123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 10.09.2020

Фавти 72 кас аз COVID-19 дар Тоҷикистон. Шумори беморон ба 9 ҳазор наздик шуд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 10-уми сентябр гуфт, ки дар ду рӯзи ахир ду каси дигар аз коронавируси нав ҷон бохтаанд ва талафот аз COVID-19 дар кишвар ба 72 нафар расид. Айни замон вазорат гуфтааст, дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 40 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст. Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 10-уми сентябр коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8939 нафар сироят кардааст. Беш аз 86 дар сади онҳо ё 7714  нафар аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд. Читать дальше...



Худкушӣ ва худсӯзии беш аз 300 нафар дар ним сол. Чаро онҳо аз ҷони азизи хеш безор шуданд?

Ozodi.org 

10-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушист. Бино ба иттилои Кумитаи занон ва оила, дар шаш моҳи аввали имсол 312 кас худкушӣ ва худсӯзӣ кардаанд ва ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳолат кам аст. Дар гузорише аз як зан, ки замоне қасди худкушӣ дошт ва мутахассисону равоншиносон пурсидем, ки чаро баъзе афрод қасд ба ҷони худ мекунанд? Рафтори онҳо беморист, эътироз ба атрофиён ё тоб наовардан ба мушкилҳои зиндагӣ? Чанд сабабе, ки Маҳинаро ба фикри худкушӣ бурдааст  Маҳинаи... Читать дальше...

Ҷойивазкунии генералҳо. Тағйироти кадрӣ дар ВКД

Ozodi.org 

Бино ба як қарори ҳукумати Тоҷикистон, Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири умури дохилӣ аз мансабаш озод шудааст. Дар шарҳи қарор, ки рӯзи 10-уми сентябр нашр шуд, гуфтаанд, ӯро "ба кори дигар гузаронданд". Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ 10-уми сентябр гуфт, Маҳмадсаид Саидзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъин гардид. Сардори пешини раёсати умури дохилии Рашт Сафиулло Азизуллозода ҳафтаи гузашта аз мақом озод гардид. Генерал Саидзода 56-сола аст ва... Читать дальше...



Трамп: намехоҳам мардумам ба воҳима дода шавад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп тасдиқ кард, ки ба хотири роҳ надодан ба тарсу воҳима дар оғоз хатари коронавирусро камтар нишон медод. Ин изҳороти ӯ рӯзи 9-уми сентябр дар посух ба интиқоди Ҷо Байден, рақиби интихоботии ӯ аз ҳизби демократ буд, ки гуфт, Трамп бо кам кардани хатари коронавирус ба амрикоиҳо хиёнат кардааст. Трмп дар нишасти матбуотии рӯзи чоршанбе дар Вашингтон гуфт: “Ман барои ин кишвар ғам мехӯрам. Ман ин кишварро дӯст медорам ва намехоҳам, ки мардумаш битарсад. Намехоҳам, ки воҳима эҷод шавад. Читать дальше...

Der Spiegel: Вазъи Навалний беҳтар мешавад

Ozodi.org 

Маҷаллаи олмонии “Der Spiegel” гузориш дод, ки вазъи саломатии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний дар беморхона беҳтар шудааст ва ӯ дар мубориза бо паёмадҳои заҳри навъи “Новичок” пешрафт мекунад. Вале як сухангӯи Навалний ин изҳоротро зери шубҳа бурд. Мунаққиди Кремлин дар беморхонаи “Шарите”-и Берлин таҳти муолиҷа қарор дорад. Ӯро рӯзи 22-юи август бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ карданд ва ахиран табибон гуфтанд, ки Навалний ба ҳуш омадааст. Олмон аз Русия талаб кард, ки ҳолати бо Навалний рухдодаро шарҳ диҳад... Читать дальше...

