Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2021

Новости за 28.05.2021

Расонаҳо аз ду ҳолати нигаронкунанда дар марзи Тоҷикистону Қирғистон хабар доданд

Ozodi.org 

Марзбонони қирғиз аз панҷ шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ду нафари онҳоро озод кардаанд. Се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, шаби 28-уми май ҳангоми убури марз дар ҳудуди Уши Қирғизистон ва ду нафари раҳошуда рӯзи 26-уми май дар мавзеҳои баҳсӣ боздошт шудаанд. Дар ҳукумати вилояти Уш ба хабаргузории“Клуб” гуфтаанд, ки ин се нафар аз Бишкек озими Тоҷикистон буданд ва ду нафари онҳо бо худ санад надоштаанд. “Онҳо нақл кардаанд, ки дар корхонаи истеҳсоли хишт дар... Читать дальше...

Биржаи нав умед дорад, ки мушкили муҳоҷирони кориро ҳал мекунад

Ozodi.org 

Як ширкати тозатаъсиси вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба интиқоли дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия шурӯъ кардааст. Қарор шудааст, ки ҳар гурӯҳи на камтар аз 50-нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро як намояндаи ин ширкат ҳамроҳӣ намояд, то дар зиндагиву кори ин афрод мушкиле пеш наояд.



Чаро YouTube Узбекистонро чап гирифт?

Ozodi.org 

Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ бо шабакаҳои иҷтимоиро бознигарӣ мекунанд. Шояд ин яке аз сабабҳои ҷой доштани мушкили корбарон бо YouTube дар Узбекситон бошад.

Мулоқоти Лукашенкову Путин дар Сочи барпо мешавад

Ozodi.org 

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко ва президенти Русия Владимир Путин дар Сочи мулоқот мекунанд. Ҳамзамон  вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо  барои баррасии таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Минск дар посух ба фуруд овардани ҳавопаймои тиҷоратӣ ва ҳабси журналист ҷамъ хоҳанд шуд.  Мулоқоти Путин ва Лукашенко, ки рӯзи 28-уми май дар шаҳри Сочи барпо мешавад, қабл аз ҳодисаи дар хоки Минск фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ Раман Пратасевич ва дӯстдухтараш София Сапега... Читать дальше...

Диктатори Сурия Башор Асад бо 95 % барандаи интихоботи президентӣ шуд

Ozodi.org 

Диктатори Сурия Башор Асад бори чорум дар интихоботи президентӣ баранда эълон шуд ва акнун барои ҳафт соли дигар ҳам ин кишвари ҷангзадаро раҳбарӣ хоҳад кард. Мақомот гуфтанд, ба тарафдории Асад 95 дар сади раъйдиҳандагон овоз доданд. Баъди шурӯи низоъҳои дохилӣ дар Сурия 10 соли пеш ин дуюмин бор аст, ки дар ин кишвар интихоботи президентӣ барпо мешавад. Натиҷаҳои онро мухолифон ва Ғарб ҳамчун сохтакоришуда маҳкум карданд. Дар муқобили Асад ду номзади начандон маъруф қарор доштанд. Хонаводаи Асад инак панҷоҳ сол аст... Читать дальше...

ВКД расман ҷустуҷӯи Диловар Гулов, писари Гул Шералиро эълон кард

Ozodi.org 

Раёсати Вазорати корҳоидохилии Тоҷикистон Диловар Гулов (Диловар Шерализода), писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо нашри хабари дар кофтуков қарор доштани Диловар Гулови 25-сола дар сомонааш навиштааст, ки ӯ дар “авбошии гуруҳӣ” гумонбар мешавад. Мақомот аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар пайдо кардани ӯ кумак кунанд. Пештар Радиои Озодӣ бо такя ба ҳамсуҳбатонаш дар мақомот навишта буд... Читать дальше...



