi.org 

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили робита бо ҷомеа, рӯзи 19-уми март дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳар як мавриди асардуздии олимони тоҷик муҳокима ва баррасӣ шуда, ояндаи онҳо муайян карда мешавад".

Сенати Амрико ба ҷудо кардани 2 триллион доллар ризоият дод

Ozodi.org 

Сенати Амрико рӯзи 25-уми март тарҳи кумаки ду триллион доллариро қабул кард. Тарҳ пас аз густариши коронавирус дар Амрико ба хотири ёрӣ ба иқтисод ва пуштибонӣ аз сохторҳои ин кишвар омода шудааст. Тибқи он, имтиёзҳо барои бекорон афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин ин тарҳ 350 миллиард доллар кумак ба соҳибкории хурдро дар назар гирифтааст, то ба коргароне, ки ба хотири коронавирус хонанишин шудаанд, пул пардохта шавад. Қарор аст, Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 27-уми март дар робита ба ин бастаи иқтисодӣ овоз диҳад. Читать дальше...

Қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи гирдиҳамоиҳо дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе, 26-уми март, тарҳи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳоро қабул кард. Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ тарҳи қонуни мазкурро ба хотири “мутобиқ набудан ба меъёрҳои байналмилалӣ” танқид мекунанд. Тарҳи қонуни нав талаб мекунад, ки барои ташкили гирдиҳамоӣ бо шумори зиёди одамон иҷозати расмӣ гирифта шавад ва гирдиҳамоиҳо дар ҷойҳое баргузор гарданд, ки мақомот пешниҳод мекунанд. Қонун ҳамчунин “ҷазои сахтарро барои вайрон кардани талаботи баргузории гирдиҳамоиҳо” пешбинӣ намудааст. Читать дальше...

Русия ҳамаи парвозҳои байналмилалиро манъ кард

Ozodi.org 

Русия барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳарчи бештари коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро аз фурудгоҳҳояш ба хориҷа ва аз хориҷ ба ин кишвар манъ кард. Мақомоти Русия гуфтанд, аз 27-уми март парвозҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (чартерӣ) аз Русия ба хориҷ манъ карда мешавад. Бар асоси қарори ҳукумати Русия, аз фардо ба таври истисно танҳо ба овардани шаҳрвандони ин кишвар аз давлатҳои гирифтор ба коронавирус иҷозат дода мешаваду бас. Шумори гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Русия дар муқоиса ба бисёре аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ зиёдтар аст. Читать дальше...

Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо. Чаро тасмимҳо тағйир меёбанд?

Ozodi.org 

Таҳлилгарони мустақил мегӯянд, чунин тасмимҳо на ҳамеша санҷидашудаанд ва бештар маҳсули кори гуруҳҳои лоббигар мебошанд. Аммо ба андешаи коршиносони наздик ба ҳукумат, ин баёнгари азхудгузарии мақомот ва омода будани онҳо ба созиш аст.

Садҳо узбекистонӣ ба сабаби СOVID-19 дар марз дармондаанд

Ozodi.org 

Рӯзи 25-уми март дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон беш аз 500 кас ва дар сарҳади Қирғизистону Узбекистон зиёда аз 150 узбекистонӣ ҷамъ шуданд. Мақомоти Узбекистон ба онҳо иҷозати даромадан ба кишварро намедиҳанд. Мақомоти Қазоқистону Қирғизистон мегӯянд, ҳоло барои ҳалли мушкил бо ҷониби Узбекистон гуфтугӯ доранд. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ба шаҳрвандонашон танҳо пас аз омода шудани ҷойҳои карантин иҷозати даромадан медиҳанд. Нуқус Пӯлоди 35-сола яке аз онҳое аст... Читать дальше...

Раҳоии маҳбусон дар суҳбати "рӯ ба рӯ"-и ҳукумат бо Толибон

Ozodi.org 

Мансабдорони ҳукумати Афғонистон дар рӯзҳои наздик бо намояндагони ҷунбиши Толибон мулоқот карда, оғози раҳоии ҷангҷӯён аз маҳбусро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора Шӯрои амнияти миллии Афғонистон хабар дод. “Дар рӯзҳои наздик тими Толибон бо ҳукумати Афғонистон мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дода, озодии 100 маҳбусро то 31-уми март муҳокима мекунад", - навишт намояндаи расмии Шӯро Ҷовид Файсал дар Твиттер. Вай илова кард, аз Толибон кафолат гирифта мешавад, ки маҳсубони озодшуда дубора ба майдони ҷанг бар нахоҳанд гашт. Читать дальше...


