123ru.net
World News in Tajik
Май
2021

Новости за 07.05.2021

Хотироти шоҳидони ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар шабу рӯзи даргирӣ аксари гузоришҳои мо аз Чоркӯҳи Исфара буд. Вале низоъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҷой дошт. Фарзон Муҳаммадӣ ба ин ноҳия сафар кард ва аз шоҳидон пурсид, ки амалиёт чӣ гуна пиёда шуд?

Вазири тоҷик доир ба низоъ дар марз бо дипломатҳои хориҷӣ гуфтугу кардааст

Ozodi.org 

Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май бо ду дипломати баландпоя муноқиша дар марз бо Қирғизистонро баррасӣ карда ва гуфтааст, Душанбе музокиротро роҳи ягонаи ҳалли масъала медонад.



Сокинони Чоркӯҳ пас аз низоъ чӣ ҳол доранд?

Ozodi.org 

Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 29-уми апрел макони аслии даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин минтақа сафар кард ва ин наворро омода кард.

Тарҳҳои нави USAID дар Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва дониш. ВИДЕО

Ozodi.org 

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID дар Тоҷикистон тасмим дорад, кумакҳояш дар бахши кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, зистмуҳитӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизоро бештар ва доираи амалисозии барномаҳояш дар саросари кишварро тақвият диҳад. Кит Симмонс, раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтиссосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи лоиҳаҳои наздимарзӣ, назорати кумакҳои ироашуда ва ҳамкориҳои ин оҷонсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон суҳбат кард. Дар бораи марз Радиои Озодӣ... Читать дальше...

Аз кишоварзӣ то тандурустӣ. Барномаҳои нави USAID дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID дар Тоҷикистон тасмим дорад, кумакҳояш дар бахши кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, зистмуҳитӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизоро бештар ва доираи амалисозии барномаҳояш дар саросари кишварро тақвият диҳад.

Таҳқиқоти журналистӣ: Шиносномаи ҷосуси рус санади воқеии як шаҳрванди Молдова буд

Ozodi.org 

Як хабарнигори таҳқиқгари вебсайти RISE Moldova маълум кардааст, ки шиносномаи шаҳрванди Молдова, ки онро ҷосуси рус Александр Мишкин (маъруф бо номи сохтаи “Александр Петров”) истифода кардаст, нусхаи шиносномаи воқеӣ будааст. Владимир Тхорик, корманди RISE Moldova дар шабакаи Фейсбук навишт, ки мушаххас кардани соҳиби воқеии шиносномаи сохта бо ёрии ҳамкорони хориҷиаш имконпазир шуд.  Аз ин пеш вебсайти таҳқиқотии Bellingcat нусхаи шиносномаи шаҳрванди Молдова ба номи Николай Попаро чоп кард. Моҳи апрел мақомоти Чех гуфтанд... Читать дальше...

Баъди оташе ба сӯи пойгоҳи полис дар соҳили Ғарбӣ ду фаластинӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 7-уми май дар соҳили Ғарбии рӯди Урдун дар паи оташе ба сӯи пойгоҳи низомии исроилӣ, ду фаластинӣ кушта ва сеюмӣ ҷароҳати вазнин бардошт. Полиси марзбонии Исроил гуфт, ки ин се нафар ба сӯи пойгоҳи полиси марзии “Салом” дар шаҳри Йенин оташ кушоданд. Муҳофизони пойгоҳ дар ҷавоб оташ кушода ду нафарро куштанд ва сеюмӣ бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Дар ҳодисаи ҷудогонае полиси Исроил 15 ширкатдори задухӯрдҳо дар шарқи Байтулмуқаддасро боздошт кард. Ин нафарон барои сангандозӣ... Читать дальше...



Ворух дар чӣ ҳол аст?

Ozodi.org 

Солҳои ахир дар робита ба баҳси марзӣ бо Қирғизистон сухан, одатан, аз ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мерафт. Дар таниши навбатӣ ин ҷамоат аз даргирӣ эмин буд, вале сокинони он бо нигаронӣ мунтазири ҳалли баҳси марзӣ мебошанд.

Додситони Панҷ барои афсари муттаҳам дар марги милиса 5-сол зиндон хост

Ozodi.org 

Додситони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз додгоҳ хостааст, Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро ба 5 соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ дар марги ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола, афсари милисае, гунаҳкор дониста мешавад, ки рузи 7-уми феврал дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, Насим Амирзода аз рӯи иттиҳоми "куштор аз беэҳтиётӣ" дар додгоҳ посух мегӯяд. Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад. Читать дальше...

Дар як рӯз чор эътирозгари беларусӣ ҳукм гирифтанд

Ozodi.org 

Дар Беларус чанд фаъоли ширкатдори намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои президенти Беларус Александр Лукашенко ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Дар Беларус баъди интихоботи президентии моҳи августи порсол эътирозҳои сартосарӣ сар зад ва мақомот даст ба  саркӯбу боздошти фаъолон заданд. Рӯзи 6-уми май додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск Сергей Сикорскии 45-соларо дар ширкат дар “беназмиҳои ҷамъиятӣ ва нигаҳдории нашъа” гунаҳкор карда ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Сикорски яке аз эътирозгароне буд... Читать дальше...

