Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2021

Новости за 18.05.2021



Нақшаи 1-миллиарддолларӣ. Узбекистон дар додугирифт бо Тоҷикистон ҷойи Чинро мегирад? САДО

Ozodi.org 

Мақомоти Душанбеву Тошканд тасмим гирифтаанд, ки миқдори додугирифти молу колоро миёни ду кишвар аз 300 миллион доллари ҳозира то ба як миллиард доллар бирасонанд. Агар ин нақша иҷро шавад, Узбекистон ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

"Сурху сиёҳ" – Достони видеоии Орзу Исоев дар бораи ҷанҷоли марзӣ

Ozodi.org 

Рӯзноманигори тоҷик, Орзу Исоев, достони видеоияшро дар бораи ҷанҷоли ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон нашр кард. Дар ин ҷанҷол, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол рӯй дод, аз ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

Раиси Оҷонсӣ шарҳ дод, ки чаро парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиро манъ карданд. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон манъи парвози ҳавопаймоҳои "Северний ветер" ва "Сибир"-ро аз Душанбеву Хуҷанд ба Русия ба нархи гарони билетҳо рабт дод. Намояндагони ширкатҳо мегӯянд, ин иддао дуруст нест.

Ширкати русӣ мегӯяд, "нархи билетро мо боло набурдаем"

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик ширкати Северный ветерро дар беасос боло бурдан нархи билетҳо муттаҳам мекнунад, ҷониби ширкат бошад дар ноҳақ ба таъхир андохтани парвозҳо. Чаро чунин вазъият ба амал омад, Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифӣ пайгирӣ карданд.

Вазири собиқ гуфт, писаронаш фирор накардаанд. Ҷузъиёти занозание, ки ду захмӣ ба ҷой гузошт. САДО

Ozodi.org 

Пайвандони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтанд, ки фарзандони онҳо дар моҷарои рӯзи 16-уми май дар наздикии тарабхонаи "Сим-Сим"-и Душанбе ширкат доштанд, вале занозанӣ бо гуноҳи онҳо сар назадааст.



Путин гуфт, бо президенти Қирғизистон дар Сочи мулоқот мекунад

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки рӯзи 24-уми май дар шаҳри Сочи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба ҳузур мепазирад. Рӯзи 18-уми май зимни суханронӣ дар маросими қабули эътиборномаҳои сафирони хориҷӣ Путин гуфт, ки бо вуҷуди ҳамкориҳои “муваффақ” дар чандин бахш, ду ҷониб  бояд дар фикри тақвияти шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои  дуҷониба бошанд.  Ин дуюмин мулоқоти ду раҳбар дар соли ҷорӣ хоҳад буд.   Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле барпо мешавад, ки охири моҳи апрел ва аввали маи... Читать дальше...

Киҳо дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Ироқу Тайланд омода мешаванд?

Ozodi.org 

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро эълон кард, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Ироқ (24-уми май, Басра) ва Тайланд (29-уми май, Дубай) даъват карда мешаванд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 25 бозигар иборат хоҳад буд – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар. Ба тими миллии кишвар ҳафт легионер даъват шудааст... Читать дальше...

Парлумони Қирғизистон пешниҳоди президент дар бораи Қумторро дастгирӣ кард

Ozodi.org 

Парлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми май нақшаи муваққатан ба ихтиёри давлат гузаронидани кони азими тиллои кишварро ҷонибдорӣ кард. Кони Қумтор бар асоси созиши қаблӣ дар ихтиёри ширкати канадаии  Centerra Gold гузаштааст ва аз ҳамин хотир  ширкат гуфт, ки ҳукумати Қирғизистонро ба додгоҳ кашид. Ҳукумати Бишкек дар гузашта ширкати канадаиро дар он муттаҳам кардааст, ки  даромад ва пулҳои воқеии ин ширкат аз ҳисоби истихроҷи тиллоро аз давлат пинҳон мекунад. Ихтилофи байни ду ҷониб баъди он шиддат гирифт... Читать дальше...