СММ: сӯиистифодаҳои муттасил дар қаламравҳои Исроилу Фаластин таҳқиқ шавад

Ozodi.org 

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи 27-уми май ба таҳқиқи низои ахири Ғазза ва ҳам ҳолатҳои сӯиистифодаи “муттасил”-и исроилиҳо дар нисбати фаластиниҳо иҷоза дод. Қатъномаи мазкур бо аксарияти овозҳо қабул шуд. Масъули ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, ки низомиёни исроилӣ метавонистанд дар Ғазза даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ зананд ва раҳбарони узви Ҳамоси  ин анклави фаластинӣ аз роҳи партоби берабти мушакҳо болои Исроил қонунҳои байналмилалии башариро вайрон кардаанд. Пеш аз оташбасе, ки ҳафтаи гузашта дар ин минтақа ҳукмфармо шуд... Читать дальше...

Малах рӯзии ҳазорон нафарро дар Хатлон мехӯрад

Ozodi.org 

Селаи малахи марокашӣ 87 ҳазор гектар кишти заминҳои кишоварзонро дар Тоҷикистон хароб кардааст. Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки масоҳати чунин замин эҳтимол дорад то 115 ҳазор гектар афзоиш ёбад. Як селаи малах дар масоҳати як километри муррабаъ метавонад дар як рӯз 35 ҳазор аҳолиро аз ғизои кишоварзӣ маҳрум созад.

ИМА Русияро огоҳ  кард, ки ба созиши “Осмони боз” барнамегардад

Ozodi.org 

ИМА Русияро огоҳ кард, ки ба созиши бо номи “Осмони боз” дубора барнамегардад. Ин санад назорати ғайримусаллаҳонаи ҳаворо  аз болои ҳадафҳои низомии кишварҳои имзогузори ин санад иҷоза медод. Венди Шерман, муовини котиби давлатии ИМА гуфт, ки дар ин бора рӯзи 27-уми май ҳамкори руси худро огоҳ кардааст ва вазорати хориҷаи Русия ҳам тасдиқ кард, ки чунин огаҳиро дастрас намуданд. Мақоми Департаменти давлатӣ гуфт, “ИМА мутаассиф кард, ки Русия қоидаҳои созиш оид ба “Осмони боз”-ро вайрон кард”. Моҳи... Читать дальше...

Вазири корҳои хориҷии Арманистон аз мақомаш истеъфо дод

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян рӯзи 27-уми май ва шаш моҳ баъди таниши эҷодшуда дар равобит бо Озарбойҷон, ки баъди ҷанги шашҳафтаинаи тирамоҳи порсол эҷод шуд, аз мақомаш истеъфо дод. Сабаби расмии истеъфои вазир нашр намешавад. Анна Нағдалян, сухангӯи вазорати умури хориҷии Арманистон гуфт, ки феълан онҳо дар бораи сабабҳои тарки мақом кардани вазир шарҳе намедиҳанд. Номаи истеъфои вазир баъди ҷаласаи Шӯрои амнияти Арманистон имзо шуд. Дар ин ҷаласа мавзӯи таниши ахир дар равобити... Читать дальше...

Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон роҳи алтернативӣ месозад

Ozodi.org 

Дар вилояти Бодканд ба сохтмони роҳи алтернативӣ ба деҳаи Оқ-Сой оғоз кардаанд, ки он бе убури ҳудуди ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, аз тариқи Мин-Булак-Чорго ба ин деҳа бояд расад. Рӯзи 28-уми май Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба кори роҳсозон шинос шуд. Ӯ гуфт, ки роҳи нав ҳамчун роҳи алтернативӣ "аҳамияти стратегӣ" дорад. Дарозии роҳи Мин-Булак - Чорго - Оқ-Сой 48 километрро ташкил медиҳад. Дар хабарномаи расмӣ гуфта мешавад, ки кор дар дарозии 7 километри роҳ оғоз шудааст ва тарҳи... Читать дальше...

Матбуот: "Сибир" ҳақи парвоз ба Тоҷикистонро барқарор кард

Ozodi.org 

Матбуоти русӣ менависад, ки ширкати ҳавоии "Сибир" дигарбораи иҷозати анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистонро дарёфт кардааст. Рӯзи 18-уми май мақомоти тоҷик бинобар гаронии нархи билетҳои ин ширкат ба самти Русия парвози ҳавопаймоҳои онро ба Тоҷикистон манъ карданд. Чунин тасмим боиси сарсонии садҳо мусофирони тоҷике шуд, ки аллакай билети парвозро дар даст доштанд. Он замон намояндагони ширкати "Сибир" вуҷуди мушкилот ҷиҳати дарёфти иҷозати парвозро тасдиқ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки масъаларо ҳал хоҳанд кард. Читать дальше...

