Ба хориҷиён фурӯхтан ё ба иҷора додани замини кишоварзӣ дар Қазоқистон манъ шуд
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, тарҳи қонуни баҳсбарангез ва ҳассосеро имзо кард, ки ба иҷора додану фурӯхтани замини кишоварзиро ба хориҷиён дар ин давлати нафтхези Осиёи Марказӣ манъ мекунад.