123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 02.09.2020

Раҳматулло Зоиров гуфт, ки чаро интихобот аз назари ӯ "ғайриқонунист". ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, сабаби таҳрим ё бойкоти интихоботи президентӣ "нишонаи нотавонии ӯ ва ҳамҳизбонаш нест". Раҳматулло Зоиров рӯзи 2-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чун дар ин маъракаи сиёсӣ рақобатро надиданд, аз иштирок даст кашиданд. Масъулони Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, таҳрими интихобот аз сӯйи Ҳизби сотсиал-демократ "тасмими онҳост". Дар суҳбат бо Раҳматулло Зоиров пурсидем, ки иқдоми баъдиаш чӣ хоҳад буд? Раҳматулло Зоиров: "Дар ҳақиқат... Читать дальше...

Бойҳоро нест карданду ба камбағалон ёрдам карданд"

Ozodi.org 

Ба муносибати 100-умин солгарди “Инқилоби Бухоро” ё аз байн бурдани Аморати Бухоро, Радиои Озодӣ аз чанд нафар пурсид, ки дар воқеъ сад сол пеш дар ин қаламрав “инқилоб” буд, ё ишғол. Ҷавобҳои аҷибе ҳам гирифтем ва агар набинед, пушаймон мешавед. Шумо ҳам назаратонро ногуфта аз вебсайти мо наравед.

Дар Париж мурофиаи ҳамлагарони ҳафтаномаи "Charlie Hebdo” шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Дар Париж муҳокимаи додгоҳии 14 муттаҳам дар ташкили ҳамлаи маргбор болои ҳафтаномаи фаронсавии "Charlie Hebdo” дар соли 2015 шурӯъ шуд. Дар рӯзи аввали мурофиа, ки таҳти чораҳои шадиди амниятӣ шурӯъ шуд, 11 муттаҳам дар толори додгоҳ ҳозир шуданд ва се нафари дигар дар ғайбашон муҳокима мешаванд. Ин се нафар, ки якеашон зан мебошад, баъди чанд рӯзи ҳамла ба нашрия ба қаламравҳои зери назари гурӯҳи “Давлати  исломӣ” фирор карда буданд. Ин нафаронро барои шарикӣ дар анҷоми амали террористӣ муҳокима мекунанд. Читать дальше...



Пентагон: Чин метавонад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ бисозад

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое номбар кардааст, ки эҳтимол Чин мехоҳад, дар он ҷо барои истиқрори нирӯҳояш пойгоҳи низомии худро таъсис диҳад. Ин матлаб дар гузориши нави Пентагон зикр шудааст, ки рӯзи 1-уми сентябр нашр шуд. Амриё Бобоев, муовини сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бо Чин дар ин мавзуъ ягон музокирот доир накардааст ва ин маълумот воқеият надорад.  Дар... Читать дальше...

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон сабаби худдорӣ аз аз ширкат дар интихоботро шарҳ дод

Ozodi.org 

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон сабаби худдорӣ аз аз ширкат дар интихоботро шарҳ дод. Дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Сарвинози Руҳуллоҳ Раҳматилло Зоиров илова кард, ки аслан ҳизб мезост ширкат кунад.

"Гапи озод": Бухоро. Сад сол пеш. Инқилоб ё ишғол? ВИДЕО

Ozodi.org 

"Дар Бухоро ҳеч гоҳ инқилоб нашудааст ва он чи ки 100 сол пеш дар қаламравҳои пешинаи ҳоло Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон рух дод, ишғоли Аморати Бухоро аз тарафи Русия ва аз байн бурдани он буд." Нуралӣ Давлат - муаррих, Ҷонибеки Асрориён - пажуҳишгар ва Ҷалолиддин Аҳмадов - хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар "Гапи озод" - барномаи нави Радиои Озодӣ дар бораи ин сана ҳамин ақидаро баён карданд. Бо вуҷуди он ки дар китобҳои таърихи Шӯравӣ ҷанги Русия дар Аморати Бухороро "инқилоби омма ба зидди Амир Олимхон... Читать дальше...