Раҳбари мухолифони Беларус Колесникова гуфт, ба ҷонаш таҳдид карданд

Ozodi.org 

Мария Колесникова, як раҳбари мухолифони Беларус гуфтааст, ки замони боздошту талоши ихроҷи ӯ аз кишвар, мақомот ба сараш халта андохта таҳдиди марг карданд. Дар ин бора вакили дифои ӯ рӯзи 10-уми сентябр ба вебсайти хабарии Tut.by хабар дод. Вакили дифоъ Людмила Казак гуфт, ки Колесникова дар ин замина изҳороте дода, дар фикри ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо, аз ҷумла КГБ-и Беларус мебошад. Колесникова ва ду ҳамкори дигараш рӯзи 7-уми сентябр аз ҷониби мардони ниқобпӯш аз кӯчае дар Минск рабуда шуд. Читать дальше...

Тоҷикистон ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳро маҳкум кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистонро шадидан маҳкум кард. Дар эъломияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10-уми сентябр нашр кард, ҳамла ба Солеҳ "амали нангини террористӣ" номида шудааст. Ҳодиса рӯзи 9-уми сентябр дар Кобул иттифоқ уфтод ва бар асари он шуморе аз мардум ҷон бохтаву захмӣ шуданд. "Мо ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу мекунем", -- гуфта шудааст дар эъломияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Читать дальше...

ИМА визаи беш аз 1000 донишҷӯву муҳаққиқи чиниро қатъ кард

Ozodi.org 

Мақомот дар ИМА гуфтанд, ки бар асоси қарори рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ виза ё раводиди беш аз 1 ҳазор шаҳрванди Чин, ки бо ҳадафи таҳсил ваё таҳқиқот дар ИМА тақдим шуда буданд, бекор гардиданд. Як сухангӯи департаменти давлатии ИМА рӯзи чоршанбе гуфт, ки чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ гирифта шудааст.   Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки бо наздикшавии интихоботи моҳи ноябри имсол бархӯрди президент Доналд Трамп нисбат ба Чин шадидтар мешавад. Равобити Чину ИМА дар моҳҳои охир пуртаниш шудааст. Читать дальше...

Байден назарҳои Трамп дар бораи коронавирусро "хиёнат" ба ИМА номид

Ozodi.org 

Собиқ муовини президенти  ИМА Ҷо Байден гуфт, изҳори назарҳои хусусии президенти ИМА Доналд Трамп дар зимистони гузашта дар бораи хатарҳои коронавируси нав, ки гуфтааст, ин вирус бадтар аз як зуком нест, “хиёнат” ба мардуми Амрико аст. Зимни суханронӣ дар Мичиган рӯзи 9-уми сентябр ӯ гуфт, ки Трамп ҷиддияти вирусро медонист, вале “огоҳона хатари онро кам нишон медод”. Ин посухи Байден ба як сабте буд, ки дар он Трамп дар оғоз ба хотири роҳ надодан ба воҳима хатари коронавируси навро камтар нишон дод. Читать дальше...

"Соро компания" ва "Равшан" дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал

Ozodi.org 

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки рӯзи шанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳам рақобат мекунанд. Рӯзи 9-уми сентябр бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал доир гардид. Дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, дастаҳои "Муҳоҷир" ва "Соро компания" рӯ ба рӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии “Соро компания” бо ҳисоби 3: 0 хотима ёфт. Голҳоро Некрӯз Алимаҳмадов, Рустам Ҳамидов ва Муҳаммад Раҷабов ба самар расонданд. Читать дальше...

Помпео: зоҳиран амри заҳролудшавии Навлнийро мақомоти баландпояи Русия содир кардаанд

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний бо амри мақомоти баландпояи Маскав заҳролуд шудааст. Помпео рӯзи 9-уми сентябр дар як мусоҳибаи радиоиаш гуфт, мардум дар саросари ҷаҳон “ингуна фаъолиятҳоро мебинанд ва ин чӣ маъно дорад?”. Ӯ гуфт, вақте мардум мебинад, ки як дигарандеш заҳролуд шудааст, онҳо дарк мекунанд, ки “ба эҳтимоли ғолиб ин чиз аз мақомоти баландпояи Русия амр шудааст ва ин барои мардуми Русия хуб нест”. Аъзои тими Навалний... Читать дальше...

