Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 03.03.2020

Машварати худдории муваққатӣ аз намозгузорӣ дар масҷид ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус

Ozodi.org 

Дар се масҷиди шаҳри шаҳри Душанбе рӯзи 3 март ба  намозгузорон эълон кардаанд, ки муваққатан аз намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ кунанд. Чунин машварат ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани коронавирус карда шудааст. Шоми сешанбе намозгузорон аз се масҷиди пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин эълонро аз забони домуллоҳо шунидаанд. Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии  ноҳияи Шоҳмансур гуфт, имрӯз ба намозгузорон  эълон карданд, ки муваққатан аз омадан ба масҷид ва хондани намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ намоянд. Читать дальше...

Сабаби марги раҳбари ҳамлаварон дар Данғараро ба модараш гуфтаанд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ ба модари Ҳусейн Абдусамадов, тарҳрези ҳамлаи хунин ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи аз кор мондани гурдаҳояш ҳалок шудааст. Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон рӯзи 2-уми март дар як зиндони Душанбе вафот кардааст.



Сергей Лавров ба Финландия сафар кард

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 3 март бо як сафари расмӣ ба  Финландия рафт. Вай бо ҳамтои финландии худ Пекка Ҳаависто ва президент Солӣ Ниинисто дар бораи паҳн шудани вируси нав ва кашмакашҳо дар Сурия гуфтугӯ кард. Хабаргузории давлатӣ ”ТАСС “гузориш дод, ки вай бо Ҳаависто гуфтугӯи батафсил ва бо Ниинистон вохӯрии ҷудогона хоҳад дошт. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, вазирон дар бораи масъалаҳои муҳими  ҳамкориҳои дутарафа , минтақавӣ ва масъалаҳои байналмиллалӣ баҳс хоҳанд кард. Читать дальше...

Қарори манъи вуруди хориҷиён ба Тоҷикистон беэътибор шуд

Ozodi.org 

Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки "қарори манъи парвозҳо ва вуруди шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон имрӯз бекор карда шуд".  Набизода дар шарҳи тасмими бекор шудани монеаи сафар ба хориҷиҳо гуфт,  "мутахассисон ба натиҷае расиданд, ки ба ҷуз аз панҷ кишвари ҷаҳон дар кишварҳои дигар теъдоди гирифторони бемории короновирус ангуштшуморанд ва ниёз ба манъи вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои дигар боқӣ намондааст. Феълан парвозҳо ва вуруди мусофирон аз 5 кишвар... Читать дальше...

Исми Далер Шарифов дар феҳристи "10 таҳдиди фаврӣ ба озодии матбуот"

Ozodi.org 

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Time" бо такя ба Эътилофи ягонаи матбуоти озод (The One Free Press Coalition) - гурӯҳи муҳаррирони маъруфи матбуотӣ дар моҳи март исми Далер Шарифовро ба феҳристи журналистони рӯбарӯ бо таҳдид ворид кардааст. Ин феҳрист бо номи рамзии "10 таҳдид ба озодии матбуот" ҳар моҳ исми даҳ нафареро дар саросари ҷаҳон нашр мекунад, ки барои фаъолиятҳои касбиашон дар роҳи мубориза барои озодии баён ва ҳуқуқи инсон бо таҳдид рӯбарӯ ҳастанд ваё зиндонӣ шудаанд. Дар садри феҳристи моҳи март Чен Куишӣ... Читать дальше...



Дар "Евровидение" Русияро гурӯҳи Little Big муаррифӣ мекунад

Ozodi.org 

Гуруҳи Little Big дар озмуни мусиқии "Евровидение" дар соли 2020 аз Русия намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Шабакаи аввали Русия хабар дод. Суруде, ки ин гуруҳ дар озмун иҷро хоҳад кард, дертар муаррифӣ мешавад. Гуруҳи мазкур бо оҳангҳои танзомезаш машҳур аст, ки намоҳанги Skibidi намунае аз онҳост. Ин намоҳанг дар Youtube 360 миллион бор дида шудааст. "Евровидение" - озмуни машҳури телевизионӣ аст, ки соли 1956 ба ин тараф баргузор мешавад. Русия дар ин озмун соли 2008 ғолиб омада буд. Соли... Читать дальше...

