Оғози музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд
Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз, баъд аз зуҳри 1-уми май дар вилояти Бодканд оғоз шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки дар ҷараёни гуфтугӯ, ҷонибҳо вазъияти марз ва роҳҳои ба эътидол овардани онро баррасӣ мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи оғози гуфтугӯҳо хабаре надодааст.
Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи он сурат мегирад, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел марзи ду кишвар шоҳиди як муноқишаи хунин шуда буд.