Вазири собиқ гуфт, писаронаш фирор накардаанд. Ҷузъиёти занозание, ки ду захмӣ ба ҷой гузошт. САДО
Пайвандони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтанд, ки фарзандони онҳо дар моҷарои рӯзи 16-уми май дар наздикии тарабхонаи "Сим-Сим"-и Душанбе ширкат доштанд, вале занозанӣ бо гуноҳи онҳо сар назадааст.