Гулнора Каримова ба чеҳраи маъруфи рус расми дуздишударо тақдим кардааст

Ozodi.org 

Идораи осорхонаҳои Вазорати фарҳанги Узбекистон таҳқиқи дуздида шудани расми "Ҷуворимакка ғавғо мекунад"-ро аз осорхонаи вилоятии Фарғона оғоз кард. Ин расмро Ҳунарманди мардумии Узбекистон Александр Волков соли 1932 кашида буд. Як гуруҳи ҳунармандони узбек миёнаҳои моҳи феврали соли равон ба вазири нави фарҳанги Узбекистон Озодбек Назарбеков муроҷиат карда, изҳори нигаронӣ кардаанд, ки расми "Ҷуворимакка ғавғо мекунад" дар музоядае дар Лондон ба фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи ҳунармандон,... Читать дальше...

Комиссияи СММ: Русия дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сурия даст дорад

Ozodi.org 

Комиссияи мустақили СММ, ки ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сурияро пажуҳиш мекунад, маълумотеро пайдо кард, ки шаҳодат медиҳад, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия даҳҳо сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар додааст. Ба иттилои нашрия, коршиносони СММ бори аввал мустақиман даст доштани низомиёни Русияро дар ҷиноятҳои ҷангӣ собит карданд. Дар гузориши СММ, ки ба ҳаводиси нимаи дувуми соли 2019 бахшида шудааст, дар бораи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба бозоре дар шаҳри Мааррат-ан-Нуумон хабар медиҳад... Читать дальше...

Дар Самарқанд 2 мард барои дар кӯча тани урён гаштан 15 рӯз ҳабс шуданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мардоне, ки бо тани урён ба кӯча баромада буданд, аз 10 то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд. Бар асоси қарори додгоҳи Самарқанд аз 2-юми март, шаҳрвандон Ж.Н. ва У.Т. бар асоси банди "Майдаавбошӣ"-и Кодекси маъмурии Узбекистон 15 рӯз ва шаҳрванд Х.Д. 10 рӯз ҳабс шудаанд. Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 29-уми феврал, тахминан соатҳои 23:00-и шаб ду мард дар чорроҳаи кӯчаҳои Туркистон ва Амир Темури Самарқанд урён мегаштанд. Онҳоро марде дар мошин ҳамроҳӣ мекард. Дертар маълум шуд... Читать дальше...

Узбекистон парвозҳо ба Афғонистон, Эрон ва Италияро манъ кард

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди вируси корона ба кишвар ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон, Эрон ва Италияро расман огаҳ кард, ки сар аз 1-уми марти соли ҷорӣ равуои ҳавоиро бо кишварҳои мазкур муваққатан қатъ мекунад. Ба шаҳрвандони Узбекистон тавсия шудааст, ки то беҳбуди вазъ аз сафар ба Афғонистон, Эрон ва Италия худдорӣ варзанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ёдовар шудааст, дар сурати зарурат шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ ҳастанд, метавонанд, ба намояндагиҳои дипломатии Узбекистон муроҷиат кунанд. Читать дальше...

Нахуствазири Булғористон Брюсселро ба "напардохтани" ҳаққи Туркия муттаҳам кард

Ozodi.org 

Нахуствазири Булғористон Бойко Борисов рӯзи 2 март, баъди афзоиши танишҳо дар Сурия,  ба интиқодҳои президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамроҳ шуда, дар шикасти созиши муҳоҷирати соли 2016 Иттиҳоди Аврупоро гунаҳгор кард. Ин ду раҳбар дар Анкара баъди баррасии тасмими Туркия оид ба боз кардани сарҳади Иттиҳоди Аврупо ба рӯи  муҳоҷирон бо  журналистон сӯҳбат карданд. Эрдуғон аз тасмими ба гуфтааш, “боз кардани дарвозаҳо” ба рӯи муҳоҷирон ҳимоят кард ва Иттиҳоди Аврупоро гунаҳгор кард, ки аз ироаи... Читать дальше...

Қазоқистон бо назардошти коронавирус ҷашнвораи 8 мартро бекор кард

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев маъракаҳои идонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон бо сабаби пешгирӣ аз коронавирус бекор кард. Тоқаев гуфт: "Ман қарор кардам, ки ҷаласаи идона ва консерт дар [шаҳри] Нурсултон баргузор нашаванд. Ин кор бо сабаби паҳншавии коронавирус дар саросари ҷаҳон сурат мегирад. Ба ҳамаи занҳо саломатии олӣ ва хушбахтӣ орзу мекунам", навиштааст Тоқаев дар шабакаи Twitter. Раҳбари пешинаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳар сол ба муносибати Рӯзи байналмилалии... Читать дальше...


