123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 17.09.2020

Вакил хост, гумонбарони марги Рамазон Зоироворо бар асоси шиканҷа муҳокима кунанд

Ozodi.org 

Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон тафтиши парвандаи чаҳор сарбозу афсари қисми низомии "87740"-и Вазорати мудофиаро, ки дар марги ҳамхидмати худ Рамазон Зоиров гумонбар дониста мешаванд, ба поён расондааст. Як манбаъ дар Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба “суистифода аз мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳаманд. Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи хонаводаи Рамазон Зоиров хостааст... Читать дальше...

Трамп гуфт, мумкин аст, моҳи октябр дар Амрико ваксиназании саросарӣ шуруъ шавад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, моҳи октябр дар Иёлоти Муттаҳида ваксинзании сартосарии аҳолӣ аз коронавирус шуруъ мешавад ва дар поёни соли ҷорӣ 100 миллион мояи ваксин таҳия мешавад.  "Мо дар талоши он ҳастем, ки ваксинаро ба таври муассир ва бехатар дастрасу тақсим кунем. Мо бар ин назарем, ки метавонем, ин корро дар моҳи октябр шуруъ кунем", - гуфт Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед. Трамп баъдтар илова кард, ки дар сурати аз масир берун рафтани нақшаҳо, ваксинзанӣ дар ИМА мумкин аст... Читать дальше...

"Бедодгарӣ"-ҳои зукоми мурғ дар шимоли Қазоқистон

Ozodi.org 

Вазорати кишоварзии Қазоқистон рӯзи 17-уми сентябр хабар дод, ки "ба зидди паҳншавии зукоми мурғ" дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ чораҷӯйӣ мекунад. Ба иттилои вазорат, аз 9 то 16-уми сентябр дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Қазоқистони Шимолӣ талафоти мурғи хонагӣ сабт шудааст. "Марказҳои омӯзишӣ ба ин натиҷа расиданд, ки талафоти мурғ дар натиҷаи зуком рух додааст. Мақомоти Қазоқистон дар ин бора ба Созмони ҷаҳонии ҳифзи ҳайвон хабар доданд", - иттилоъ доданд дар вазорати кишоварзии Қазоқистон. Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд... Читать дальше...



Кремл мегӯяд, "Ҷараёни шимол-2"-ро бо қазияи Навалний набояд омехта кард

Ozodi.org 

Кремл мегӯяд, иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2"-ро, ки гази Русияро тавассути баҳри Балтик то ба Олмон мерасонад, набояд бо парвандаи заҳролудшавии мухолифи рус Алексей Навалний рабт дод. Олмон яке аз ҷонибдорони фаъоли иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2" аст. Вале аз эътилофи ҳоким ба раҳбарии садри аъзами Олмон Ангела Меркел даъват доранд, ки агар Маскав барои ҳамкорӣ дар тафтиши заҳролудсозии эҳтимолии Навалний розӣ нашавад, Берлин аз тарҳи бунёди лӯлаи газ хориҷ шавад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий... Читать дальше...

Фаъолони узбек аз Швейтсария хостанд, ба "дуздӣ"-и дороиҳои Гулнора Каримова иҷозат надиҳад

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ ва маҳбусони пешини сиёсии узбек дар хориҷ аз ҳукумати Швейтсария даъват карданд, ки иҷозат надиҳад, то дороиҳои дуздии Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов тавассути нақшаҳои гуногуни коррупсионӣ дубора дуздида шаванд. Ин муроҷиатномаи фаъолони узбек баъди он нашр шуд, ки ҳукумати Швейтсария гуфт, розӣ шудааст, 131 млн доллари мусодирашуда аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримоваро ба Тошканд бидиҳад. Муроҷиатнома дар сомонаи Бунёди узбекӣ-олмонӣ оид... Читать дальше...

Як мардро барои бадрафторӣ дар Душанбе 17 сол зиндонӣ кардаанд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 34-соларо барои бадрафторӣ бо чанд ноболиғ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр дафтари матбуоти Додгоҳ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Вадим Ивакин шаҳрванди Тоҷикистон аст ва маълумоти олӣ дорад. Ӯро бар асоси моддаи "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" гунаҳкор шинохтаанд. Маълум нест, худи ӯ дар додгоҳ ин иттиҳомро пазируфтааст, ё не. Вале аз рӯйи хабари Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. Читать дальше...

Оё Тоҷикистон омодааст, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам диҳад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бонки Миллии Тоҷикистон дар посух ба тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, то замоне ки "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" маблағи амонатгузоронро пардохт накунанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо тасмим гирифта намешавад. Се рӯз пеш Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ба Тоҷикистон машварат дод, ки ду бонки азими дучори мушкил - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳад. Дар изҳороти расмии созмон аз 14-уми сентябр ин бонкҳо "низомсоз, аммо пардохтнопазир" ном бурда шуданд. Аз аввали имсол бори дувум аст... Читать дальше...



