123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 23.03.2020

"Саман" дар Кӯлоб ният дорад, 60 миллион дона тухм тавлид кунад.ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо фаъол шудани корхонаи “Саман” дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он қимати тухми мурғ поин рафт. Сӣ дона тухми ин корхона 21 сомонӣ қимат дорад. Қаблан як қуттӣ тухми мурғро дар инҷо 27 сомонӣ мефурӯхтанд.

Духтарон мехоҳанд, табибу омӯзгор шаванд, на ҳуқуқшинос ё муҳандис. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бар асоси пажӯҳиш, ки Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNICEF, ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид анҷом додааст, 34 дарсади духтарони мактабхон гуфтаанд, табиб шудан мехоҳанд ва 23 фисад омӯзгориро бартарӣ доданд.

Паёмади сел дар Хуросон

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон, садҳо сокини деҳоти Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросонро ба ҷоий амн кӯчонидааст. 21 уми март бархе аз манзилҳои мардуми ин деҳа зери сел монданд ва як нафар ба ҳалокат расид.



Нигарониҳо аз вирус даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон муваққатан "бекор" кард

Ozodi.org 

Бархе аз ширкатҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани коронавирус фаъолиятро маҳдуд карда, кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.  Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва чаҳор фурудгоҳи байналмиллалии кишвар бештаре аз кормандони худро ба рухсатии иҷбории бемузд фиристоданд. Намояндаҳои ин ширкатҳо ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-уми март гуфтанд, ки чунин иқдом баъди он гирифта шуд, ки парвозҳои хориҷӣ ба Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус рӯйи даст гирифта шудааст. Читать дальше...

Чаро духтарони тоҷик фақат табибу омӯзгор шудан мехоҳанд?

Ozodi.org 

Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки табибӣ ва омӯзгорӣ аз касбҳои серхаридор миёни духтарон будааст. Бар асоси пажӯҳиш, 34 дарсади духтарони мактабхон гуфтаанд, табиб шудан мехоҳанд ва 23 фисад омӯзгориро бартарӣ доданд.

Сафири Тоҷикистон: Муҳоҷирони дармонда дар Маскав ба ватан расонда мешаванд.ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба думболи сарсониву саргардонии мусофирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки мақомоти расмӣ масъалаи ташкили парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани онҳоро баррасӣ дорад.



Узбекистон марзаш бо Тоҷикистонро мебандад

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо дар мавриди қатъи муваққатии равуои шаҳрвандони ду кишвар, ҳаракати нақлиёти мусофирбару шахсӣ ба исниснои мошинҳои борбар, сӯҳбат намудаанд.

Дар Кӯлоб тухм арзон шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кӯлоб нархи тухм поин омадааст. Таъсиси корхонаи нави парандапарварӣ дар ин минтақа барои сокинони Кӯлоб имконияти харидории тухмро бо нархи арзонтар аз бозор, фароҳам намудааст.

Профессори амрикоӣ мегӯяд, пеши роҳи коронавирусро метавон гирифт

Ozodi.org 

Як профессори амрикоӣ мегӯяд, роҳҳои монеъ шудан ба густариши бемории КОВИД-19 вуҷуд дорад. Лорен Энсел Мeйерс, профессори омору биология дар Донишгоҳи Остин дар Техас дар сӯҳбат бо Садои Амрико изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ҷаҳон қодир ба кашидани лаҷоми ин беморӣ ҳастанд.

Саркашиши калисои Русия ба намоз бо противогаз омад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Саркашиши калисои ортодокси Русия Андрей Ткачев ба мавъизахонӣ бо ниқоби зидди газ (противогаз) ҳозир шуда, бо ин кораш онҳоеро, ки аз таҳдиди олудашавӣ ба коронавирус ниқоб ба рӯй мегарданд, ба масхара кашид. Дар ин бора рӯзи 23 март  Радио Свобода бо такя ба ТВ “Дождь” хабар дод. Баъди он ки намозгузорон ба ин кори кашиш бо ханда вокуниш карданд, ӯ ба намозхонӣ сар кард. Баъди чанд вақт ӯ ниқоби зидди газро аз рӯяш бадар кард ва телевизиону матбуоти дигарро барои нашри хабар дар бораи паҳншавии коронавирус “оби ифлос” номид. Читать дальше...

Мурофиаи Отамбоев бо сабаби бад шудани саломатиаш ба таъхир уфтод

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Бишкек рӯзи 23 март муҳокимаи парвандаеро, ки яке аз гумонбаронаш собиқ президент Алмосбек Отамбоев аст, ба мӯҳлати дигар гузаронд. Қундуз Ҷолдубоева, яке аз гумонбарон ва собиқ ёвари Отамбоев гуфт, ки қарори ба таъхир гузоштани мурофиаи додгоҳӣ ба бад шудани саломатии собиқ президент рабт дорад. Ҷолдубаева гуфт, “баъд аз зӯҳр фишори хунаш паст шуд. Инро духтури боздоштгоҳи КДАМ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, тасдиқ кард. Мурофиаи баъдӣ 30 март барпо мешавад”. Қаблан вакили дифоъ Замир Ҷоошев... Читать дальше...

