Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 09.09.2020

Коронавирус ба бахши маорифи Тоҷикистон соя афкандааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки буҳрони коронавирус система ё низоми маорифи Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Бо гузашти се ҳафта аз оғози соли нави таҳсил, мақомоти маориф мегӯянд, ҳузури донишомӯзон дар мактабҳо 96 дарсадро ташкил медиҳад. Таҳқиқи Радиои Озодӣ баёнгари он аст, ки бисёре аз волидон кӯдаконашонро ба мактаб рафтан намемонанд, чун аз эҳтимоли мубтало шудани фарзанди худ ба бемории СОVID-19 метарсанд. Чунин вазъ дар ду ҳафтаи аввали соли нави таҳсил дар вилояти Суғд мушоҳида шудааст. Читать дальше...



Як моҳи талотум дар Белорус. Ояндааш чӣ мешавад?

Ozodi.org 

Бори аввал дар аҳди 26-солаи ҳукуматаш Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус ба тазоҳуроти оммавӣ, саросарӣ ва давомдоре рӯ ба рғ шудааст. Бо вуҷуди як моҳи тазоҳурот ҳеҷ аломате аз тан додани ӯ ба талаби тазоҳургарон барои истеъфо дида намешавад.

Таҳдиди ҳукми иловагии зиндон ба Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф

Ozodi.org 

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки як корманди зиндонии созмони имдодрасон ва шаҳрванди Эрону Бритониё Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар муқобили иттиҳомоти нав қарор дорад. Дар гузорише бо такя ба мақомоти беном гуфта шуд, ки Зоғарӣ-Ратклифф рӯзи 8-уми сентябр дар як додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон огоҳонида шуд, ки ба ӯ иттиҳомоти нав таҳдид мекунад. Мавқеи худи Зоғарӣ ваё вакилаш маълум нест, вале ба иттилои дигар, мурофиаи нав бар асоси иттиҳоми иловагӣ рӯзи 13-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.... Читать дальше...



Тихановская: Эътирозҳо бояд сулҳомез баргузор шаванд

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифони Беларус аз эътирозгарон дар кишвар хост, ки бо вуҷуди афзоиши фишору боздошт ва одамрабоие, ки режими Минск барпо кардааст, “оромиву сулҳро” риоя кунанд. Светлана Тихановская бо чунин  даъват дар баробари ширкатдорони мулоқоте сӯҳбат кард, ки  рӯзи 9-уми сентябр дар Варшава, пойтахти Полша гирди ҳам омада буданд. Тихановская зимни суханронӣ дар донишгоҳи Варшава гуфт, эътирозҳо бояд сулҳомез баргузор шаванд ва ба гуфтааш, “ба хушунат набояд бо хушунат посух дод”. Александр Лукашенко... Читать дальше...

Вазири пешини нақлиёт: "Кори бисёр кардем, акнун вақти бознишастагӣ аст"

Ozodi.org 

Худоёр Худоёрзода, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон, ки пас аз табобати тақрибан якмоҳа аз шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе рухсат шудааст, гуфт, фармони аз мансаб барканор шуданашро "бисёр хуб" қабул кард.  Ӯро субҳи 11-уми августи имсол бо захми ду корд дар бадан ба бемористон интиқол дода буданд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба ҷонаш сӯиқасд кардааст. Худоёр Худоёрзода 31-уми август бар асоси фармони президенти Тоҷикистон бо далели "расидан ба синни нафақа" аз вазифа барканор шуд. Вай рӯзи 9-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Маскав G7-ро дар "дурӯғпароканӣ"-и атрофи қазияи Навалний муттаҳам кард

Ozodi.org 

Русия кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона ё G7-ро дар он муттаҳам кард, ки бо баҳонаи заҳролудшавии раҳбари мухолифин Алексей Навалний “як маъракаи сартосарии дурӯғпароканӣ”-ро ба хотири таҳрими Русия ба роҳ мондааст. Навалнии 44-сола аз 22-юми август дар як беморхонаи шаҳри Берлин аст. Ӯ баъди он ки дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав рӯзи 20-уми август худро бад ҳис карду ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом дод, ба як беморхонаи шаҳри Омск интиқол дода шуд. Озмоиши мутахассисони олмонӣ нишон дод, ки дар таркиби... Читать дальше...

Ҷаласаи ASEAN, пандемия в таниши ИМА ва Чин

Ozodi.org 

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви созмони ASEAN дар ҷаласаи рӯзи 9-уми сентябри худ таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисод ва ҳамкорӣ бар зидди таҳдидҳои ҷаҳониро баррасӣ мекунанд. ASEAN Анҷумани кишварҳои Осиёи ҷанубушарқӣ аст ва ҷаласаи имрӯзаи он тавассути конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Як ҳадафи ин нишаст инчунин коҳиши таниш дар равобити ИМА ва Чин, ба вижа дар баҳри Ҷанубии Чин мебошад. Ҷаласаро, ки бо сабаби пандемия бо таъхири якмоҳа баргузор мешавад, Ветнам раҳбарӣ мекунад. Нахуствазири... Читать дальше...

