Диктатори Сурия Башор Асад бо 95 % барандаи интихоботи президентӣ шуд
Диктатори Сурия Башор Асад бори чорум дар интихоботи президентӣ баранда эълон шуд ва акнун барои ҳафт соли дигар ҳам ин кишвари ҷангзадаро раҳбарӣ хоҳад кард. Мақомот гуфтанд, ба тарафдории Асад 95 дар сади раъйдиҳандагон овоз доданд. Баъди шурӯи низоъҳои дохилӣ дар Сурия 10 соли пеш ин дуюмин бор аст, ки дар ин кишвар интихоботи президентӣ барпо мешавад. Натиҷаҳои онро мухолифон ва Ғарб ҳамчун сохтакоришуда маҳкум карданд. Дар муқобили Асад ду номзади начандон маъруф қарор доштанд. Хонаводаи Асад инак панҷоҳ сол аст, ки қудратро дар Сурия дар дасти худ нигаҳ медорад. Ба иттилои мақомот, дар интихоботи рӯзи 26-уми май дар саросари кишвар 12 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ фаъол буд. Дар қисмати шимолушарқи Сурия, ки таҳти назари ҷангиёни курди мавриди пуштибонии ИМА мебошанд ва ҳам дар шимолуғарб овоздиҳӣ барпо нашудааст.