Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 16.09.2019

Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Як кушта ва чанд захмӣ аз ду тараф. САДО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон чанд шаҳрванди кишвар маҷрӯҳ шудааст. Қирғизистон гуфт, як сарбозаш аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ хостанд, Чин кӯдаконро ба волидонашон баргардонад

Ozodi.org 

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Чин хост, кӯдаконеро, ки аз оилаҳояшон ҷудо карда, дар хонаи кӯдакон нигаҳ медорад, билофосила ба назди онҳо баргардонад. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 15-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ҳукумати Чин бояд ҷудо кардани кӯдакони уйғур ва дигар ақаллиятҳои мусулмонро бас кунад. Дар баёния омадааст, ҳукумати Чин аз соли 2017 ба ин тараф дар маъракаи “Зарбаи сахт ба терроризми хушунатбор” тақрибан 1 миллион туркони мусулмонро... Читать дальше...



Нурбек саломатиро аз даст дод, вале бо арӯси ҷопонӣ хушбахт шуд

Ozodi.org 

Микако Сугувараи 41-сола аз ҷазираи Ҳокайдои Ҷопон (Япония) дуним сол боз дар Хоразми Узбекистон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, “ба ин ҷо моҳи январи соли 2017 арӯс шуда омадам. Шароит дар Ҷопон хуб аст, дар Узбекистон каме вазнинтар. Вале ман дар ин ҷо оила дорам ва хушбахт ҳастам.” Микако Сугувара даҳ сол пеш ба воситаи як барномаи давлатӣ барои такмили ихтисос ба Тошканд рафта буд ва дар бемористон таҷруба меандӯхт.   Ҳамон шабу рӯз усто Нурбек Рӯзимадов дар дӯконе дар пойтахти Узбекистон кор... Читать дальше...

Cадама дар роҳи қатори Қазоқистон. Сокинон: Пули нав созед

Ozodi.org 

Шаби 15-уми сентябр дар истгоҳи Шамалгани вилояти Алмаато як қатор ба мусофирбар бархӯрд. Дар садама як кас ҷон бохта, се тани дигар бистарӣ шуданд. Шаби 16-уми сентябр даҳҳо сокини Шамалган роҳи оҳанро баста, талаби сохтани пулро карданд. Ба иттилои расмӣ, ронандаи автобус сарфи назар аз чароғаки сурх, рӯи роҳи оҳан баромада, дар натиҷа қатор бо суръати баланд ба мусофир бархӯрдааст. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, дар чорроҳаи роҳи мошингард ва роҳи оҳан мошини зиёде ҷамъ шудааст. Читать дальше...

Русия размоиши "таъмини амният дар Осиёи Марказӣ"-ро шуруъ мекунад

Ozodi.org 

Размоиши солонаи низомиҳои Русия таҳти номи "Марказ-2019" имрӯз 16-уми сентябр шуруъ мешавад. Ба размоишҳо, ки то 21-уми сентябр давом хоҳанд кард, ҷузъу томҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мепайванданд. Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин размоиш ба минтақаи низомии Марказӣ равона мешавад (Русия ҳамчунин минтақаи низомии Ғарбӣ, Шарқӣ ва Қафқозӣ дорад). Сар аз соли 2008 ба ин тараф Русия навсозии неруҳои низомиашро шуруъ кард. То кунун дар минтақаи низомии Марказӣ ду маротиба... Читать дальше...



"Муҳоҷири тоҷик аз зарбаи барқ фавтид, ҳамкоронаш фирор карданд"

Ozodi.org 

Умаралӣ Ҳакимов, муҳоҷири 27-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, аз зарбаи нерӯи барқ дар Русия фавтидааст. Ҳакимов дар як корхонаи истеҳсоли “бетон” дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав кор мекард ва ҳодиса рӯзи шанбеи 14-уми сентябр рух додааст. Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ҷасади ҷавон дар рӯи замин хобидааст ва дар корхонае, ки даҳҳо техникаву таҷҳизот дорад, касе нест. Талоши мо барои суҳбат бо мсъулони корхонаи истеҳсоли “бетон” дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав то ин дам бенатиҷа буд. Читать дальше...

Сноуден аз Фаронса дархости паноҳандагӣ хост

Ozodi.org 

Собиқ ҳамкори Оҷонсии амнияти миллии ИМА Эдвард Сноуден аз президенти Фаронса Эммануэл Макрон дархост кард, ки ба ӯ дар хоки кишвараш паноҳандагӣ бидиҳад. Сноуден, ки баъди фош кардани барномаи  назорати пинҳонии сохторҳои иктишофии Амрико аз соли 2013 ба ин сӯ дар Русия зиндагӣ мекунад, дар садади нашри китоби хотироташ бо номи “Сабти доимӣ”  (“Permanent Record”) мебошад. Рӯзи 16 сентябр дар як мусоҳибааш бо шабакаи “Inter radio”-и Фаронса Сноуден гуфт, ки “ҳимоят аз шахси фошкунандаи маълумот ҷиноят нест” ва ӯ... Читать дальше...