Сӯхтор дар як қароргоҳи азими паноҳандагони Юнон

Ozodi.org 

Дар паи сӯхтор дар як қароргоҳи азими паноҳандагони ҷазираи Лесбоси Юнон беш аз 10 ҳазор бошандааш маҷбур шуданд фирор кунанд. Сӯхтор дар қароргоҳи Мориа баъди нисфишабӣ сар зад. Ин қароргоҳ давоми солҳои дароз як макони муҳими таҷаммӯи муҳоҷирону паноҳҷӯён шудааст ва бо сабаби зиёд будани бошандагонаш хатари ба эпидемия табдил шудани пандемияи коронавирус вуҷуд дошт. Мақомот гуфтанд, ки ин қароргоҳ “зоҳиран аз ҳад зиёд пур шуда буд”, вале то ин лаҳзаҳо дар бораи қурбониҳо иттилое дар даст нест. Субҳи 9-уми сентябр ҳанӯз сӯхтор идома дошт. Читать дальше...

Ба “Истиқлол” барои бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон шудан як қадам мондааст   

Ozodi.org 

Пас аз танаффуси дуҳафтаинаи марбут ба бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон, мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ аз сар гирифта шуд. Чаҳор бозии даври чордаҳум рӯзҳои 7-8-уми сентябр доир гардид. Дар даври чордаҳуми Лигаи олӣ "Истиқлол" -и Душанбе дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод. Ҳамлагар Шериддин Бобоев, ки дар ин бозӣ чаҳор гол зад, беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд. Ба «Истиқлол», ки бо касби 40 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал аст... Читать дальше...

Бемории як ихтиёрӣ боиси боздошта шудани озмоиши воксинаи зидди COVID шуд

Ozodi.org 

Ширкати дорусозии AstraZeneca гуфт, ки дар озмоиши воксинаи зидди коронавирус танаффус эълон кардааст, чун як нафар аз ихтиёриёне, ки дар озмоиши даво иштирок мекунад, дучори бемории номаълуме шудааст. Воксинае, ки аз ҷониби ширкати AstraZeneca ва донишгоҳи Оксфорди Бритониё санҷида мешавад, яке аз номзадҳо ба давои муваффақтарин дар мубориза бо COVID-19 гуфта мешавад. Дар як изҳороташ рӯзи 8-уми сентябр ширкати дорусозии AstraZeneca гуфт, ки ҷараёни маъмулии озмоишҳо баъди он боздошта шуд, ки як... Читать дальше...


Музыкальные новости
Виктор Цой

У могил Горшка и Виктора Цоя на Богословском кладбище появилась защита от вандалов





Персональные новости
Владимир Путин

«Есть ответы на вопросы бизнеса»: Хуснуллин об итогах встречи с Путиным на РСПП





Бохти дувуми "Равшан" дар мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 

Ozodi.org 

Дар даври сездаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5-6-уми сентябр баргузор шуд, мизбонон дар се бозӣ ва меҳмонон дар ду дидор ғолиб шуданд, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Пешсафи мусобиқа - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб - дар даври сездаҳум дар меҳмонӣ  аз “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин дувумин бохти “Равшан” дар мусобиқаи имсола мебошад. Бо вуҷуди бохт “Равшан”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз гирифтааст, мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт. “Эсхата”-и Хуҷанд бо 28 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Читать дальше...

Номаҳои 13 сол пеш дар бораи истиқлолият

Ozodi.org 

Номаҳои хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ дар Рӯзи Истиқлолият, соли 2007. Дар 13 соли охир чӣ чизҳо дигар шудааст? Шумо дар ин рӯзи ид чӣ гуфтаниҳо доред, то ки дар оянда аз онҳо ёд карда шавад? Агар доред, дар шарҳҳо бинависед. Сипоси бепоён! Салом Радиои Озоди! Ман тоҷикистониям, аммо феълан муқими Амрико ва, албатта, кишварамро ҳамеша ба мардуми Амрико муаррифӣ мекунам ва ин як саҳми кӯчаки ман ба Ватан аст. Хуб, истиклолият дар зарфи 16 сол ба мо, мардуми тоҷик, аз ҳама беҳтар сулҳро дод. Читать дальше...

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон дар ҳамлаи Кобул захмӣ шуд

Ozodi.org 

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аз як ҳамла дар Кобул ҷони солим ба дар бурдааст. Ин ҳамла субҳи чаҳоршанбеи 9-уми сентябр дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кобул рух додааст. Ризвон Мурод, раиси дафтари расонаҳои муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи имрӯз дар Кобул, корвони мошинҳои Амруллоҳ Солеҳ буд. "Душманони қасамхӯрдаи Афғонистон ва душманони раҳбароне, ки ба манофеи миллӣ аз тану ҷон пойбанд ҳастанд, имрӯз боз талош карданд, то ба Амруллоҳ Солеҳ... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Команда подмосковного главка Росгвардии заняла призовое место на чемпионате Центрального округа по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла Фернандес во втором круге турнира WTA в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24





Путин в России и мире
Москва

Эксперт: корректировка порогов крупного и особо крупного ущерба по экономическим статьям оправдана и своевременна


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко заявил, что не собирается проводить в Белоруссии мобилизацию




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

Поклонник Басты сделал предложение девушке на концерте рэпера в Новосибирске



Москва

АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net