Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 22.03.2020

Вирус сабаб шуд, Узбекистон марзҳояш бо Тоҷикистонро бандад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки ҳукумати Узбекистон аз рӯзи 23-уми март марзҳояш бо Тоҷикистонро мебандад. Вазорат бо ирсоли паёмак ба шаҳрвандон гуфтааст, ки “ба сабаби паҳн шудани коронавирус Узбекистон аз соати 6 субҳи рӯзи 23-уми март сарҳадаш бо Тоҷикистонро мебандад.”

Муроҷиати гурӯҳе аз мусофирони дармондаи тоҷик дар Туркия

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз муҳоҷирони дар фурудгоҳи Истанбул дармондаи тоҷик аз мақомот мехоҳанд, онро ба кишвар баргардонанд. Онҳо мегӯянд, бештар аз 100 нафар аз рӯзи 20-уми март мунтазиранд, ки ба хона баргарданд, вале посухи возеҳе намегиранд.



Муроҷиати муҳоҷири дармонда дар Маскав ба ҳукумат

Ozodi.org 

Бо манъи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон, садҳо нафар дар фурудгоҳҳо дармондаанд ва мехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳукумат 20-уми март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус парвозҳо ба Тоҷикистонро манъ кард. Ин видеоро муҳоҷире аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав фиристод ва чунин нақл кард.

Коронавирус 13 ҳазор танро кушт. Дар Ботканди ҳаммарз бо Суғд ҳам пайдо шудааст

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониёни коронавирус аз 13 000 нафар гузашт ва садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон маҷбур, рӯзҳои таътилро дар хона сипарӣ карданд. Баъд аз Чин ҳоло Аврупо яке аз марказҳои аслии густариши вируси наве шудааст, ки бемории Ковид-19 бармеангезад.

Коронавирус дар Қирғизистон: Тоҷикони муқими ин кишвар чӣ ҳол доранд?

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон 14 ҳолати олуда шудани сокинон ба коронавирус тасдиқ гашта, наздики 3200 нафаре, ки бо ин афрод дар тамос будаанд, зери карантин қарор гирифтанд. Шӯрои амнияти ин кишвар рӯзи 22-уми март пешниҳод кард, ки дар мамлакат вазъи фавқуллода ҷорӣ гардад. Дар ҳамин ҳол ҷамъияти тоҷикони ин кишвар бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад ва ҳоло ба шароити наве, ки коронавирус эҷод кардааст, мутобиқ мешаванд. Карантин барои ҳама Абахон Султонназаров, мудири минтақавии IWPR (Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ) ва шаҳрванди Тоҷикистон... Читать дальше...

Дар майдони холӣ ва ё бо мухлисон? Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 5-уми апрел оғоз мешавад

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо ширкати даҳ даста рӯзи 5-уми апрел шуруъ мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд.



"Сомон Эйр" қисме аз мусофирони дармондаро аз Маскав меорад

Ozodi.org 

Ширкати «Сомон Эйр» эълон кард, ки шоми имрӯз парвози махсусеро аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав анҷом медиҳад, вале аз Душанбе фақат шаҳрвандони Русияро ба ватанашон мебарад. Ширкат рӯзи 22-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт: “Аз шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки билетҳои ширкати “Сомон Эйр”- ро харидаанд ба Душанбе интиқол медиҳад.” Парвоз аз Душанбе соати 16 ва аз Маскав соати 19:30 сурат мегирад. Ширкати мазкур аз рӯзи 20-уми март бо дастури Агентии... Читать дальше...

Миср дари масҷиду калисоҳоро барои ду ҳафта баст

Ozodi.org 

Мақомоти Миср дастур додаанд, барои пешгирӣ аз густариши вируси нав тамоми масҷид ва калисоҳо дар кишвар муваққатан баста шаванд. Вазорати умури динӣ, ки назорати бештар аз 100 ҳазор масҷид масъулияти он аст, рӯзи 21-уми март бо нашри баёнияе гуфт, ки “қарор шуд, тамоми масҷидҳо” барои ду ҳафта баста шаванд. Калисои масеҳиёни қибтӣ ҳам бо нашри изҳороте амр дод, ки тамоми калисоҳо то ду ҳафта баста бимонанд ва ибодатҳои дастаҷамъӣ баргузор нашаванд. Тақрибан 10 дар сади аҳолии 100 миллион нафарии Миср насронӣ ҳастанд. Читать дальше...

Хоманаӣ гуфт, Амрико на ба мо, балки ба мардуми худаш кӯмак кунад

Ozodi.org 

Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, ки теъдоди қурбониён аз бемории Ковид-19 ба 1685 нафар расидааст. Вазорати беҳдошт дар рӯзи 22-уми март эълон кард, ки дар 24 соати гузашта бемори ҷони 129 нафарро гирифтааст. Шумораи мубталоён ба бемории нав аз 21 600 нафар ҳам гузаштааст. Эрон пас аз Чину Итолиё саввумин кишвар дар ҷаҳон аст, ки теъдоди бештарини гирифторону ҳалокшудагонро дорад. Бо онки шифохонаҳои кишвар зери фишори афзоянда мондаанд, мақомот аз мардуми Эрон хостанд, Наврӯзро мисли солҳои пешин ҷашн нагиранд ва дар хона бимонанд. Читать дальше...

