Темур Раҳимов барандаи шоҳҷоизаи мусобиқаи наврӯзӣ шуд
Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки 21-уми март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе бо ҳузури тамошогарони сершумор ба поён расид, бо шоҳҷоиза - мошини сабукрави тамғаи “Тoyota” – мукофотонида шуд.