Вазорати дифои Тоҷикистон: нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми май гузориш дод,  ки нақшаи даъвати баҳории имсола ба хидмат дар артиш 100 фоиз иҷро шудааст. Вале расман маъракаи даъват то 31-уми май идома хоҳад кард. Сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар назди вазорат бо иштироки масъулин ва комиссариатҳои ҳарбӣ чигунагии баргузории маъркаи даъвати имсола натиҷагирӣ шавад. Даъвати баҳорӣ дар шароите ба поён мерасад, ки аз оғози мавсим дар шабакаҳои иҷтимоӣ... Читать дальше...

Домодҳои тоҷик дар Маскав хушхарид шудаанд?

Ozodi.org 

Cоли ҷорӣ бонувони шаҳри Маскав, ки бо хориҷиҳо издивоҷ кардаанд,  бештар аз ҳама бо шаҳрвандони Тоҷикистон оила барпо кардаанд. Хабаргузории расмии ТАСС аз қавли идораи ЗАГС-и пойтахти Русия менависад, дар соли 2021 аз миёни 1500 ҳолати ақди никоҳи  занону духтарони сокини шаҳри Маскав бо мардони хориҷӣ , 355 мавриди он ба зодагони Тоҷикистон рост меояд. Баъд аз тоҷикҳо занони рус ба издивоҷ бо шаҳрвандони Озарбойҷон, Украина, Қирғизистон ва Беларус бартарӣ додаанд . Бино ба иттилои раёсати ЗАГС-и шаҳри Маскав... Читать дальше...

Хадамоти муҳоҷират гуфт, Путин як муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кард

Ozodi.org 

Президенти Русия як муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кардааст. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Камолов дар ҳавзаи Шимолу Ғарби ин кишвар дар  паҳнои 100 гектар замини кишоварзӣ ба парвариши сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул будааст. Заҳмати шаҳрванди Тоҷикистонро ҳукумати Русия ба инобат гирифта, бо фармони Владимир Путин ӯ бо ифтихорнома ва медали хотиравӣ супоридааст. Хадамоти муҳоҷират рӯзи 28-уми май навишт, ки  Парвиз Камолов дар давраи пандемияи... Читать дальше...

Мақомоти рус дар фикри эмкунии муҳоҷирону донишҷӯёни хориҷӣ шуданд

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия дар андешаи шурӯи маъракаи эмкунии  муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ мебошад.  Татяна Голикова, муовини сарвазири Русия ахиран гуфт, ки  ин масъала дар сатҳи федеролӣ матраҳ хоҳад шуд. Зарурати эмгузаронии муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷӣ аз коронавирусро волӣ ва ё губернатори вилояти Астрахан бо ҳукумати Русия дар миён гузошта буд. Игор Бабушкин гуфтааст, дар Астрахан эмгузаронӣ тибқи харитаи роҳ сурат мегирад. Дар айни замон ӯ изҳори нигаронӣ намудааст, ки бо зиёд шудани шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин вилоят... Читать дальше...


Музыкальные новости
Антонио Вивальди

«Вивальди. Времена Года. Шнитке. Кончерто Гроссо»: концерт в старинном соборе при поддержке Relax FM





Персональные новости
Кубок

В Москве завершился Кубок России по спортивному программированию





Афзоиши нархи гази моеъ дар Хуҷанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Хуҷанд афзоиши нархи гази моеъ мушоҳида мешавад ва ба навиштаи хабаргузории "Суғднюс", рӯзи 28-уми май як литр гази моей аз марзи 5 сомонӣ убур кард.  Cабаби ҷаҳиши нарх маълум нест, вале ронандагон дар сӯҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ҳамасола бо шурӯи корҳои кишоварзӣ қимати гази моеъ боло меравад. Вале то ба ин ҳад афзудани арзиши он бесобиқа будааст. Бахши вилоятии Хадамоти зиддиинҳисорӣ  ба Суғднюз гуфтааст, ки рӯзҳои наздик барои омӯхтани вазъи бозор ва нархгузории гази моеъ... Читать дальше...