Ба нишони шаффофияти кораш Байден гузориши андози худро нашр кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден анъанаи раҳбарони гузаштаи кишварро идома дода, гузориши андози худро нашр кард. Дар ин санад дида мешавад, ки ӯву ҳамсараш соли 2020 беш аз 607 ҳазор доллар даромад гирифта, наздики 26 % онро ҳамчун андоз ба давлат супурдааст. Ин санад рӯзи 17-уми май нашр шуд, ки дар ИМА  санаи охирини супурдани андоз барои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Байден дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш  ваъда дод, ки дар бораи даромадҳои молии худ ба мардум пурра ва рӯшод гузориш медиҳад. Ин гузориш даромади молӣ... Читать дальше...

Раиси ҷосусони Русия даст доштани идорааш дар ҳамлаи SolarWinds-ро рад кард

Ozodi.org 

Раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия рӯзи 18-уми май иттиҳомоти инро, ки ин сохтор дар пушти ҳамлаҳои рахнагарии SolarWinds қарор дорад, рад кард. Иттиҳоми мақомоти иктишофии ИМА ва Бритониё боис ба таҳрими Русия аз ҷониби ИМА шуд. Ҳамлае, ки моҳи декабр рух дод, аз роҳи фиристодани як кирми рахнагари компютерӣ ба шабакаҳои ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ рух дод. Дар натиҷа, кори нӯҳ сохтори амрикоӣ ва садҳо ширкатҳои хусусӣ осеб дид. Сергей Наришкин, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия дар сӯҳбат бо BBC дар Русия гуфт... Читать дальше...

Лукашенко қонуни тирандозӣ ба сӯи эътирозгаронро имзо кард

Ozodi.org 

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко қонунеро имзо кард, ки ба ходимони полис ва нирӯҳои амниятӣ иҷоза медиҳад, ки ба сӯи эътирозгарон тир холӣ карда шавад. Қонуни рӯзи 17-уми май имзокардаи Лукашенко ходимони ҳифзи қонунро аз масъулият дар баробари осеби инсон ба ҳангоми ҳамлаи ҷисмонӣ, оташкушоӣ ваё истифодаи дигар василаву силоҳҳои вижа бар зидди эътирозгарон озод мекунад. Ин қонун бахше аз як қонунгузории азим аст, ки парлумон моҳи апрел онро қабул кард. Дар он инчунин озодиҳои маданӣ шадидан маҳдуд шуда... Читать дальше...

Тоҷикистон "шарт"-и Қирғизистонро барои "танбеҳ" додани шаҳрвандонаш пазируфтааст

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон натиҷаи музокиротро бо ҷониби Қирғизистон расман эълон накарданд, манобеъ баъзе аз ҷузъиёти онро фош карданд. Мулоқот шаби 17-уми май дар марзи Исфараву Бодканд гузашт.


Музыкальные новости
Серёга

«Вспомните фильмы, на которых они росли»: рэпер Серега допустил негативное влияние кино на Пугачеву





Персональные новости
ЛокоТех

Весенние субботники прошли на предприятиях «Московского» филиала ООО «ЛокоТех-Сервис»





ИМА то июн 80 миллион воксинаро ба кишварҳои дигар хайр мекунад

Ozodi.org 

ИМА миллионҳо дона воксинаҳои иловагии зидди COVID-19-ро ба кишварҳои дигар ирсол мекунад. Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 17-уми май гуфт, ки ин тасмим ба хотири ҳифзи нақши пешбарандаи ИМА дар ҷаҳон алайҳи пандемия зарур аст ва ҳамзамон ба талошҳои Чин ва Русия ишора кард, ки аз роҳи паҳн кардани воксина мехоҳанд нуфузи худро дар ҷаҳон боло баранд. Байден тасдиқ кард, ки ИМА дар давоми шаш ҳафтаи оянда 20 миллион адад воксинаи иловагиро ба  берун мебарад ва то охири моҳи июн дар маҷмӯъ то 80 миллион адад мерасонанд. Читать дальше...

