Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

"Сешанбеи сиёҳ"-и рубл ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон

0

Рубл, пули миллии Русия, чанд рӯз боз ба шиддат арзиши худро аз даст медиҳад. Рӯзи 10-уми март қурби он якбора 5 дарсад поин рафт ва коршиносон ин рӯзро барои рубл "сешанбеи сиёҳ" унвон карданд.

Бахши аъзами даромади Русия аз фурӯши нафт аст ва дар пайи ноком шудани музокираҳои миёни раҳбари OPEC - Арабистони Саудӣ бо Русия, арзиши рубли русӣ башиддат поин омад ва як  доллар дар сатҳи 71 рубл қарор гирифт. Коҳиши арзиши рублро коршиносон поинтарин нишондод баъд аз соли 2016 медонанд.

Пас аз поин омадани қимати рубл дар Русия, Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1000 рублро барои рӯзи 10-уми март 141 сомонӣ муайян кард. Аммо рӯзи 11-уми март қурби расмии 1000 рубл 134 сомонӣ таъин шуд. Дар ду рӯзи аввал уфти рубл бонкҳои тиҷоратӣ қурби онро нисбат ба сомонӣ хеле поин бурданд.

Барои мисол, бонки "Эсхата" қимати хариди 1000 рублро рӯзи 9-уми март 128 сомонӣ муқаррар карда буд. Бо дастури Бонки миллӣ ҳангоми интиқоли рубл бонкҳо онро ба таври автоматӣ ба сомонӣ табдил дода, ба муштариён пардохт мекунанд, ки як мояи нигаронии сокинон дар Тоҷикистон аст.

Анвар Алиҷонов, як муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтмоне дар Екатеринбурги Русия кор мекунад, мегӯяд, "моҳи феврал вақте пул фиристодам, 1000 рублро 150 сомонӣ ҳисоб карда, дода буданд. Ҳоло акнун 134-135 сомонӣ мегӯянд. Аз ҳазор рубл 15-16 сомонӣ зарар мекунем. Маҷбурем пуле, ки кор мекунем харҷи худ ва хонавода кунем, пуле пасандоз карда наметавонем".

Коршиносон мегӯянд, поин рафтани қурби рубл натанҳо ба хонаводаҳо, балки ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири мустақим дорад. Иқтисоди кишвар пойбанди пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия аст. Муҳоҷирон соли 2019 танҳо аз ин кишвар ба Тоҷикистон 2 миллларду 700 миллион доллар фиристоданд. Аксарияти ин маблағҳо ё 80 дарсади арзи хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, бо рубл аст.

Аз ин ҷост, ки коршиносон мегӯянд, таъсири манфии поин омадани нархи рублро ҳам иқтисоди кишвар дар кул ва ҳам ҳар як хонаводае, ки дар Русия муҳоҷири корӣ дорад, эҳсос мекунад.

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик рӯзи 11-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, "як таъсири пастравии нархи рубл ба кишварҳои ҳамкори Русия ин аст, ки арзиши доллар дар ин кишварҳо боло меравад. Аз ин сабаб, эҳтимол дорад арзиши сомонӣ каме поин шавад. Аз ҷониби дигар, арзиши маблағҳои аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид шуда мумкин кам шавад".

Шарифов афзуд, эҳтимоли аз ин ҳам поин рафтани қурби рубл кам аст, чун ба гуфтаи ӯ, Русия захираҳои бузурги асъорӣ дар ихтиёр дорад ва ба эҳтимоли зиёд аз ин беш намегузорад, ки рубл қурби худро аз даст бидиҳад.

Дар чунин шароит, коршиносон барои онҳое, ки бо рубл пасандоз доранд, "сабади бисёрасъорӣ"-ро тавсия медиҳанд. Шарифов мегӯяд, онҳое, ки бо  рубл пасандоз доранд ва акнун хавфи беқурбшавӣ ба он таҳдид мекунанд, "беҳтар аст доллар ва евро бихаранд ва пасандози худро дар чанд асъор нигоҳ доранд. То дар сурати поин рафтани қурби яке, болорави қурби асъори дигар хисоротро ҷуброн кунад."

Иқтисоди Тоҷикистон дар гузаштаи начандон дур ҳам таъсири ногувори уфти рубли русӣ ба иқтисодашро таҷриба карда буд. Соли 2014 дар пайи коҳиши якбораи қурби рубл нисбат ба доллар, чанд бонки Тоҷикистон дучори бӯҳрон шуданд. "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис шуда, фаъолияташон қатъ шуд, аммо "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -- ду бонки бузурги кишвар пардохтнопазир шуданд ва ҳанӯз ҳам аз ҳолати буҳронӣ берун наомадаанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: В дома и соцобъекты Москвы будет возобновлена подача тепла


Спорт в России и мире
Москва

Матч ЦСКА - "Рубин" завершился со счетом 2:2


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

ATP представила новые правила парного тенниса


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Вильфанд предупредил горожан об аномальном холоде и мокром снеге на неделе





Путин в России и мире
Москва

Ушаков: Путин и Пашинян расставят точки на «и»


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья приехал в Минск и попросил защиты у Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Брановицкий

Композитор Классической музыки Сергей Брановицкий представляет произведения классической музыки.



Москва

Около 450 нарушений чистоты устранили в Подмосковье в апреле

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net