Ҳамсари Зайнобиддинов: шиканҷа шудани ҳамсарамро такзиб накардаам
Кумитаи тафтишоти вилояти Челябинск хабарҳо оиди шиканҷа шудани шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддиновро, ки дар робита ба таркиши бинои истиқоматии Магнитогорск боздошт шуда буд, таҳқиқ мекунад. Тафтишот ҳамзамон мегӯяд, ки худи ҷабрдида ва ҳамсари ӯ "истифодаи нерӯ аз ҷониби пулисро қотеона рад мекунанд". Дар ин бора додситони вилояти Челябинск Виталий Лопин ба сомонаи Znak.com рӯзи 29 январ хабар дод. Ӯ ҳамзамон тасдиқ кард, ки "дар бадани ин мард осеби ҷисмонӣ мушоҳида мешавад". Читать дальше...