Сафари ногаҳонии Майк Помпео ба Кобул

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 23-юми март дар як сафари аз қабл эълоннашуда, ба Афғонистон сафар кард. Вазири умури хориҷии Амрико бо президент Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтугӯ намуд. То ба ҳол ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо эълон нашудааст. Дафтари матбуоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар сафҳаи "Фейсбук" хабар дод, ки ду тараф дар бораи аҳамият ва муваффақияти раванди сулҳ ва зарурати ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, ки аз интихоботи президентӣ сарчашма мегирад, баҳс ва табодули назар карданд. Читать дальше...

Рӯҳонӣ гуфт, барои муқобила бо коронавирус ИМА таҳримҳоро бекор кунад

Ozodi.org 

Эрон бори дигар пешниҳоди ИМА дар заминаи кӯмаки башариро рад кард. Президенти Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, агар Вашингтон дар амри муқобила бо коронавирус мехоҳадк ба Эрон кӯмак кунад, бояд таҳримҳоро бекор кунад. Ӯ гуфт: “Раҳбарони Амрико дурӯғ мегӯянд... Агар онҳо дар фикри кӯмак ба Эрон бошанд, танҳо коре, ки бояд бикунанд, ин бекор кардани таҳримҳо аст... Баъди ин мо бо хуруҷи коронавирус муқовимат карда метавонем”. Рӯҳонӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 23 март дар як изҳороти телевизиониаш баён кард. Читать дальше...

Майк Помпео бо як сафари ногаҳонӣ вориди Кобул шуд

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар талоши суръат бахшидан ба шурӯи иҷрои созиши моҳи гузаштаи сулҳи ИМА ва Толибон дар фазои таҳдиди паҳншавии коронавирус, ногаҳон рӯзи 23 март вориди Кобул шуд. Ӯ қарор аст бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтугӯ кунад.  Баҳси атрофи ин ки чӣ касе барандаи интихоботи президентии тирамоҳи порсол шудаааст, мояи ошуфтагии иловагии сиёсӣ гардид ва ИМА нигарон аст, ки сулҳи бадастомада бо Толибон таҳти хатар қарор мегирад. Читать дальше...

Дар Бишкек мурофиаи додгоҳии собиқ президент Отамбоев шурӯъ мешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 23 март дар Бишкек мурофиаи додгоҳии собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва 13 гумонбари дигар шурӯъ мешавад. Ин нафарон барои муқовимат ба ходимони полис дар соли гузашта дар як ихтилофи сари боздошти Отамбоев дар хонааш гумонбар мешаванд. Додгоҳи ноҳияи Якуми Маи шаҳри Бишкек қарор кард, ки мурофиа дар пушти дарҳои баста мегузарад. Алмосбек Отамбоев дар нақзи чанд моддаи Кодекси Ҷиноии Қирғизистон, аз ҷумла, барои дар соли 2003 аз зиндон озод кардани як раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ гумонбар мешавад. Читать дальше...

Дар интихоботи такрории президентии Абхозистон раҳбари мухолифон баранда шуд

Ozodi.org 

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба натиҷаҳои пешакии интихоботи такрории президентии Абхозистон – минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон навишт, ки раҳбари мухолифон Аслан Бжания барандаи ин сабқат шудааст. Дар нақли қавл аз як узви беноми комиссиюни марказии интихоботи Абхозистон, хабаргузорӣ гуфт, ки дар паи шумориши 56,5 дарсади овозҳо,  Бжания пештози ин сабқати сиёсӣ дониста мешавад.   Дар овоздиҳии рӯзи  22 апрел 71 дарсади овоздиҳандагон иштирок карданд. Интихобот дар сурати ширкати беш аз 50 дарсади ширкатдорон баргузоршуда маҳсуб меёбад. Читать дальше...

Ҷилавгирӣ аз коронавирус меҳвари гуфтугӯи Қоҳир Расулзода бо сарвазири Узбекистон

Ozodi.org 

Нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои узбекистониаш гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тамоси телефонӣ миёни Қоҳир Расулозода ва Абдулло Орипов рӯзи 22-юми март бо ташаббуси ҷониби Узбекистон сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо, ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва "таъмини амният ва саломатии ҷомеа" будааст. Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки ҷонибҳо дар мавриди қатъи муваққатии равуои шаҳрвандони ду кишвар, ҳаракати... Читать дальше...


Музыкальные новости
Александр Розенбаум

«Посмотрите на этих губастых»: Розенбаум разгромил любителей пластики





Персональные новости
Концерт

Концерт "Настроение - весна!"





Эҳтимоли ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ-2020

Ozodi.org 

Як рӯз пас аз он, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълон кард, ки бинобар паҳншавии бемории корона дар саросари ҷаҳон, масъалаи баргузор шудан ё нашудани Бозиҳои олимпӣ дар Токиоро баррасӣ мекунад, нахуствазири Ҷопон эҳтимоли ба таъхир андохтани ин мусобиқотро матраҳ кард. Рӯзи 22-юми март дар ҷараёни нишасти ҳайати иҷроии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ин ниҳод эълон кард, то чаҳор ҳафтаи дигар дар мавриди ин, ки Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио - пойтахти Ҷопон доир шавад ё на, тасмим хоҳад гирифт. Читать дальше...