Машқҳои серӯзаи нирӯҳои эронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз

Ozodi.org 

Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки рӯзи 10-уми сентябр нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар обҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз машқҳои серӯзаи баҳриро шурӯъ карданд. Дар машқҳои нақшавии солона воҳидҳои баҳриву ҳавоӣ ва заминӣ, аз ҷумла киштиҳои зериобиву ҳавопаймоҳои бесарнишин иштирок мекунанд.    Адмирал Ҳабибулло Сайёрӣ, фармондеҳи маневрҳои солона бо номи рамзии “Зулфиқор-99” рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки бозиҳои ҷангӣ бар зидди таҳдидҳои хориҷӣ ва хатари убури марз нигаронида шудаанд. Нирӯҳои баҳрии эронӣ тамоми... Читать дальше...

Як моҳи талотум дар Белорус. Оянда чӣ хоҳад буд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бори аввал дар аҳди 26-солаи ҳукуматаш Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ба тазоҳуроти оммавӣ, саросарӣ ва давомдоре рӯ ба рӯ шудааст. Бо вуҷуди як моҳи тазоҳурот ҳеч аломате аз тан додани ӯ ба талаби тазоҳургарон барои истеъфо дида намешавад.


Музыкальные новости
Сергей Шнуров

Кормухина отказалась называть Шнурова музыкантом из-за его отношения к профессии





Персональные новости
#123ru.net

Объявленный в розыск житель Майминского района оплатил почти миллион рублей задолженности по алиментам





Бозори "Панҷшанбе" ба ихтиёри "Тоҷикматлубот" гузашт. Молики қаблӣ ҷуброн мехоҳад

Ozodi.org 

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ низ аз ширкати "Фортуна" ба ихтиёри "Тоҷикматлубот" гузаштани бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷандро дуруст ва қонунӣ донист. Вале соҳиби қаблии бозор мегӯяд, ин поёни баҳс нест ва барои аз молики нав рӯёнидани арзиши бозор талош хоҳанд кард. Раҳим Шарифзода, ҳуқуқшиноси ширкати "Фортуна" дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "арзиши мувозинатии бозори "Панҷшанбе" 83 миллион сомонӣ аст. Вале то ҳозир ба ширкати мо ҳудуди 3.5 миллион сомонӣ доданд. Читать дальше...

Анҷоми марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон- 2020

Ozodi.org 

Марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бо бозии ниҳоии давраи дувум миёни дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб ба поён расид. Ин бозӣ, ки 8-уми сентябр дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо пирӯзии “Сипар” бо ҳисоби бузурги 19:3 хотима ёфт. Дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания» -и Душанбе, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввали лига мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол карданд, ба нимфинал баромаданд ва дар ин марҳилаи қаҳрамонии Тоҷикистон рақибони худро интизор мешаванд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Пункты проката спортинвентаря откроются в парках Москвы 1 мая


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

П’ять українок отримали суперниць в основі турніру WTA 1000 в Мадриді: результат жеребкування


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

LG ЗАНИМАЕТ ЦЕНТРАЛЬНОЕ МЕСТО НА 37-М МЕЖДУНАРОДНОМ СИМПОЗИУМЕ И ВЫСТАВКЕ ЭЛЕКТРОМОБИЛЕЙ





Путин в России и мире
Москва

Путин сказал Алиеву: "Пора!". Новый БАМ пройдет через Кавказ. Транспортным коридором "Север — Юг" Россия и Азербайджан перешли дорогу Западу


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко ограничил выплату дивидендов гражданам недружественных стран




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Патриарх Кирилл запретил в служении священника, проводившего панихиду по Алексею Навальному



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Александр Розенбаум

Певец Розенбаум похвастался возрождением сети советских пивных в Петербурге



Москва

Турсервис Russpass опубликовал пять новых маршрутов по весенней Москве

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net