Музыкальные новости
Елена Ходырева

Эксперты КА «Главный Советник» приняли участие в форуме «Тренды и антитренды корпоративного видео сегодня»





Персональные новости
Владимир Путин

Путин оценил перспективы строительства ВСМ «Москва — Санкт-Петербург»





Собиқ вазири корҳои хориҷии Украина ба қатл муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Пулиси Украина вазири корҳои хориҷии пешини он кишварро бо иттиҳоми қатли масъули як шабакаи телевизионӣ дастгир кардааст. Леонид Кожараи 57-сола ҳангоми президентии Виктор Янукович, аз ҷонибдорони наздики Кремлин, ду сол ба ҳайси вазири умури хориҷӣ кор карда буд. Муовини вазири умури дохилии Украина рӯзи 25-уми март дар Фейсбук навишт, Кожара пас аз боздошт ба додгоҳ бурда шуд, то муддати зиндонаш мушаххас шавад. Вай ба куштани Сергей Старитский, масъули яке аз пурбинандатарин телевизионҳои Украина муттаҳам аст. Читать дальше...

Заминларза дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми март заминларза баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистонро такон дод. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса соати 09:44-и субҳ сабт шудааст ва марказаш "дар 220-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 24-километрии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт аст". Мақомот мегӯнд, нирӯи зилзила дар маркази он ба 3-4 дараҷаи Рихтер ва дар Хуҷанд ба 3 дараҷа баробар буд. Заминҷунбиро дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, дар ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд нагирифтанд. Читать дальше...

Шумори мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон ба 80 нафар расид

Ozodi.org 

Шумори умумии онҳое, ки дар Қазоқистон ба коронавирус ё худ бемории COVID-19 мубтало шудаанд, ба 80 нафар расид. Аз ин миён 31 ҳолат дар Алмаато, 41 ҳолат дар Нурсултон, дуҳолатӣ дар Чимкенту Қарағанда ва якҳолатӣ дар вилоятҳои Алмаато, Оқтеппа, Ҷамбил ва Қазоқистони Шимолӣ сабт шудааст. Мақомоти Қазоқистон рӯзи 24-уми март аз нахустини ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар Чимкент хабар дода буданд. Ин мард аз Нурсултон ба Чимкент рафта буд. Ҳоло 16 мусофири автобусе ҷустуҷӯ мешавад, ки рӯзи... Читать дальше...

Равуо ба Бишкек дар асоси санади ҷои зист сурат мегирад

Ozodi.org 

Раҳбари ситоди шаҳри Бишкек Алмосбек Орозалиев гуфт, дар вазъияти фавқулода сокинони пойтахти Қирғизистон, ки қайди расмии будубош надоранд, бояд аз маҳалли зисти воқеияшон маълумотнома бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, дар пойтахти Қирғизистон як қатор чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ шуда, феълан шумори қоидавайронкунандаҳо ба қайд гирифта нашудааст. "Ҳамаи онҳое, ки дар Бишкек қайди расмӣ надоранд, бояд аз маҳалли зисти воқеияшон маълумотнома бигиранд. Ҳамчунин онҳое, ки дар пойтахт кор мекунанд ва дар берун аз он зиндагӣ доранд... Читать дальше...

Дар Узбекистон усули ташхиси вируси коронаро коркард карданд

Ozodi.org 

Олимони узбекистонӣ усули ташхиси ватании вируси коронаро коркард карданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии он кишвар. Барои коркарди ин усул олимон як моҳ кор кардаанд. Ташхиси вируси корона ҳамагӣ 5-6 соатро дар бар мегирад. Вазорати тандурустии он кишвар мегӯяд, усули олимони узбекистонӣ ташхиси фаврӣ набуда, балки ташхиси комил аст, ки танҳо дар озмоишгоҳҳои махсус сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон ба вируси корона дар Узбекистон ба 60 нафар расид.   Мақомоти Узбекистон мегӯянд... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Актера Свиридова госпитализировали из-за инфицирования после операции в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Россиянка покинула WTA-1000 из-за проблем со здоровьем


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

США включили ряд российских блокчейн-платформ в список SDN





Путин в России и мире
Москва

Путин оценил перспективы строительства ВСМ Москва — Санкт-Петербург


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире
Москва

Силовики задержали за сутки пятерых журналистов, часть проходит по делу об «участии в работе ФБК», одного жестоко избили при задержании



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Концерт

Концерт "Crush string quartet "с программой «Мировые рок - хиты»



Москва

Строительство порта в Кеми оценивается в десятки миллиардов рублей

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net