Қирғизистон панҷ гузаргоҳи марзиро барои берун шудани шаҳрвандони Тоҷикистон номбар кард

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон руйхати гузаргоҳҳоеро эълон кард, ки тариқи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд хоки ин кишварро тарк намоянд. Ба қавли хадамоти матбуоти вазорат, бинобар маҳдудиятҳои муваққатӣ зодагони Тоҷикистон танҳо тавассути 5 гузаргоҳи  "Кулунду", "Қайрағоҷ", "Қизил-Бел", "Бордобо" ва "Қарамиқ" имкон доранд аз қаламрави Қирғизистон берун шаванд. Дар ин вазорат таъкид кардаанд, ки маҳдудият ба тоҷиконе, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд, дахл надорад. Читать дальше...

Эҳтимолан Лукашенко ба мулоқоти Путин меравад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус ва президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28-уми май дидору гуфтугӯ барпо мекунанд. Fйни замон, вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо барои баррасии эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои нав болои Беларус дар посух ба фуруд овардани ҳавопаймои тиҷоратӣ ва ҳабси журналисти оппозитсионӣ ҷамъ мешаванд. Мулоқоти нави Путин ва Лукашенко, ки  чанде пеш ҳам дидор карда буданд, дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомоти беларусӣ рӯзи 23-юми май ҳавопаймои ширкати тиҷоратии Ryanair-ро... Читать дальше...

Кор дар байни харобазор. Талош барои барқарории Ғазза пас аз ҷанг. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукумати Қатар рӯзи 26-уми май эълон кард, ки барои барқарории шаҳри Ғазза 500 миллион доллар кумак мекунад. Ин шаҳри сераҳолӣ ва камбизоати фаластиниён дар натиҷаи ҷанги даҳрӯза байни Исроил ва гуруҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ сахт осеб дид.

"Microsoft" гуфт, Русия ба идораҳои амрикоӣ ҳамлаи ҳаккерӣ кардааст

Ozodi.org 

Ширкати "Microsoft" рӯзи 27-уми май гуфт, рахнагарони воқеъ дар Русия аз роҳи почтаи электронии USAID ба идораву муассисаҳои амрикоӣ ҳамлаи наве анҷом доданд. Том Бурт, муовини президенти ширкати "Microsoft" дар як блогаш навишт, ки мавҷи ҳамлаҳои рахнагарон тахминан 3000 почтаи электронии беш аз 150 созмони мухталифро ҳадаф қарор додааст. Ба навиштаи ӯ, дастикам чоряки ин созмонҳо дар бахши рушди байналмилалӣ, барномаҳои башарӣ ва ҳуқуқи башар кор мекунанд. Ошкоршавии ҳамлаи нави ҳаккерӣ дар ҳолест... Читать дальше...

Кор дар байни харобазор. Талош барои барқарории Ғазза пас аз ҷанг

Ozodi.org 

Чандин кишвари ҷаҳон аҳд додаанд, ки дар барқарории шаҳри Ғазза, ки дар ҷанг байни гуруҳҳои мусаллаҳи фаластиниён ва Исроил осеби зиёд дид, кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони Ғазза ба ҷойҳои вайроншудаи корашон баргаштаанд, то зиндагии худро барқарор созанд.

Спорт в России и мире
Москва

Учитель из Бутово стала «Гуру физкультуры»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Свёнтек разгромила Кырстю и вышла в 1/8 финала турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Учения по ликвидации лесных пожаров прошли в Богородском округе





Путин в России и мире
Москва

Поведение Путина вызвало резонанс, потерянные в 90–е заводы возвращаются РФ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Продюсера Reuters арестовали за публикацию материалов на YouTube-канале «НавальныйLIVE»



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Ивлеева

Блогера Ивлееву оштрафовали на 50 тыс рублей за дискредитацию российской армии



Москва

Прогулки по Москве

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net