Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Ятимов бо мақомоти афғон тақвияти марз ва муқобила бо терроризмро баррасӣ кард

0
Ятимов бо мақомоти афғон тақвияти марз ва муқобила бо терроризмро баррасӣ кард

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ кардааст.

Дар хабаре, ки рӯзи панҷшанбеи 10-уми сентябр дар сайти расмии Вазорати дифои Афғонистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои он кишвар ва Саймуъмин Ятимов дар бораи ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва мавзуи сулҳ, гуфтугӯ кардаанд.

Дар ин идомаи ин хабар омадааст, ки сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар бахшҳои гуногун изҳори итминон карда, бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар робита ба ин сафари оқои Ятимов ва муҳтавои гуфтугӯи ӯ бо мақомоти Кобул хабаре нашр накардаанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2018 низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти баландояи Афғонистон роҷеъ ба амнияти минтақа гуфтугӯ карда буд.

Сафари оқои Ятимов ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст фардо, шанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Давҳа-пойтахти Қатар, гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон оғоз шавад. Тоҷикистон гуфтааст, аз раванди сулҳ дар дар Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунад.

Чанд рӯз қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат карда буд. Аз ин пештар чунин тамоси телефонӣ миёни Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳаниф Атмар, сарпарасти вазорати умури хориҷии Афғонистон сурат гирифта буд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон он замон навиштанд, ки раванди сулҳи Афғонистон ва густариши ҳамкориҳо миёни Душанбеву Кобул аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯ миёни тарафҳо будааст.​

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин представил масштабную программу фестиваля "Пасхальный дар"


Спорт в России и мире
Москва

Команда Орловской области стала победителем хоккейного турнира среди команд Черноземья


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Самсонова победила Осаку и вышла в третий круг турнира WTA 1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Концентрация песка в городском воздухе возвращается к обычным значениям





Путин в России и мире
Москва

Поведение Путина вызвало резонанс, потерянные в 90–е заводы возвращаются РФ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Басманный суд Москвы арестовал продюсера Reuters Константина Габова за помощь ФБК в подготовке материалов



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Трофимов

Сергей Трофимов выступит с летним концертом в Зеленом Театре ВДНХ



Москва

Новые кассы для покупки билетов на речные прогулки открыли на причале «Китай-город»

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net