Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Шасту се роҳхати муштзанҳои минтақаи Осиё/Уқёнус ба Олимпиадаи Токио

0

Дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар минтақаи  Осиё/Уқёнус, ки рӯзҳои 3-11-уми март дар пойтахти Урдун-шаҳри Аммон  доир гардид, ба муштзанҳо 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио супурда шуд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф шуданд.

Варзишгарони се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон 9 роҳхат (8 роҳхат миёни мардон ва 1 роҳхат миёни занон), Узбекистон 7 роҳхат (6 роҳхат миёни мардон ва 1 роҳхат миёни занон) ва Тоҷикистон 2 роҳхат (ҳарду роҳхат миёни мардон) ба даст оварданд. Вале варзишгарони Қирғизистон аз роҳхати олимпӣ бенасиб монданд. Намояндагони Туркманистон дар ин мусобиқа иштирок накарданд.    

Муштзанҳои қазоқ Сакен Бибосинов (то 52 кг), Серик Темиржанов (то 57 кг), Зокир Сафиуллин (то 63 кг), Абилайхан Жусупов (то 69 кг), Абилхан Амонқул (то 75 кг), Бекзод Нурдавлатов (то 81 кг), Василий Левит (то 91 кг), Камшибек Кункабоев (беш аз 91 кг) миёни мардон, инчунин Надежда Рябетс (то 75 кг) миёни занон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф шуданд.

Аз рӯи теъдоди умумии роҳхатҳо дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Ҳиндустон, ки нӯҳтоӣ гирифтанд, мақоми аввалро бо ҳам диданд. Узбекистон бо ҳафт роҳхат мақоми дувум ва Чин бо шаш роҳхат севум шуданд. 

Муштзанҳои қазоқ Бекзод Нурдавлатов дар вазни то 81 кило ва Василий Левит дар вазни то 91 кило миёни мардон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Аз дастаи мунтахаби Узбекистон Шаҳобиддин Зоиров (то 52 кг), Миразизбек Мирзохалилов (то 57 кг), Элнур Абдураимов (то 63 кг), Бобоусмон Ботуров (то 69 кг), Санҷар Турсунов (то 91 кг), Баҳодур Ҷалолов (беш аз 91 кг), инчунин Турсуной Раҳимова (то 51 кг) миёни занон бо роҳхати олимпӣ сарфароз шуданд.

Мушзанҳои узбек Миразизбек Мирзохалилов (-57 кг), Элнур Абдураҳимов (-63 кг) ва Баҳодур Ҷалолов (беш аз 91 кг) дар сабқати мардон се медали тилло гирифтанд. Инчунин се нафари дигар -  Шаҳобиддин Зоиров (-52 кг), Бобоусмон Ботуров (-69 кг) ва Санҷар Турсунов (-91 кг) - нишонҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Бо чунин

натиҷаҳо мунтахаби Узбекистон дар ҳисоби умумидастаӣ миёни мардон мақоми аввалро касб намуд.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило миёни мардон барои ҷойи панҷум соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид. Ин аввалин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ мебошад.

Вазни 57-63 кг

Муштзан

Кумитаи миллии олимпӣ

Мавқеъ

Элнур Абдураҳимов

Узбекистон

Ҷойи 1-ум

Зокир Сафиуллин

Қазоқистон

Ҷойи 2-юм

Обада Муҳаммад Мустафо Алкасбеҳ

Урдун

Ҷойи 3-юм

Чинзориг Баатарсух

Муғулистон

Ҷойи 3-юм

Баҳодур Усмонов

Тоҷикистон

Ҷойи 5-ум

Маниш Каушик

Ҳиндустон

Ҷойи 5-ум

Роҳхати дувумро ба мунтахаби Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев овард. Ӯ дар вазни то 81 кило ҷойи панҷумро азони худ кард.

Вазни 75-81 кг

Муштзан

Кумитаи миллии олимпӣ

Мавқеъ

Бекзод Нурдавлатов

Қазоқистон

Ҷойи 1-ум

Пауло Аукусо

Австралия

Ҷойи 2-юм

Одаи Риёд Одил Ал-Ҳиндавӣ

Урдун

Ҷойи 3-юм

Даксаинг Чен

Чин

Ҷойи 3-юм

Шаббос Неъматуллоев

Тоҷикистон

Ҷойи 5-ум

Мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ, ки аз 13-ум то 20-уми май дар  Пориси Фаронса доир мегардад, барои муштзанҳо охирин имконияти ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 маҳсуб мешавад.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми август барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин обнародовал программу развития столичного туризма


Спорт в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о строительстве спортивных объектов


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Свёнтек разгромила Кырстю и вышла в 1/8 финала турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

"Экобас" не для Невы: стильные электросуда для Москвы делают в Ленобласти





Путин в России и мире
Москва

«Ану-ка, девушки!»: какой была легендарная передача, которая вернется на ТВ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко заявил о желании построить в Белоруссии вторую АЭС




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Кличко не видел Зеленского с начала конфликта с Россией


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



НОПРИЗ

Подмосковные проекты победили в Международном профессиональном конкурсе НОПРИЗ на лучший проект – 2023



Москва

Синоптик Леус рассказал об апрельских рекордах погоды в Москве

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net