Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Оташи олимпӣ аз Юнон ба Ҷопон расид

0
Оташи олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз Юнон ба префектураи шимолии шарқии Мияги, ба пойгоҳи Матсушимаи нерӯҳои ҳарбии ҳавоии худдифои Ҷопон расонида шуд. Дар ин бора шабакаи NHK хабар додааст.


Субҳи рӯзи ҷумъа оташи олимпӣ аз Афина ба префектураи Мияги дар ҷазираи Хоншу расонида шуд. Рамзи Бозиҳои олимпиро қаҳрамони секаратаи олимпӣ оид ба ҷудо Тадаҳиро Номура ва қаҳрамони секаратаи олимпӣ оид ба гуштии озод Саори Йошида пешвоз гирифтанд.


Оташ дар се префектураи кишвар - Мияги, Иватэ ва Фукусима намоиш дода мешавад. Эстафета 26-уми март дар Фукусима оғоз меёбад.


Маросими афрухтани оташи олимпӣ 12-уми март дар Юнон баргузор шуд. 19-уми март дар варзишгоҳи "Панатинаикос" маросими супурдани оташи олимпӣ ба кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио доир гардид. Бар асари пандемияи коронавирус чорабинӣ ба таври пӯшида сурат гирифт.


Тақдири Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар робита бо паҳншавии коронавирус дар ҷаласаи кумитаи тадорукот моҳи майи соли равон ҳал хоҳад шуд. Ҳаруюки Такахаши, узви кумитаи тадорукот, эҳтимоли ба муҳлати як ё ду сол мавқуф гузоштани Бозиҳоро баён кард, вале дар ин ҳолат талафоти ҷиддии молиявиро ба ёд овард.


Дар ҳамин ҳол Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) тамоми талошҳоро мекунад, то Олимпиадаи соли 2020 дар Токио дар санаи қаблан тасдиқшуда, аз 24-уми июл то 9-уми август, баргузор карда шавад.


Чунин аст натиҷаи мусоҳибаҳои видеоӣ бо роҳбарияти федератсияҳои намудҳои тобистонаи варзиш ва кумитаҳои миллии олимпӣ. Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо федератсияҳои байналмилалии варзишӣ машваратҳо доир намуд ва 17-уми март баёнияи расмӣ нашр кард.


Дар баёнияи IOC омадааст, Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешаванд, новобаста ба он ки бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ барҳам ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.


"Вазъият дар мавриди вируси COVID-19 ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио низ таъсир мерасонад ва ҳамарӯза тағйир меёбад. IOC то ҳоло комилан омодааст Бозиҳои олимпиро дар Токио дар соли 2020 гузаронад. Бо назардошти он ки қабл аз бозиҳо беш аз чаҳор моҳ мондааст, зарурати қабули ҳама гуна тасмимҳои радикалӣ дар ин марҳила ва ҳар гуна тахминҳо дар айни замон баръакс хоҳад буд",-омадааст дар баёнияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ.


IOC ҳамаи варзишгаронро даъват кардааст, ки омодагиро ба Бозиҳои олимпӣ идома диҳанд. Дар умум, аз 11000 варзишгаре, ки бояд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд, 57 дар садаш маълум гардидааст. IOC дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байналмилалӣ барои интихоби 43 дар сади боқимонда талош мекунанд.


Дар ин робита IOC гурӯҳи махсусро ташкил кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба системаи интихобӣ аз номи Кумитаи иҷроияи IOC қарори фаврӣ қабул кунад.


"Саломатӣ ва беҳбудии ҳамаи онҳое, ки дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио иштирок мекунанд, нигаронии мост. Тамоми чораҳо барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои варзишгарон, мураббиён ва тимҳои миллӣ андешида шудаанд. Мо ҷомеаи олимпӣ ҳастем. Мо якдигарро дастгирӣ мекунем ва чунин ҳамбастагии олимпӣ моро ҳамчун як ҷомеа муайян мекунад, " - гуфтааст президенти IOC Томас Бах.


Ёдовар мешавем, то ҳоло ду муштзани тоҷик – Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило – ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио  роҳхат гирифтаанд.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net