Ҳеҷ аломате аз хатми низоъ миёни Исроил ва Ҳамос ба назар намерасад

Ozodi.org 

Дар низои миёни Исроил ва Ҳамос бо вуҷуди талошҳои дипломатияи байналмилалӣ,  ҳеҷ аломате ба назар намерасад, ки хушунатҳо дар Ғазза хотима меёбанд. Шӯрои амнияти СММ рӯзи 18-уми май дар ҷаласаи изтирорӣ ҳамчун  як иқдоми дипломатии оҷил барои хатми ҷангҳо, ки то ҳол боиси  марги беш аз 200 нафар шудааст, вазъи минтақаро баррасӣ мекунад. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар суханронии шоми 17-уми маи худ гуфт, ки Исроил «зарба заданро ба ҳадафҳои террористӣ» дар Ғазза «то замоне, ки барои бозгашти... Читать дальше...

Натоиҷи се бозии даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо се бозӣ ба поён расид. Дар як дидор мизбонон, дар яктоаш меҳмонон ғолиб шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт. Дар даври ҳафтум «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Бо ҳамин ҳисоб «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои «Душанбе»-и Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Баъди натиҷагирии... Читать дальше...

Байни Ворух ва Оқсой постгоҳҳои пулис гузошта шуд

Ozodi.org 

Дар марзи Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон аз ду тараф постҳои пулис гузошта шудааст. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, аз субҳи 18-уми май ҷонибҳо ба гаштзанӣ ё посбонии муштараки марз оғоз карданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки аз соати 7:25 субҳи имруз мошинҳо дар масири Хоҷаи Аъло-Ворух ва Оқсой-Тамдик ҳаракат мекунанд. Ин тасмим пас аз мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар, ки дар марзи Оқсой ва Ворух доир шуд, гирифта шудааст. Инчунин барои ҳалли саривақтии масоили марзӣ тасмим гирифта шудааст... Читать дальше...

Ҳафтаи дувуми даргириҳои Ховари Миёна. Талошҳои дипломатӣ ба қатъи ҷанг натиҷа надодаанд

Ozodi.org 

Даргириҳо миёни Исроилу фаластиниҳо вориди ҳафтаи дувум шуд ва талошҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои поёни ҷанг то ба ҳол бенатиҷа будааст. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил шаби гузашта ба шаҳри Ғаза идома ёфт. Гурӯҳи "Ҳамос" ҳам ба мушакандозии худ ба шаҳрҳои Исроил давом дод.

ИМА фурӯши аслиҳаро ба Исроил тасдиқ кард

Ozodi.org 

ИМА ба Исроил дар ивази 735 миллион доллар аслиҳае мефурӯшад. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post бо такя ба манобеи худ иттилоъ додааст. Нашрия навиштааст, бархе аз демократҳои Конгресси ИМА аз фурӯши аслиҳа ба Исроил нигарон ҳастанд. Ба бовари онҳо, фурӯши аслиҳа метавонад, вазъи Шарқи Наздикро печидатар гардонад. Нашрияи The Washington Post менависад, Исроил аслиҳаи дақиқ ба ҳадафрасанда дорад. Низомиёни Исроил мегӯянд, зарбаҳои ҳавоии онҳо ба иншооти "Ҳамос" дар Навори Ғазза дақиқ ба ҳадаф мерасанд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Юные керамисты школы №2120 выиграли три Гран-при конкурса «Мир дому твоему!»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Азаренко проиграла в 1/16 финала турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Концентрация песка в городском воздухе возвращается к обычным значениям





Путин в России и мире
Москва

Поведение Путина вызвало резонанс, потерянные в 90–е заводы возвращаются РФ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Басманный суд Москвы арестовал продюсера Reuters Константина Габова за помощь ФБК в подготовке материалов



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Пётр Чайковский

В Воткинске 7 мая отметят День рождения Петра Чайковского



Москва

«Надо меньше есть!» Певица Ортман раскрыла секрет поддержания хорошей формы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net