Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Лукашенко гуфтааст, шояд воқеан ҳам ӯ дар курсии президентӣ “каме бештар” нишастааст

0
Лукашенко гуфтааст, шояд воқеан ҳам ӯ дар курсии президентӣ “каме бештар” нишастааст

Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфтааст, шояд воқеан ҳам ӯ дар курсии президентӣ “каме бештар” нишастааст. Ин изҳороти ӯ дар сӯҳбат бо телевизионҳо Русия рӯзи 8-уми сентябр дар ҳоле буд, ки  як шабонарӯз нопадид шудани се узви аршади мухолифин мояи интиқодҳои бисёрҷониба шуд. Марзбонҳои Беларус гуфтанд, ки Мария Колесниковаро дар марз бо Украина  боздошт карданд, ин дар ҳолест, ки субҳи 7-уми сентябр хабарҳо дар бораи аз ҷониби афроди ношиносе савори мошин рабуда шудани Колесникова расонаӣ шуд. Муовини вазири умури дохилии Украина гуфт, ҳодисае, ки бо Колесникова дар марз гузашт, талоши “ихроҷи маҷбурӣ” бо ҳадафи заъиф кардани мухолифони Беларус буд. Мария Колесникова, Антон Родненков ва Иван Кравсов субҳи соати 5-и рӯзи сешанбе дар дохили  як мошин ба назди гузаргоҳи марзии Александровкаи воқеъ дар вилояти Гомел расиданд. Антон Бичковский, намояндаи Кумитаи давлатии марзбонии Беларус дар оғоз гуфт, ки ин се нафар кишварро тарк карданд. Вале телевизиони давлатӣ баъдан дар нақли қавл аз Бичковский гуфт, ки Колесникова боздошт шуд ва ду нафари дигар тавонистанд ба хоки Украина ворид шаванд. Ҳарсеи онҳо дар Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон шахсиятҳои калидӣ ҳастанд. Ин Шӯро президент Александр Лукашенкоро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август гунаҳгор карда, талош мекунад Лукашенкоро водор бикунад, ки аз роҳи сулҳомез қудратро интиқол бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, матбуоти русӣ бо такя ба Лукашенко навишт, ки ӯ аз мақом рафтанӣ нест. Вале ӯ дар  мусоҳибааш ба телевизионҳои Русия эътироф кардааст, ки муддати хеле зиёд дар қудрат боқӣ мондааст. “Бале, шояд ман каме зиёдтар истодам”, гуфтааст ӯ. Ӯ гуфтааст, ки интихоботи нав баъди ислоҳоти конститутсионӣ барпо мешавад, вале мухолифон инро як тактика ё шеваи таъхир дар вокуниш ба эътирози мардум номидааст.

  

Дар изҳороте Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки гуфт, режими Беларус аз роҳи одамрабоиву  таҳдид талош мекунад пеши роҳи эътирозҳои мардумии чор ҳафтаи охирро бигирад. Дар ин муддат ҳазорҳо эътирозгар боздошт, журналистон таҳдиду озор ва ронда шуда, наворҳои видеоӣ дар бораи ваҳшонияти нирӯҳои интизомӣ дар нисбати боздоштшудаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Раҳбарии мухолифонро Светлана Тихановская ба ӯҳда дорад, ки дар интихобот ӯро мағлуб эълон карданд ва ӯ маҷбур шуд баъди чанд рӯзи интихобот ба Литва биравад. Рӯзи 8-уми сентябр Тихановская дар кумитаи умури сиёсиву демократияи Маҷмааи умумии парлумони Аврупо гуфт, ки бояд нисбати мақомоти Беларус таҳрим ҷорӣ шавад. Инчунин ҳафтаи ҷорӣ ӯ қарор аст дар Варшава бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯе анҷом диҳад. Лукашенко, ки то ҳол панҷ мӯҳлати президентӣ кор кардааст, муколама бо мухолифон ва даъвати интихоботи навро рад кардааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин обнародовал программу развития столичного туризма


Спорт в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о Всероссийском конкурсе спортивных проектов «Ты в игре»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

16-летняя теннисистка Андреева обновила рекорд турниров WTA-1000


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Ключевой аспект успеха: как построить долгие и хорошие отношения с клиентом





Путин в России и мире
Москва

«Ану-ка, девушки!»: какой была легендарная передача, которая вернется на ТВ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко заявил о желании построить в Белоруссии вторую АЭС




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Генсек НАТО прибыл в Киев: главные заявления Столтенберга и Зеленского


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Антонина Арталевская

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week



Москва

В подмосковном Королеве произошел пожар в промзоне

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net