Додгоҳ ширкати зери итоати Бег Сабурро ба пардохти қарзи барқ муваззаф кард

Ozodi.org 

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе "Тоҷиктелеком", ширкати зери итоати Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаро муваззаф кардааст, ки 608 ҳазор сомонӣ қарзи барқи истифодакардаашро супорад. Масъулини ширкат мегӯянд, аз пардохти қарз саркашӣ накардаанд, танҳо буҳрони вобаста ба COVID-19 дасташонро дар пардохти маблағи барқ кӯтоҳ намудааст. Ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта содир шуд. Масъулони идораи барқи Душанбе мегӯянд, қарзи "Тоҷиктелеком" хеле зиёд шуд ва онҳо маҷбур шуданд, ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Читать дальше...

Ҳайати ҳукуматии Афғонистон барои сафар ба Давҳа омода мешавад

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳукумат ҳайатеро ба Қатар барои ширкат дар музокироти деринтизори сулҳ бо Толибон мефиристад. Қабл аз ин ҳукумат  Толибони зиндониро озод кард. Табодули зиндониҳо махсус дар остонаи шурӯи музокирот дар Давҳа сурат гирифт. Як манбаи ҳукуматӣ дар сӯҳбати пӯшида бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 2 сентябр тамоми Толибони боқимонда озод мешаванд. Сафари ҳайат ба Давҳа рӯзи 3 сентябр баргузор мешавад. Ба иттилои Ноҷия Анварӣ, сухангӯи вазорати давлатӣ дар умури сулҳ... Читать дальше...

Рӯзноманигори ТВ "Qazaqstan": "Аз сиёсати дурӯғомези корӣ хаста шудам"

Ozodi.org 

Ербол Мандибеки 34-сола, рӯзноманигори телевизиони давлатии "Qazaqstan" тарки кор кард. Мандибек, ки бештар аз даҳ сол дар телевизиони давлатӣ кор ва сиёсатҳои ҳукумати Қазоқистонро тарғиб кардааст, гуфт, аз сиёсати идорӣ норозӣ аст. Ербол Мандибек гуфт, пеш аз тарки кор карданаш ӯро барои танқидҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор доданд. Вай дар мусоҳиба бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ нақл кард, ки чаро телевизиони "Qazaqstan" озодии баёнро маҳдуд мекунад, чи гуна ҳукумат ва вазорати иттилоот ба... Читать дальше...

Баргузории маъракаҳои бахшида ба ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон манъ шуд

Ozodi.org 

Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард, ки баргузории ҳамагуна маъракаи бахшида ба рӯзи Истиқлол дар кишвар манъ аст. Қарор дар ин бора 2-юми сентябр нашр шуд. Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолро бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва сайругашт дар боғҳо таҷлил мекарданд. Бар асоси қарори Ситоди муқобила бо бемории коронавируси нав дар Тоҷикистон: баргузории ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ... Читать дальше...

Отамбоев аз зиндон сабабҳои озод шудани ҷинояткори бонуфузро шарҳ дод

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳукми зиндонаш, ки дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Ботукаев эълом шудааст, изҳоротеро нашр кард. Дар ин изҳорот, ки онро вакили дифои президенти пешин Замир Ҷоошев расонаӣ кард, аз ҷумла омадааст, ки ҳадафи озод кардани Ботукаев қасди истирдоди Ҷениш Боқиев (бародари президенти пешин ва фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев) ба ватан буд ва на дар маводи парванда ва на дар баёноти шоҳидон дар... Читать дальше...

Духтари 21-солаи Қодиров муовини вазири фарҳанги Чеченистон шуд

Ozodi.org 

Айшат Қодироваи 21-сола, духтари Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон муовини вазири фарҳанги ин ҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар ин бора худи Қодиров рӯзи 1 сентябр тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. "Сарфи назар аз ҷавониаш, вай таҷрибаи ғании роҳбариро дар тарҳҳои густардаву печида, аз ҷумла дар бахши фарҳанг дорад", - навишт роҳбари Чеченистон. Моҳи марти имсол Қодиров духтарашро бо медали "Хизмат барои Ҷумҳурии Чеченистон" қадрдонӣ кард. Он замон гуфта мешуд, ки Айшат барои "хизматҳои шоиста ва саҳм... Читать дальше...