Деҳоти дурдасти Сари Хосор соҳиби барқ мешаванд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Садҳо хонавода дар деҳоти Сари Хосори Балҷувон то якуним соли дигар бори аввал бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Сокинон дар ин рустоҳои дурдасти куҳистон то ҳол бо чароғ ва бархеҳо бо панел ё тоблуҳои офтобӣ манзили худро равшан мекунанд. Ширкати "Барқи тоҷик" ҳоло тасмим гирифтааст, ки бо харҷи 14,5 миллион доллар ба ҷамоати Сари Хосор хатти барқ кашад.  Давлаталӣ Холов, сардори Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб гуфт, гузаронидани хатҳои барқ дар мавзеъҳои душворгузар мушкилиҳои худро дорад ва... Читать дальше...

Расонаҳо аз аксбардорони Белорус ҳимоят карданд

Ozodi.org 

Расонаҳои бонуфузи мустақил дар Белорус ба нишони ҳамраъйӣ бо ду аксбардори зиндонӣ, аз ҷумла аксбардори Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми сентябр саҳифаҳои аввали худро холӣ чоп карданд. Онҳо дар ин саҳифаи холӣ навиштаанд, ки “Инҷо бояд як аксе мебуд”. Александр Васюкович ва Влад Ҳрудзинро барои инъикоси тазоҳуроти оммавӣ дар Минск ба 11 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Дар саҳифаҳои холии ин расонаҳо навишта шудааст, ки ҳарду аксбардор барои “ширкат дар чорабинии беиҷоза” ба ҳабс маҳкум шуданд. Влад Ҳрудзин... Читать дальше...

Қотили 77 нафар мехоҳад, ӯро афв кунанд

Ozodi.org 

Андерс Беринг Брейвик, як ростгарои ифротӣ, ки 77 нафар ва аксаран наврасонро дар Норвегия кушт, хостааст, ки ӯро афв кунанд. Вакили дифоаш Ойстен Сторвик рӯзи 16-уми сентябр гуфт, Брейвик ҳамчунин мехоҳад, ҳукумати Норвегияро барои “номуносиб” будан шароити зиндон ба додгоҳ кашад, чун ӯро аз тамоми зиндониён ҷудо нигаҳ медоранд. Андерс Брейвик моҳи июли соли 2011 бо бомбгузорӣ дар назди як қароргоҳи ҳукумат 8 нафарро дар шаҳри Осло кушт ва сипас дар либоси афсари пулис ба як урдӯгоҳи наврасони... Читать дальше...

Амрико ду эрониро ба рахнагарӣ муттаҳам кард

Ozodi.org 

Додситонҳо дар Амрико мегӯянд, ки ду шаҳрванди Эронро ба рахнагарии донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ва чандин муассисаҳои дигар дар ин кишвар, Аврупо ва Ховари Миёна муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Ҳуман Ҳайдариёни 30-сола ва Меҳдӣ Фарҳодии 34-сола даҳҳо терабайт иттило, аз ҷумла дар бораи амнияти миллӣ, ҳавонавардӣ, таҳқиқоти нашрношуда ва дигар маълумоти ҳассосро аз ин муассисаҳо дуздидаанд. Вазорати адлияи Амрико рӯзи 16-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳарду муттаҳам ба ҷиноятҳо... Читать дальше...

Ҳамроҳонаш мегӯянд, зарфи оби Навалний олуда будааст

Ozodi.org 

Шарикони Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия мегӯянд, олудагиҳои заҳри фалаҷкунандаи асабро дар яке аз зарфҳои оби ӯ дар утоқаш дар шаҳри Томск пайдо кардаанд. Навалнийи 44-сола дар дохили ҳавопаймое, ки аз Томск ба Маскав парвоз мекард, бемор шуд ва ӯро ба шифохонаи шаҳри Омск оварданд. Алексей Навалнийро сипас барои муолиҷа ба бемористони Харите дар Олмон бурданд ва ба гуфтаи табибон, ташхис нишон додааст, ки ӯ бе ягон шакку шубҳа аз заҳри қотил аз гуруҳи “Новичок” заҳролуд шудааст. Моддаи... Читать дальше...

Антонио Гутерреш COVID-19-ро хатари рақами 1 дар ҷаҳон номид

Ozodi.org 

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, пандемияи COVID-19 ҳануз ҳам «хориҷ аз назорат» мемонад ва ҷаҳон ба «марҳилаи торик»-и марги як миллион нафар аз коронавирус наздик мешавад. Антонио Гуттереш дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 16-уми сентябр гуфт, ки коронавирус таҳдиди рақами як ба амният дар ҷаҳон шудааст ва буҳронеро ба вуҷуд овардааст, ки «дар аҳди мо собиқа надоштааст». Ӯ гуфт, ҳафтаи оянда дар нишасти онлайнии Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба раҳбарони кишварҳои... Читать дальше...