Аврупо ба зидди коронавирус тадбирҳои нав меандешад

Ozodi.org 

Ҳукуматҳои кишварҳои соҳили Балкан ва дар ҷанубушарқи Аврупо барои монеъ шудан ба густариши коронавирус тадбирҳои иловагӣ меандешанд. Ҳукумати Македонияи шимолӣ аз рӯзи 22-уми март дар кишвар аз соати 9 шом то 6 субҳ қуюди шабгардӣ эълон кард. Сербистон соатҳои қуюди шабгардиро се соат тамдид кард ва акнун мардум ҳақ надоранд, аз соати 5 шом то 5 субҳ аз хона берун оянд. Дар Руминия ба мардум амр доданд, ки аз соати 10 шаб то 6 субҳ дар хона бимонанд ва берун наоянд. Кишварҳо дар саросари ҷаҳон... Читать дальше...

Вакилони Амрико ба қабули барномаи наҷот наздик шудаанд

Ozodi.org 

Вакилони баландпояи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Сенати Амрико мегӯянд, вакилони конгресс ба қабули барномаи як триллиондолларии кӯмак ба иқтисоди осебдида аз коронавирус наздик шудаанд. Митч Макконел, раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон баъди ду рӯзи музокироти фаврӣ дар бораи барнома субҳи 22-уми март гуфт, “Мо барои ёрии чашмгир ба амрикоиҳо.. омода шудаем.” Ӯ афзуд, ки дар гуфтугӯҳои намояндагони ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократ созиш тақрибан ҳосил шудааст. Азбаски Ҳизби ҷумҳурихоҳ, палатаи болоӣ, яъне сенатро дар даст дорад... Читать дальше...

Мусофирони таҳти карантинро аз ҷойи "хунуку чиркин" ба осоишгоҳу шифохона бурданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъди шикояти даҳҳо нафар аз шароити номуносиби карантин дар яке аз осоишгоҳҳои Варзоб, мақомоти расмӣ онҳоро ба осоишгоҳи дигар ва шифохонае ба Душанбе интиқол додаанд.

Вазорат гуфт, ду фирорӣ аз карантинро барои муоина баргардонд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ду мусофири ҳавопаймои Истанбул-Душанберо, ки бар хилофи муқаррарот, аз карантин гурехтаанд, ба маҳалли муоинаи ҳатмӣ баргардонидааст. Вазорат рӯзи 22-уми март дар вебсайти расмиаш хабар дод, ду мусофири ҳавопаймо, ки рӯзи 19 март “то расидан ба маҳали карантин аз автобуси махсус фирор карда буданд,  саривақт маълум карда шуда, ба маҳали карантинӣ баргардонида шуданд.” Вазорат ному насаби ин афродро эълон накардааст, вале гуфтааст, тамоми онҳое, ки аз кишварҳои... Читать дальше...

Сел дар Хуросон як нафарро ҳалок кардааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 21-уми март рух дод. Борони зиёд боиси омадани сел ба ҷамоати Садриддин Айнӣ шуда ва ба хонаву киштзорҳои мардум зиён расонидааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 21-уми март рух дод. Борони... Читать дальше...

Сел дар Хуросон ба хонаҳои мардум зарар расонд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 21-уми март рух дод. Борони зиёд боиси омадани сел ба ҷамоати Садриддин Айнӣ шудааст.

Вирус тоҷикони Амрикоро хонашин, аммо ҷӯянда кард

Ozodi.org 

Аҳлиддин Салимов, рӯзноманигор, муқими шаҳри Ню-Йорк Тасаввур кунед дар шаҳре зиндагӣ мекунед, ки сари ҳар қадам эълони ҷойи кор дар деворҳои корхонаҳо насб карда шудааст. Ҳама дар такопӯ ва машғули корравӣ ва серҳаракатанд. Баъзан шаб ва рӯзи шаҳри Ню-Йорк аз ҳам “фарқ” намекунанд, барои он ки ҳама ҷо пури одам ва мардум ба кор машғуланд. Ню-Йоркро уқёнуси имкониятҳо ном мебаранд, ки як нафари навомада метавонад дар он ғарқ шавад. Имкон даст медиҳад, шахс дар ду ҳафта кори муносибтаре барои худ пайдо кунад ва аз пайи рӯзии худ гардад. Читать дальше...

Видеои куштии асосии наврӯзӣ: аз худдории Қувватовҳо то шикасти Шайхову мошингирии Раҳимов

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Телевизиони “Варзиш” навори сабқатҳои асосии куштии наврӯзӣ барои Ҷоми пойтахтро нашр кард. Дар куштии наврӯзии имсола дар вазни сабук бародарон Қувватовҳо аз сабқат байни ҳам худдорӣ карданду дар вазни мутлақ Раҳимов шоҳҷоиза гирифт

Спорт в России и мире
Москва

«Спартак» лидирует по очкам с командами из первой половины РПЛ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Медведев остался лучшим среди россиян в обновлённом рейтинге ATP, Рублёв — восьмой


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Москвичам назвали пять мест, где можно полюбоваться цветущей сакурой





Путин в России и мире
Москва

Транспортный коридор «Север-Юг» станет катализатором социального и экономического развития стран Евразии и глобального Юга


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко рассказал о планах расширения НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Игорь Бутман

Квинтет Игоря Бутмана и певица Фантине впервые выступят на джазовом фестивале в Бахрейне



Москва

Элитный Mercedes врезался в столб в центре Москвы: видео

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net