Кор дар байни харобазор. Талош барои барқарории Ғазза пас аз ҷанг
Чандин кишвари ҷаҳон аҳд додаанд, ки дар барқарории шаҳри Ғазза, ки дар ҷанг байни гуруҳҳои мусаллаҳи фаластиниён ва Исроил осеби зиёд дид, кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони Ғазза ба ҷойҳои вайроншудаи корашон баргаштаанд, то зиндагии худро барқарор созанд.