ФФТ санаи баргузории бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро эълон кард
Бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол рӯзҳои 13-ум ва 15-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи якшанбе, 13-уми сентябр, ду бозии 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон доир мегардад. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Эсхата»-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар - рақобат мекунанд.
Ду бозии дигари чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 15-уми сентябр, баргузор мешавад. «Локомотив-Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бо «Кӯктош»-и Рӯдакӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила (муқаддамотӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
1/4 финал
13-уми сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
«Эсхата» – «Хатлон»
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»
15-уми сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
«Истаравшан» – «Кӯктош»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992-2019)
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.