Радио гӯш мекунед? (Назарпурсии Радиои Озодӣ)

Ozodi.org 

Ҳамасола дар Тоҷикистон, 7-уми май Рӯзи радио таҷлил мегардад. Ин таърих мероси замони шӯравӣ аст.Алишер Зарифӣ ва Шаҳлои Абдулло дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд ки радио гӯш мекунанд?

Комроншоҳ низ дар мусобиқаи ҷудо "Kazan Grand Slam 2021” ноком шуд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021” дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон рақобатҳои худро бебарор анҷом доданд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми май -Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар аввалин рақобаташ аз Санширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд. Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи мазкур қаблан Абумуслим Қаюмзода ва Шаҳбоз Саидаброров - ҳарду дар вазни то 60 кило, Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев - ҳарду дар вазни то 66 кило, Сомон Маҳмадбеков дар... Читать дальше...

Блинкен гуфт, ИМА ироаи кӯмакҳои бештари низомӣ ба Украинаро баррасӣ дорад

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, дархости мақомоти Киевро баррасӣ мекунанд, ки гуфтааст,  ба хотири боздоштани тавсеаи хашини нирӯҳои Русия дар марз бо Украина ба ёрии бештари низомӣ ниёз дорад.  Киев аз ИМА системаҳои дифои зиддимушакӣ ва фанновариҳои зиддиснайперӣ, инчунин имкони ҷойгир крадани мушакҳои навъи  Patriot-ро дар  хоки Украина дархост кардааст. Блинкен, ки рӯзи 6-уми май дар Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский дидор кард, дар мусоҳиба бо  Радиои Озодӣ гуфт: «Пентагон ... Читать дальше...

ИМА барои таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристод

Ozodi.org 

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин рӯзи 6-уми май ба хабарнигорон гуфт, ки ИМА барои таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ аз Афғонистон бомбафкан ва ҳавопаймоҳои ҷангии қавии бештарро сафарбар кардааст. Вазир гуфт, ки дар як ҳафтаи шурӯи хуруҷи нирӯҳо “ҳама чиз аз рӯи нақша пеш меравад” ва ҳеҷ як ҳамлаи мустақиме зидди ин нирӯҳо анҷом нашудааст. Раиси ситоди муштараки Пентагон фармондеҳ Марк Милли гуфт, ки барои таъмини амнияти нирӯҳо шаш ҳавопаймои бомбафкани B-52 ва 12 ҳавопаймои ҷангии  F-18 фиристода шуданд. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон фаъолияти созмони хориҷии “Saferworld”-ро қатъ карданд

Ozodi.org 

Тоҷикистон намояндагии созмони байналмилалии “Saferworld” (“Дунёи бехатар”)-ро пас аз ҳафт соли фаъолият барои гӯиё риоя накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон барҳам дод. Намояндагони ин созмон ба даъвои Вазорати адлия ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 3-уми май дар сомонааш хабар дод, ки даъвои Вазорати адлия нисбат ба намояндагии созмони ғайритиҷоратии байналмилалии “Сейферворлд” дар Тоҷикистон дар бораи барҳам додани созмон, қонеъ карда шуд. Мақомот: Созмон 4 банди... Читать дальше...

Раҳбарони аврупоӣ аввалин ҷаласаи ҳузурии имсоларо барпо мекунанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Портои Португалия рӯзи 7-уми май  раҳбарони Иттиҳоди Аврупо  дар нахустин ҷаласаи ҳузурии худ дар соли ҷорӣ роҳҳои муқобила бо пандемияи коронавирусро баррасӣ мекунанд. Як масъалае, ки қарор аст дар миёни дигар мавзӯъҳо баррасӣ шавад, ин бо шарикони аврупоӣ дар миён гузоштани технологияи таҳияи воксинаҳои зидди  COVID-19-и амрикоӣ мебошад. Рӯзи дуюми нишаст 8-уми май қарор аст бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди, ки кишвараш дар як бӯҳрони бисёр сахти пандемия қарор дорад, ироаи кӯмакҳои изтирории байналмилалӣ  баррасӣ шавад. Читать дальше...

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ба соли 2022 гузаронида шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бояд рӯзҳои 10-19-уми сентябри соли 2021 дар Қунияи Туркия доир мегардид, ба соли 2022 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот кард. Дар вохӯрӣ... Читать дальше...


Музыкальные новости
Аранжировка

Аранжировка Песен. Аранжировка Музыки. Создание Аранжировок.





Персональные новости
Динамо

УГМК уступил курскому «Динамо» в Екатеринбурге. ФОТО





Гуфтугӯҳои Вена: Эрону ИМА ба созиш даст меёбанд ё на?

