Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Италия бинобар коронавирус ба таври комил карантин шуд

0
Италия бинобар коронавирус ба таври комил карантин шуд

Нахуствазири Италия барои пешгирӣ аз коронавирус дар саросари ин кишвар маҳдудиятҳои сахти рафту омад ҷорӣ кард. Аз сокинон хоста шудааст, ки бидуни зарурат аз хонаҳояшон берун нараванд.  Баъди Чин, ки нахустин макони пайдошавии вирус мебошад, Италия дуюмин маконе бо теъдоди зиёди марги инсонҳо бар асари коронавирус, ба шумор меравад.​

Ҷузеппе Конте, нахуствазири Италия рӯзи душанбеи 9-уми март фармоне содир кард, ки рафтуомадҳои ғайризарурӣ ба хориҷ аз маҳалли зиндагии шаҳрвандонро маҳдуд ё мамнӯъ мекунанд. Оқои Конте аз шаҳрвандони кишвараш хостааст дар хона бимонанд. Ҷамъомадҳои умумӣ ва мусобиқаҳои футбол низ лағв шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Италия 9 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд ва 463 тани дигар то рӯзи душанбеи 9-уми март ҷон бохтанд. Дар ҳоли ҳозир сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ дар Италия рӯ ба афзоиш аст.

Мақомҳои Италия қаблан шимоли ин кишварро дар карантин қарор дода буданд. Ин карантин шомили минтақаҳои сарватманд, аз ҷумла маркази молии Италия -- шаҳри Милан низ мешуд. Аммо чанд соат баъд маҳдудиятҳоро ба саросари кишвар густариш доданд.

 

Маҳдудиятҳо қарор аст то рӯзи севуми апрел идома ёбанд. Фармони нахуствазир дар айни ҳол ба ин маънӣ аст, ки марказҳои омӯзишӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳо, ки қарор буд то 15-уми март таътил бошанд, низ то севуми апрел баста хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар Мадрид -- пойтахти Испания ва минтақаҳои атрофи он ҳамаи мактабҳо баста шуданд. Мавридҳои гирифторӣ дар бархе аз кишварҳои арабӣ, ки бо Испания ва Италия наздик ҳастанд, тайи рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Мақомот дар Эрон тахминан 70 ҳазор нафарро бо сабаби дар ин кишвар хуруҷ кардани коронавирус аз зиндонҳо озод карданд. Иброҳим Раисӣ, раҳбари дастгоҳи адлияи ин кишвар гузориш дод, ки ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар 24 соати ахир 43 нафари дигар бар асари ин вирус ҷон доданд.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст, аммо мақомот ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ, бархе маросимҳо, аз ҷумла адои намоз дар масҷидҳоро муваққатан манъ карданд ва барномаҳои наврӯзиро лағв намуданд.

Дар ҳоле, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар Чин ва Кореяи Ҷанубӣ рӯ ба коҳиш аст, тайи рӯзҳои гузашта мавридҳои гирифторӣ ба ин вирус дар Аврупо афзоиш ёфтааст. 

Ба сурати умум, вируси корона, ки бори аввал охири соли гузашта дар Чин ташхис шуд, дар камаш 106 кишвар доман паҳн карда, беш аз 4 ҳазор нафарро ба ҳалокат расонидааст. Тибқи омори расмӣ, то кунун дар ҷаҳон зиёда аз 113 ҳазор нафар гирифтори ин вирус мебошанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: В дома и соцобъекты Москвы будет возобновлена подача тепла


Спорт в России и мире
Москва

Полина Гагарина — про уход на пенсию и особые способности Сергея Лазарева


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ига Свёнтек

«Ну и кто сказал, что женский теннис — это скучно?» Свёнтек — после матча с Соболенко


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Лесной северный олень Прохор переехал в Керженский заповедник из зоопарка





Путин в России и мире
Москва

В городах России выступят летом юные вокалистки из Приамурья


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья Шмидт попросил защиты у Лукашенко и политического убежища в Белоруссии




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

Каков скандал. Катя Гордон режет правду матку про Анастасию Волочкову



Москва

Bloomberg: ЕС введёт санкции против РИА Новости, "Известий" и других СМИ

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net