123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 12.09.2020

"Мансабдори дахлнопазир". Шӯҳрат Ғаниев кист?

Ozodi.org 

Блогери узбек Додохон Ҳайдаров рӯзи 2-юми сентябр, пас аз чанд рӯзи боздошт, озод шуд. Ӯро пас аз даъватҳояш барои сабукдӯш кардани Шӯҳрат Ғаниев аз мансаби раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон дастгир карда буданд.

Навид Афкорӣ, гуштигири машҳури эронӣ, эъдом шуд

Ozodi.org 

Бо вуҷуди даъватҳои батакрор дар дохилу хориҷи Эрон, ҳукми эъдоми Навид Афкорӣ, гуштигири шинохтаи эронӣ иҷро шудааст. Дар ин бора рӯзи 12-уми сентябр расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд. Навид Афкорӣ ба қатли як нафар дар шаҳри ҷанубии Шероз дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 маҳкум шуда буд. Хонаводаи Афкорӣ гуфтаанд, Навид зери шиканҷа дар зиндон эътироф карда буд. Пеш аз ин, эъломи ҳукми эъдоми Навид Афкорӣ вокуниши густардаро дар дохилу хориҷи Эрон дар пай дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон хоста буд... Читать дальше...



Майкрософт аз фаъолшавии ҳакерҳо дар остонаи интихоботи ИМА хабар дод

Ozodi.org 

Майкрософт, ширкати бузурги амрикоӣ, мегӯяд, ҳакерҳои вобаста ба Эрон, Русия ва Чин афроду созмонҳои марбут ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва рақибаш аз Ҳизби демократ Ҷо Байденро ҳадаф қарор додаанд. Ҳамзамон бо ин эълом, рӯзи 10-уми сентябр ширкати машваратдиҳии ситоди Ҷо Байден гуфт, Майкрософт барояш гуфтааст, аз сӯи ҳакерҳои рус ҳадаф қарор гирифтааст. Ҳакерҳое, ки ба гуфтаи ин ширкат дар  интихоботи соли 2016 мудохила карда буданд. Ширкати Майкрософт гуфтааст, ба назар мерасад ин иқдомот бахше... Читать дальше...

Ҳинду Чин дар мавриди ҳалли низоъ дар марз "забон ёфтаанд"

Ozodi.org 

Ҳинду Чин эълом карданд, ки дар робита ба ҳар чи зудтар аз ҳам дур кардани нерӯҳои низомияшон дар минтақаҳои наздимарзӣ ба созиш расиданд. Дар ин бора 11 сентябр, баъди мулоқоти вазирони умури хориҷии Ҳинду Чин - Субраманям Ҷайшанкар ва Ван И дар шаҳри Маскав хабар доданд. Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Пекин иртибот бо Ҳиндро ҳам тавассути роҳҳои дипломатӣ ва ҳам низомӣ ҳифз карда, барои "барқарории сулҳу оромӣ" дар минтақаҳои баҳсӣ чора меандешад. Вохӯрии вазирони умури хориҷии Ҳинду Чин дар Москва дар ҳолест... Читать дальше...

“Каме зиёдтар”-и Александр Лукашенко … чӣ қадар аст?

Ozodi.org 

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил Бознашр аз блоги муаллиф Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, эътироф кард, ки дар сари ҳокимият бештар истодааст. Вай чанде пеш гуфт, “бале, шояд каме зиёдтар истодам”. Лукашенко ин гапро намезад, агарки ҳазорҳо-ҳазор норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ба хиёбонҳо намерехтанд ва ғалабаи ӯро қабул намекарданд. Вале бо ин эътирофи зимнӣ Лукашенко маълум кард, ки ваҷҳ ва ҷиҳати рехтани мардум ба хиёбонҳоро дарк кардааст. Читать дальше...

Даъвогарони қудрат: Кӣ бо чӣ барнома мехоҳад президенти Тоҷикистон шавад?

Ozodi.org 

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (11-уми октябр) камтар аз як моҳ мондааст. Бештари номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ онҳое ҳастанд, ки дар интихоботҳои гузашта низ вориди рақобат шуда буданд. Бо вуҷуди ин, Радиои Озодӣ тасмим гирифт интихобкунандагонро бо шахсият ва барномаи пешазинтихоботии онҳо ошно кунад. Дар мавриди интихоботи пеширӯ дар Тоҷикистон наметавон билофосила ҳадс зад. Ҳолу ҳаво дар дохили кишвар тақрибан ба рақобат барои курсии сардори давлат монанд нест, ба истинои пайдо шудани таблиғот дар шабакаҳои давлатӣ... Читать дальше...



Ситоиши Трамп ва танқиди раҳбарони Фаластин аз созиши Баҳрайну Исроил

Ozodi.org 

Баҳрайн барои одӣ кардани равобит бо Исроил ба созиш расидааст. Дар ин бора Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 11-уми сентябр хабар дод. Трамп дар Твиттер дастёбӣ ба ин тавофуқро “комёбии таърихӣ” номид, вале идораи худгардони Фаластин ва гурӯҳи Ҳамос “таҷовуз ба зидди фаластиниён” хондаанд. Президент Трамп баёнияи муштараки Амрико ва Исроилу Баҳрайнро дар мавриди одӣ сохтани равобити ду кишвар дар Твиттер нашр кард. Ӯ гуфт, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва шоҳи Баҳрайн Ҳамд бин Исо Оли Халифа рӯзи ҷумъа гуфтугӯ карда... Читать дальше...

Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Навид Афкорӣ эъдом шудааст

Ozodi.org 

Расонаҳои давлатии Эрон рӯзи 12-уми сентябр гузориш доданд, ки Навид Афкорӣ, варзишкори шинохтаи Эрон, эъдом шудааст. Ӯро барои иштирок дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ва қатли як маъмури амниятӣ гунаҳкор донистанд.

Қарзи хориҷии Узбекистон ба 30 дарсади ММД (ВВП) расид

Ozodi.org 

Вазорати молияи Узбекистон дар бораи вазъи қарзи хориҷии кишвар дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 10-уми сентябр гузориш нашр кард. Ба иттилои ин ниҳод, Узбекистон то рӯзи 1-уми июли имсол аз ниҳодҳои зер қарз гирифтааст: Бонки осиёии рушд - 3,9 миллиард доллар; Бонки ҷаҳонӣ - 3 миллиард доллар; Эксимбонки Чин - 2 миллиард доллар; Оҷонсии байналхалқии ҳамкории Ҷопон - 1,7 миллиард доллар; Бонки давлатии рушди Чин - 1,3 миллиард доллар; Сармоягузорони байналхалқӣ - 1 миллиард доллар; Бонки... Читать дальше...

ODIHR барои назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистон ҳанӯз даъватнома нагирифтааст

Ozodi.org 

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон, як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, барои фиристодани ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон ҳанӯз даъватнома нагирифтааст.

Аз оташбас то тақсими қудрат. Музокирот барои поён додан ба ҷанг дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Пас аз 19 соли ҳамлаи террористии 11-уми сентябр дар Амрико, ки боис ба ҷанги тӯлонӣ ва кушта шудани ҳазорҳо нафар дар Афғонистон шуд, музокироти байни Кобулу гуруҳи Толибон барои даст ёфтан ба сулҳ дар Қатар оғоз ёфт. Ҷое, ки Толибон дафтари сиёсӣ доранд.

Муҳаммад Султонов, футболбози зодаи Тоҷикистон, аз "Ротор" ба "Нижний Новгород" гузашт

Ozodi.org 

Футболбози машҳур Муҳаммад Султонов, ки зодаи Тоҷикистон аст, аз дастаи Премйер-лигаи Русия - "Ротор"-и Волгоград - ба бошгоҳи дивизиони якум - “Нижний Новгород” гузашт. Ӯ бо бошгоҳи нави худ рӯзи 9-уми сентябр шартномаи дусола баст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи шаҳри Нижний Новгород хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Султонов дар суҳбат бо хадамоти матбуотии даста гуфт, "сеюним соли ҳаётамро ба “Ротор” бахшидам. Ба клуби Волгоград замоне омадам, ки даста нав ба ФНЛ (Лигаи миллии футбол) ворид шуда буд. Читать дальше...

Лукашенко талаб дорад, ки аз эътирозгарон ҷуброн рӯёнида шавад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, президенти Белорус, талаб дорад, ки дар сурати расидани зиён ба амволу иншоот дар кӯчаҳои шаҳри Минск аз эътирозгарон ҷуброн ситонида шавад. Дар ин бора хабаргузориҳои Белорус иттилоъ медиҳанд. "Баъд аз ҳамаи ин харобкориҳо дар кӯчаҳои Минск, ки хисороти зиёд ба бор меорад, шумо медонед, ки чӣ чиз боқӣ мемонад. Ва хомӯшӣ. Касе то ҳол дар ин бора фикр накардааст ва касе ҳам пардохт накардааст", - гуфт Лукашенко. "Вале бояд пардохт карда шавад. Одамон бояд дарк кунанд: агар ту ифлосӣ ба бор овардӣ... Читать дальше...

Русия барои сабтиноми муҳоҷирон дар ин кишвар “сабукӣ дод”

Ozodi.org 

Русия иҷозат дод, шаҳрвандони хориҷӣ дар бинову хонаҳое, ки дар ин кишвар харидаанд, муҳоҷиронро сабтином (регистратсия) кунанд. То кунун шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи харидани манзил ё амволи дигарро дар Русия доштанд, вале наметавонистанд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кориро сабтином кунанд.  Ин ҳуқуқ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар пайи тағйири қонун “Дар бораи ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд дар Русия” рӯзи 7-уми сентябр ба иҷро даромад.  Акнун аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон... Читать дальше...

Шавҳараш мегӯяд, Нозанин гаравгони "муомилаи нотамоми пеш аз инқилоб" шудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нозанин Зоғарӣ-Ратклиф, як маъмури имдодии эронӣ, ки шаҳрвандии Бритониёро ҳам дорад ва бо гуноҳи ҷосусӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, рӯзҳои наздик дигарбора муҳокима мешавад.

Нозанин Зоғариро дубора дар Эрон муҳокима мекунанд

Ozodi.org 

Нозанин Зоғарӣ-Ратклиф, як маъмури имдодии эронӣ, ки шаҳрвандии Бритониёро ҳам дорад ва бо гуноҳи ҷосусӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, рӯзҳои наздик дигарбора муҳокима мешавад. Ҳукми ӯ моҳи апрели соли оянда адо мешавад, вале ӯро ба ҷиноятҳои номаълуми дигаре муттаҳам кардаанд.

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Сафиуллин не смог выйти во второй круг турнира ATP в Барселоне


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае





Путин в России и мире
Москва

На окружном полуфинале конкурса «Это у нас семейное» Калмыкию представляют четыре семьи


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Владимир Зеленский подтвердил ракетный удар по аэродрому в Джанкое


Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Аранжировка

Аранжировка Песен. Аранжировка Музыки. Создание Аранжировок.



Москва

Путин подписал закон о Всемирных играх дружбы в России

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net