AI Эронро дар поймолкунини ҳуқуқи эътирозгарон гунаҳкор кард

Ozodi.org 

Созмони Amnesty International (Афви байнулмилал) Эронро дар “як қатор ҳодисаҳои такондиҳандаи поймолкунандаи ҳуқуқи инсон” гунаҳгор кард, ки  нисбати  мардуми баъди  эътирозҳои ноябри соли 2019 боздоштшуда, аз ҷумла кӯдакони 10-сола раво дидааст. Эътирозҳо бо сабаби ногаҳон боло рафтани қимати гази моеъ дар 100 шаҳру манотиқ сар зад. Amnesty International  дар гузориши рӯзи 2 сентябраш навишт, ки мақомот бо зӯр посух доданд ва дастикам 304 эътирозгарро куштанд, чандин ҳазор нафар боздошт ва хати... Читать дальше...

Маъмурияти Трамп: афроди бекормонда аз хонаҳо берун намешаванд

Ozodi.org 

Маъмурияти Трамп амре содир кард, ки берун кардани мардум аз хонаҳои иҷораро то охири соли ҷорӣ манъ мекунад. Бо сабаби пандемияи коронавирус ва бекор мондани  миллионҳо сокини ИМА хатари бехонаву сарпаноҳ бенасиб мондани сокинон зиёд шудааст. Қарор аз ҷониби Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо содир шуда, ба иҷорагирандаҳое рабт дорад, ки соле на бештар аз 99 ҳазор доллар даромад доранд. Қарори мазкур яке аз иқдомҳои ҷиддии Кохи Сафед баъди моҳи июл мебошад. Он замон маъмурияти Кохи... Читать дальше...

Омодагии дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон ба бозии дӯстона дар Тошканд

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Узбекистон ба бозии дӯстона, ки 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар, ки бегоҳи сешанбеи 1-уми сентябр ба Тошканд расид, дар майдони Академияи «Бунёдкор» тамрин кард. Дар Тошканд ҳимоятгари “Бунёдкор” Давронҷон Эргашев ба мунтахаби миллии Тоҷикистон пайваст. Ҳамин тариқ, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон пурра шуд ва имрӯз, 2-юми сентябр, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев тамрини пешазбозиро баргузор мекунад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Владимир Спиваков

«Без сострадания нет большого художника»: музыканты Спивакова дают благотворительные концерты в Оренбурге





Персональные новости
Григорий Лепс

Телефон раздора: что грозит Лепсу за удар по смартфону фанатки





Эътирози занон дар Беларус

Ozodi.org 

Дар шаҳри Мински Беларус шоми 1 сентябр эътирози сулҳомези занҳо баргузор шуд, ки баъди эътирозҳову боздоштҳои донишҷӯён ба хиёбонҳо баромаданд. Мухолифон даъват карданд, ки рӯзи 1-уми сентябр дар кишвар коршиканиву эътироз аз тақаллуб шудани интихоботи 9-уми август ва талаби истеъфои президент Александр Лукашенко баргузор шавад ва он бо рӯзи аввали таҳсил мусодиф омад. Дар майдони Истиқлолияти Минск чандсад зан ҷамъ омада, бархе сурудхониву рақс карданд ва полис ҳам ин саҳнаро назорат мекард. Дар... Читать дальше...

Адиб Холид. Садсолагии Ҷумҳурии Бухоро

Ozodi.org 

Ба дунболи матлаби таърихнигори тоҷик Камолиддин Абдуллоев зери унвони "100 сол бе Бухоро" "Блогистон" навиштаи ховаршиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота Адиб Холид "Сад соли “инқилоб”-и Бухоро"-ро мунташир намуд. Ҳарду матлаб баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Имрӯз бахши дувуми асари Адиб Холидро нашр мекунем, ки ба баъзе аз масъалаҳои марбут ба сарнагунии аморати Бухоро рӯшанӣ меафканад.   Адиб Холид Садсолагии Ҷумҳурии Бухоро Як қарн пеш, дар сентябри соли 1920 Бухоро ҷумҳурӣ шуд. Читать дальше...

