"Ба мурданаш бовар накардам". Панҷ қурбонии муноқиша дар марзро дафн карданд. ВИДЕО
Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъият ором аст ва ҷасади қурбониёни ҳодисаро дафн мекунанд. Аз ҷумла дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара, макони асосии муноқиша, ки шаш сокин қурбони низои ахир шуданд.