Музыкальные новости
Кристина Орбакайте

Даже бесплатно, лишь бы в Кремле: Mash сообщил о готовности Орбакайте спеть в Москве





Персональные новости
Владимир Путин

Валентин Коновалов Хакасии примет участие в церемонии инаугурации Владимира Путина





Толибон мегӯянд, ба нерӯҳои афғон ҳамла мекунанд, ба хориҷҳо на

Ozodi.org 

Дувуми март ду рӯз пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Амрико, ки ҳадафи он хатми ҷанги 19-сола дар Афғонистон аст, Толибон эълон карданд, ки ба оташбаси нисбӣ дар Афғонистонро хотима мебахшанд. Ин хабар дар пайи таркиши бомба дар канори як варзишгоҳ интишор шуд. Мақомоти вилояти шарқии Хусти Афғонистон мегӯянд, ки дар ин таркиш 3 кас кушта шуданд. То ҳол касе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст. Толибон мегӯянд, ба силоҳбадастонашон дастур додаанд, ки сар аз 2-юми уми март амалиёт бар зидди артиши афғонро идома диҳанд. Читать дальше...

Порлумони Тоҷикистон 17-уми март раиси нав интихоб мекунад

Ozodi.org 

Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даъвати шашум, рӯзи сешанбеи 17-уми март баргузор мешавад. Дар ин бора фармони президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми март содир шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, иҷлосия соати 10 дар бинои порлумон баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин иҷлосия раиси порлумон ва муовинони ӯ интихоб шаванд. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Бар асоси натиҷаҳои аввал, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 47 курсиро... Читать дальше...

Ҳабиб Нурмуҳаммадов шарти муҳориба бо Майвезерро гуфт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори доғистонӣ гуфтааст, барои муҳориба бо муштзани шинохта Флойд Мейвезер зид нест, агар рақобат ҳам бо усули бокс ва ҳам муҳорибаи бидуни қоида ё худ ММА сурат гирад

Имкони бе тамошобин баргузор шудани Олимпиада-2020 дар Токио

Ozodi.org 

Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Ҷопон ба иллати коронавирус метавонанд бе тамошобин баргузор шаванд. Дар ин бора Daily Mail хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, пешниҳоде баррасӣ мегардад, ки дар он Олимпиадаи Токио танҳо тавассути телевизион намоиш дода шавад. Ин тасмим метавонад қарордодҳои телевизионии бисёрмиллиондоллариро қонеъ кунад ва ҳамчун алтернатива барои бекор кардани ҳодиса ё интиқоли он ба ҷои дигар баррасӣ шавад. Ҷопон, ки барои омодагӣ ба Бозиҳо наздики 12 миллиард доллар сармоягузорӣ намудааст... Читать дальше...

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст, қимати нерӯи барқро боло барад

Ozodi.org 

Бонки Ҷаҳонӣ бо тасдиқи барномаи кӯмаки 134-миллиондолларӣ барои устувории "Барқи тоҷик" гуфтааст, нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистонро бояд боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд.

Рақибони муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ маълум шуданд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки имрӯз, 3-юми март, дар пойтахти Урдун – Аммон - шуруъ шуда, то 11-уми март идома меёбад, ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар дохил аст. Ҳашт нафар дар рақобатҳо миёни мардон ва чаҳор нафар дар сабқати занон ширкат меварзанд. Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал дар сабқати мардон имрӯз, 3-юми март, Мирзомуҳаммади Бахтиёр дар вазни то 75 кило бо Ҷинҷеа Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, 4-уми... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

К.ВАЛИЕВА, 23 КИТАЙЦА, WADA помогают раскрыть сеть секретных преступных отделов. Дело Скрипалей можно дополнить с пользой.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

WTA огорчила Елену Рыбакину после турнира в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Для лесопожарных станций Подмосковья закуплены три новых грузовика





Путин в России и мире
Москва

Владимир Путин принёс присягу и вступил в должность президента России


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья Шмидт попросил защиты у Лукашенко и политического убежища в Белоруссии




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Жанна Агузарова

Жанна Агузарова начала петь в подземных переходах



Москва

В Одинцовском округе пройдет динамический показ возможностей бронетехники

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net