Футболбози беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018 ба "Навбаҳор"-и Намангон гузашт

Ozodi.org 

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» -и Душанбе Эҳсони Панчшанбе бо бошгоҳи футболи «Навбаҳор» -и Намангони Узбекистон шартнома ба имзо расонд. Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи футболи "Истиқлол" хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, "Навбаҳор" ба "Истиқлол" пешниҳоди расмӣ кард. Қаҳрамони Тоҷикистон ин пешниҳодро омӯхт ва барои ба бошгоҳи нав гузаштани футболбози худ розигӣ дод Эҳсони Панҷшанбе бо бошгоҳи “Навбаҳор” то охири соли 2022 шартнома бастааст. Футболбоз пас аз бозии дӯстонаи тимҳои миллии Узбекистон ва Тоҷикистон... Читать дальше...

"Гурӯҳи 24" аз боздошти яке аз пайравонаш дар Русия хабар дод

Ozodi.org 

Созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24" аз боздошти як узваш дар Русия хабар дод. Масъулини ин созмон гуфтанд, Шобуддин Бадалов рӯзи 1-уми сентябр дар шаҳри Нижний Новгород боздошт шуда, ба самти номаълум бурда шудааст. Ба гуфтаи масъулини "Гуруҳи 24", “якчанд нафар худро корманди шуъбаи 5-уми Раёсати корҳои дохилӣ муаррифӣ карда", ӯро бо худ бурданд ва маҳалли боздошти Бадалов ҳоло маълум нест.   Созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24" дар баёнияе гуфтааст, боздошти Шобуддин Бадаловро ба... Читать дальше...

Амрико қатънома оид ба сарнавишти "ДОИШ"-иҳои зиндониро вето кард

Ozodi.org 

Иёлати Муттаҳидаи Амрико рӯзи душанбеи 31-уми август қатъномаи пешниҳодии Индонезияро дар мавриди ҳазорон ҷангҷӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, вето кард. Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", ин вето дар ҳоле сурат гирифт, ки 14 узви дигари Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз пешнависи ин қатънома ҳимоят карданд. Ҳазорон ҷангҷӯи хориҷии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои исломгаро ба ҳамроҳи хонаводаашон ҳамчунон дар паноҳгоҳҳои Сурия... Читать дальше...

Норозиён аз мақомот хостанд, "Қирғизистон"-ро аз маърака берун кунанд

Ozodi.org 

Баъди қарори Додгоҳи олии Қирғизистон дар бораи иҷозаи иштироки ҳизби сиёсии "Қирғизистон" дар маъракаи интихоботӣ, шаҳрвандони норозӣ аз ин қарор рӯзи 1 сентябр сӯи Комиссияи марказии интихоботӣ роҳпаймоӣ карданд. Бархе аз дигар фаъолон пушти дари Додгоҳ олӣ ҷамъ шуданд ва аз тасмими Комисияи марказии интихоботӣ оид ба баҳси додгоҳӣ бо ҳизби "Қирғизистон" ҷонибдорӣ карданд. Иддаи дигар назди комиссияи марказии интихоботӣ омаданд ва талаб карданд, ки ҳизби "Қирғизистон" аз маъракаи интихоботӣ маҳрум карда шавад. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Шнайдер проиграла Бадосе на старте турнира WTA в Штутгарте


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о сохранении экологии Севастополя





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии отечественного судостроения   


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Владимир Зеленский подтвердил ракетный удар по аэродрому в Джанкое


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Metallica

Фронтмен Metallica Хэтфилд сделал тату с прахом умершего лидера Motorhead Лемми



Москва

Посольство: российские организации работают в штатном режиме в Иране

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net