Панҷ қурбонии муноқиша дар марзро дафн карданд
Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъият то ҳоло, нимирӯзии 1 май ором аст ва дар ин ҷо қурбониёни ҳодисаро дафн мекунанд. Дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара, макони асосии муноқиша, шаш маросими ҷаноза баргузор гашт.