Музыкальные новости
Песня

Совместная Песня со Звездой.





Персональные новости
Анастасия Ивлеева

Блогер Ивлеева не явилась в суд на заседание по делу о дискредитации ВС России





"Гапи Озод": Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар? ВИДЕО

Ozodi.org 

Талоши худпешбарии Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ, монеаеро дар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ошкор кард, ки шаҳрвандон ҳақ надоранд мустақилона номзад ба мансаби раиси ҷумҳурӣ шаванд. Қонун танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон ва маҷлисҳои вилоятӣ иҷоза додааст, ки номзадҳоро ба мақоми президент пешбарӣ куннад. Иддае мегӯянд, ин банди қонун бо Конститусия мухолифат дорад. Оё ин ҳолат барои кишвар хуб аст, ё бад? Дар баҳси имрӯз Сайфулло Сафаров,... Читать дальше...

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?

Ozodi.org 

Эълони Фаромуз Иргашев як ҳуқуқшиноси ҷавон барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ монеаро дар Қонуни интихобот возеҳ кард, ки касе ҳақ надорад мустақилона номзад ба мақоми президент шавад. Дар барномаи Гапи Озод Сайфулло Сафаров сиёсатшинос ва Иззат Амон фаъоли ҷамъиятӣ баҳс мекунанд.

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон, ё номзадҳои "идорашаванда"?

Ozodi.org 

Аксар коршиносон чаҳор номзадеро, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти амалкунанда барои иштирок дар интихоботи 11-уми октябр сабти ном шудаанд, “номзадҳои идорашаванда аз ҷониби ҳукумат” меноманд. Назаре, ки номзадҳои сабтиномшуда “туҳмати беасос” медонанд. Рӯзи 14-уми сентябр Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва чаҳор нафареро, ки худро аз рақибони ӯ медонанд, барои ширкат дар интихоботи 11-уми октябр сабти ном кард. Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби... Читать дальше...

Трамп размкори русиягӣ Ҳабиб Нурмагомедовро ситоиш кард

Ozodi.org 

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп размкори русиягии муҳорибаи омехта (ММА) Ҳабиб Нурмагомедовро ситоиш кард. Суханони ӯро оҷонсии навгониҳои RT иқтибос овардаст. Трамп изҳор кард, ки Нурмагомедов беҳтарин варзишгар дар қаҳрамонии мутлақ (UFC) новобаста аз дараҷаи вазн мебошад. Ба ақидаи ӯ, Ҷастин Гэйҷии амрикоӣ ба рақобати бузург муқобили  русиягӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. «Мубориза пеш аз интихобот баргузор мешавад, аммо ман онро тамошо мекунам. Ин як қувваозмоии ғайриэҳтимолӣ хоҳад буд», - хулоса кард президенти ИМА Трамп. Читать дальше...

Як намояндаи Хадамоти алоқа гуфт, ки чаро Интернет дар Тоҷикистон як соат қатъ шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расман сабаби як соат пурра қатъ шудани Интернетро дар кишвар шарҳ надоданд. Аммо як намояндаи Хадамот бе зикри номаш рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Соати 19:40 ба вақти Душанбе воридшавии Интернет ба Тоҷикистон қатъ шуд. Давоми ним соат ба канали захиравӣ гузаштем. Мутахассисон сабаби рух додани ин ҳолатро муайян карда истодаанд." Тасдиқи дурустии ин гуфтаҳо аз манобеи мустақил дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд... Читать дальше...

Сафари дурӯзаи вазири умури хориҷии Афғонистон ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 17-уми сентябр дар раъси як ҳайати баландпояи давлатии он кишвар бо сафари дурӯза вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шудааст. Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки дар ин сафар Ҳаниф Атмарро раисони чанд вилоят, намояндагони порлумон ва мақомоти дигари давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар расонаҳои Тоҷикистон то ҳануз роҷеъ ба сафари оқои Атмар ва барномаву мулоқотҳои ӯ дар Душанбе хабаре нашр нашудааст. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Продлить жизнь помогут движение, отсутствие стресса и добрые друзья


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

П’ять українок отримали суперниць в основі турніру WTA 1000 в Мадриді: результат жеребкування


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Результативность, вовлечённость, трудоголизм — где грань? Книга от автора российской модели факторов вовлечённости персонала.





Путин в России и мире
Москва

Тема дня: Путин назвал сохранение духовных ценностей условием укрепления суверенитета


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

VII Всебелорусское народное собрание: основные заявления Александра Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Священнику, отпевавшего Навального, запретили носить рясу и крест



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

"Новосибирск, бро, за всё прости": концерт Басты на "Сибирь-Арене" собрал аншлаг



Москва

Арестован злоумышленник, ранивший мотоциклиста на Краснодарской

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net