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон худро карантин кард

Ozodi.org 

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон бинобар тамос бо табибе, ки озмоиши коронаи ӯ мусбат эълом шудааст, худро дар хона карантин кард. Тибқи иттилои расонаҳои Олмон, як табиб, ки рӯзи 21-уми март хонум Меркелро муоина карда буд, ба коронавирус мубтало будааст. Пас аз нишасти хабарии нахуствазири Олмон дар рӯзи якшанбе, ин мавзӯъ ба хонум иттилоъ дода шуд ва ӯ худро дар хона карантин кард ва қарор шуд, ки аз ӯ озмоиши корона гирифта шавад. Нахуствазири Олмон дар нишасти матбуотиаш тасмимҳои наверо... Читать дальше...

Дар Осиёи Миёна шумораи гирифторони корона меафзояд

Ozodi.org 

То 22-юми март бештари шумори гирифторони вируси корона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон сабт шудааст. Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, 60 ҳолати гирифторӣ дар ин кишвар сабт шудааст, ки 31 ҳолат ба шаҳри Нурсултон, 25 ҳолат ба Алмато, ду ҳолат ба Қарағанда ва 1 ҳолат ба вилояти Алмато рост меояд. Як ҳолати дигар дар вилояти Оқтеппа сабт шудааст. "Дар Узбекистон шумори гирифторон ба 41 расид", хабар медиҳад вазорати тандурустии он кишвар. Чаҳор ҳолати нави гирифторӣ миёни касоне сабт шудааст, ки дар карантин ҳастанд. Читать дальше...

Нодида гирифтани хатари корона: Дар Узбекистон баргузории тӯйҳо идома доранд

Ozodi.org 

Сарфи назар аз паҳншавии вируси корона ҳукумати Узбекистон баргузории туйҳоро манъ накардааст. Аммо бархе аз сокинони Узбекистон бино бар эҳтимоли манъшавии маъракаҳо, туйҳои дар моҳи апрел тарҳрезишудаашонро дар моҳи март баргузор мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тарабхонаҳо барои баргузории маъракаҳо дар моҳи оянда ҳам фармоиш мегиранд. Як сокини шаҳри Тошканди Узбекистон гуфт, вай маҷбур шуд, ки бо дархости тарабхона санаи туйи писарашро аз 1 апрел ба 31 март иваз кунад. "Соҳиби тарабхона гуфт... Читать дальше...

Қирғизистон гуфт, таҳсили донишомӯзонро дар тобистон дароз намекунад

Ozodi.org 

Муовини вазири маорифи Қирғизистон Нурлан Омуров 21-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, таҳсили хонандагону донишҷӯён ба далели таътили ғайриинтизор дар пайи ошкор шудани коронавирус дар тобистон дароз нахоҳад шуд, зеро низоми таҳсили фосилавиро ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир вазорат нақшаи чораҳои фавриро таҳия дорад ва бо назардошти вазъ эҳтимол аст, карантин тамдид шавад. "Вазифаи мо фаро гирифтани ҳамаи донишомӯзон ба дарсҳои фосилавӣ аст. Новобаста аз он ки дастрасӣ ба интернет доранд, ё не. Читать дальше...

3 фаъоли мадании қазоқ барои нақзи ҳолати фавқулодда ҳабс шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Оқтеппа 21-уми март се фаъоли маданӣ Алибек Молдин, Асилхан Жаубатиров ва Айтжан Темиргазиевро барои нақзи "вазъи фавқулода" 10-рӯзӣ ҳабс кард. Ду фаъоли мадании дигар Карагоз Башигулов ва Аклим Туксиков 26 510-тангаӣ (ҳудуди 59 - долларӣ) ҷарима шуданд. "Ин шаҳрвандон бар асоси банди "Нақзи вазъи фавқулода" айбдор дониста шуданд. Онҳо 18-уми март дар назди додгоҳи Оқтеппа тазоҳурот баргузор ва вазъеро вайрон карданд, ки бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз 15 марти соли равон ҷорӣ шуда буд"... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудник ОМОН «Крепость» стал бронзовым призером на соревнованиях Центрального округа Росгвардии по боксу


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Результативность, вовлечённость, трудоголизм — где грань? Книга от автора российской модели факторов вовлечённости персонала.





Путин в России и мире
Москва

МИД РФ иронично прокомментировал высказывание Шольца о Путине и Канте


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

VII Всебелорусское народное собрание: основные заявления Александра Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Патриарх Кирилл запретил в служении священника, проводившего панихиду по Алексею Навальному



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Арутюнов

Финалист шоу “Голос” Сергей АРУТЮНОВ прямо при выезде со своего сольного концерта в Кремле cлучайно сбил девушку. А ей оказалась солистка группы Демо.



Москва

Производственный комплекс построят на севере Москвы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net