Ozodi.org 

Дар остонаи даври чоруми музокираҳои ҳастаии миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ  як мақомдори калони амрикоӣ гуфт, ки ИМА ба ҳама гузаштҳои имконпазири бозгашт ба созишномаи соли 2015 омода шудааст. Ин мақомдор, ки дар як нишасти хабарии рӯзи 6-уми май сӯҳбат мекард, гуфт, Эрон набояд  ба гузаштҳои азимтаре умедвор шавад ва ҳоло комёбӣ ё шикасти ин гуфтугӯҳо аз Эрон вобаста аст, ки то куыо як қарори сиёсӣ қабул карда ба ин созиш бармегардад ё на. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳам дар як сӯҳбат гуфт... Читать дальше...

Дар як шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдак ғарқ шудааст

Ozodi.org 

Дар як шабонарӯзи гузашта дар обҳои Душанбе ду кӯдак ғарқ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, шоми дирӯз писарбачаи 12-солае дар обанбори боғи истироҳатии Фирдавсӣ, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, ғарқ шуд ва дӯстонаш барои наҷоти ӯ коре кардан натавонистаанд. Ҳамин тариқ як кӯдаки 7-солаи дигар дар дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми бозӣ дар соҳил ба об афтод ва  маҷро дар як они воҳид ӯро бурд. Наҷотбахшон ҷустуҷӯи ҷасади кӯдакро идома медиҳанд. Тибқи омори расмӣ,... Читать дальше...

Пешниҳоди тамдиди вазъи фавқулодда дар Япония

Ozodi.org 

Ҳукумати Япония пешниҳод кардааст, ки вазъи фавқулода дар пойтахт  - шаҳри Токио ва се минтақаи дигари ин кишвар то охири моҳи май тамдид ёбад. Коршиносон онро талоше барои коҳиши сирояти коронавирус дар арафаи бозиҳои олимпии тобистони соли равон арзёбӣ мекунанд ва пешбинӣ мекунанд, ки ин иқдом дастгирӣ хоҳад ёфт. Бозиҳои олимпӣ баъди таъхири яксолаи марбут бо пандемияи коронавирус 23-уми июл дар Токио ифтитоҳ меёбанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа беш аз 11 ҳазор варзишгари кишварҳои мухталифи олам ширкат меварзад. Читать дальше...

Полиси озордодаи як ҷавони узбектабор дар пеши қонун ҷавоб медиҳад

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишотии вилояти Томск барои баромадан аз ҳадди ваколат нисбати корманди бахши муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии ин минтақа парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Тафтишот мегӯяд, корманди пулис бидуни ягон асос дар дохили бинои хадамоти муҳоҷират шаҳрванди Узбекистонро зери мушту лагад гирифта телефони мобилашро шикастааст. Лаҳзаи латтукӯб аз ҷониби худи ҷабрдида сабт шуда, навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Ҳоло ба ин пулиси муштзӯр то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Муҳоҷирони тоҷик низ... Читать дальше...

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон идома дорад

Ozodi.org 

Бедодгариҳои офатҳои табиӣ ба мисли резиши сангу фаромадани сел бар асари бориши рӯзҳои ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Кӯлчашмаи вилояти Хатлон сел 15 манзили зист ва ду пулро вайрон кардааст. Ҳамчунин дар шимоли Тоҷикистон сокинон бо фиристодани навор аз хисороти сел хабар медиҳанд. Муаллифони ин навор мегӯянд, дирӯз дар ноҳияи Ашт селоб роҳу боғҳоро шустааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар имрӯз низ идома мекунад.

Қарори кумитаро зарбаи дигар ба озодии баён дар Тоҷикистон медонанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз аввали соли ҷорӣ қимати дарёфти муҷаввизи фаъолият барои истгоҳҳои радио ва шабакаҳои телевизионии хусусӣ дар Тоҷикистон то 20 маротиба афзоиш ёфта, ниҳоди назоратӣ дар симои Кумитаи радио ва телевизион, ҳаққи мудохила ба корҳои идории онҳоро пайдо кардааст.

Спорт в России и мире
Москва

GeekVape в сотрудничестве с Absolute Racing выиграла чемпионат в категории GT3


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Российская теннисистка Калинская покинула WTA-1000 из-за проблем со здоровьем


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Выпуск ЦФА на платформе «Атомайз» поможет снизить нагрузку на экологию





Путин в России и мире
Москва

Путин спросил Беглова о причинах снижения популярности Петербурга у туристов


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире
Москва

«С какой целью вы пришли почтить память? Он вам родственник?» В Москве осудили девушку, которая пришла возложить цветы в память о Навальном



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Артур Пирожков

Певец Александр Ревва попросил не трогать его семью после слухов об эмиграции



Москва

Качество подготовки региональных дорог к весенним паводкам проверили в Мытищах

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net