Духтари 12-сола дар Қазоқистон ба коронавирус мубтало шуд
Як духтари 12-сола дар Қазоқистон ба коронавирус гирифтор шудааст. Диас Аҳмадшариф, намояндаи Вазорати тандурустии Қазоқистон, рӯзи 15-уми март гуфт, "духтар аз Олмон баргашт". Ба ин тартиб, шумораи гирифторон ба вируси хатарноки КОВИД-19 дар Қазоқистон ба 9 нафар расид. Рӯзи 16-уми март дар ин кишвари Осиёи Марказӣ вазъи фавқулода ҷорӣ мешавад ва то 15-уми апрел идома хоҳад кард.
Дар ин бора бештар бихонед:
Қазоқистон дар робита ба коронавирус вазъи фавқулода эълон кард