Тазоҳуроти зидди таъқиботи сиёсӣ дар Русия
Рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Маскав тазоҳуроти зидди “таъқиботи сиёсӣ дар Русия” баргузор шуд. Мақомоти шаҳри Маскав ба баргузории он иҷозат додаанд. Иштирокдорон дар суханрониҳои худ ба озодии зиндониҳои сиёсӣ даъват карданд.
Пахши зиндаи барномаҳои ТВ "Настоящее время" аз тазоҳуроти Маскав (бо забони русӣ):
Пулиси Русия гуфт, дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар пойтахт 20 ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Дар миёни онҳо Алексей Навалний, раҳбари мухолифин низ ҳаст.
Тобистони имсол дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳазорон нафар ба сабаби роҳ наёфтани номзадҳои мухолифон ба интихоботи маҷлисҳои шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург ва бо талаби интихоботи озоду одилона эътироз карданд. Мақомот гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин натавонистаанд, барои сабти ном ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оваранд.
Дар натиҷа, беш аз ду ҳазор нафар дастгир ва баъзеи онҳо ҷаримаву ҳабс шуданд.