Ҷузъиёти фирори як шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндоне дар Доғистони Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндоне дар Доғистони Русия фирор кардааст.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғиистон рӯзи 23-юми сентябр бо нашри изҳорот гуфт, Бойматов Шамил Раҷабалиевич 30-сола аст. Ҳамроҳи ӯ панҷ каси дигар аз маҳбас гурехтаанд.
Дар сомонаи расмии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғистон омадааст: "Соати 23:40-и шаби 22-юми сентябр ҳангоми тафтиши пайраҳаи назаротии зиндон дар он заминкан (нақби дастисохт) ошкор шуд. Дар натиҷаи шумориши зидониён маълум шуд, ки 6 нафар нестанд."
Айни замон мақомоти Русия амалиёти ҷустуҷӯи зиндониёни фирориро шуруъ кардаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ акс ва маълумот дар бораи маҳбусони фирориро нашр карданд, ки дар миёни онҳо номи Шамил Бойматов, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ва зодаи ноҳияи Ёвон ҳам ҳаст.
Тавре дар маълумотнома зикр шудааст, Бойматов моҳи декабри соли 2016 боздошт шуда, бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. Се ҳамроҳаш низ бо айни иттиҳом зиндонӣ шудаанд. Ду каси дигар бо гуноҳи куштор дар зиндон адои ҷазо мекарданд.
Тибқи омори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН дар ин кишвар то оғози соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд. Аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия дар зиндон афтодаанд, шумораи тоҷикон аз ҳама зиёд аст.