"Хабарчинҳо"-и Хадамоти махсуси Туркманистон дар миёни донишҷӯён

Ozodi.org 

Кормандони Хадамоти махсуси Туркманистон вақтҳои ахир ҷалби хабарчинҳои худро аз миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ин кишвар пурзӯр кардаанд. Ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ муяссар шуд, ки бо донишҷӯён ва намояндагони баъзе аз донишгоҳҳои Туркманистон дар ин бора суҳбат кунад. "Мегӯянд, дар баробари нозирони муқаррарӣ ҳамчунин чандин нафар аз Вазорати амнияти миллӣ низ дар донишгоҳҳо кор мекунанд. Онҳо аз ҳамаи гуруҳҳо донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунанд, то дар бораи суханони норозиёнаи... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 16-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Сохтмони посгоҳҳо марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором кардааст, оғози нишасти САҲА дар Варшава, марги муҳоҷири тоҷик дар Русия, мардикор саломатиро аз даст дод, вале соҳиби ҳамсари японӣ шуд ва матолиби дигар.

Дар Фараҳ ҳафт зану кӯдак қурбони бомбаи сарироҳӣ шуданд

Ozodi.org 

Дар таркиши мошине, ки аз болои бомбаи дар роҳ ҷойшуда ҳаракат кард, ҳафт сокини Афғонистон кушта шуд. Ҳодиса 15 сентябр дар  вилояти ғарбии Фараҳ рух дод. Муҳибулло Муҳиб, сухангӯи раиси полиси вилоят гуфт, ки дар миёни қурбониёни таркиш занону кӯдакон буданд. То ҳол ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар ин минтақа ҷангиёни Толибон бисёр фаъол ҳастанд ва дар оғози моҳи сентябр дар як ҳамлае тавонистанд шаҳри Фараҳро ба даст оваранд. Шӯришиён як маркази ҷалби сарбозон ба артишро ғасб карда онро оташ заданд. Читать дальше...

Намоиши эътирозии зидди Амрико дар Гурҷистон

Ozodi.org 

Рӯзи 15-уми сентябр аъзои як ҳизби мухолиф дар Гурҷистон бо баргузории намоиши эътирозӣ Амрикоро муттаҳам карданд, ки "мехоҳад кишвари онҳоро ба мустамликаи худ табдил диҳад". Тафсилоти бештар дар навори видео.

Ҷузъиёти қатли ҳамҷинсгарои узбекро нашр кардаанд

Ozodi.org 

Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд ҷузъиёти қатли як ҷавони ҳамҷинсгароро нашр кард ва гуфт, ки як нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт кардааст. Дар баёнияи расмии раёсат аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, Шокир Шавкатовро фарде бо номи Одилҷон рӯзи 11-уми сентябр баъд аз муноқишае дар хонаи иҷораи ӯ куштааст.   Аз ин пеш дӯстони Шокир Шавкатов ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи маргаш ӯро ду марди тақрибан 40-солае, худро маъмурони милиса муаррифӣ карда, аз як клуби шабонае бурданд. Читать дальше...

"Буҷавиҳо"-и Узбекистонро маҷбурӣ ба пахтазор мебаранд

Ozodi.org 

Дар баъзе аз ноҳияҳои Узбекистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд. Кормандони баъзе аз муассисаҳои давлатӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти узбек, ки имсол касеро маҷбуран ба пахтачинӣ намебаранд, ба пахтазор сафарбар шуданд. Кормандони бархеи муассисаҳои давлатии вилояти Андиҷон 14-уми сентябр дастаҷамъона ба пахтазор сафарбар шуданд. Аз онҳо маҷбуран баёнот гирифта шудааст, ки "бо хоҳиши худ пахта мечинанд". "Моро маҷбур карданд, имзо гузорем, ки ихтиёран ба пахтазор меравем", - гуфт як ҳамсуҳбати мо. Читать дальше...

Вазири тиҷорати Туркманистон баъди барканорӣ ба зиндон рафт

Ozodi.org 

Вазири тиҷорат ва равобити савдои берунаи Туркманистон Амондурдӣ Ишонов баъди чанд рӯзи аз мақом барканор шуданаш бо иттиҳоми коррупсия ба мӯҳлати номуайян ба зиндон андохта шуд. Телевизиони давлатии кишвари шадидан назоратшавандаи Туркманистон рӯзи 13 сентябр навори чанд марди завлонабадаст, аз ҷумла Ишоновро намоиш дод, ки дар фасодхорӣ иқрор мешаванд. Дар ин гузориши видеоӣ ҷаласаи ҳукуматӣ намоиш дода шуд, ки дар он додситони кулл Ботир Атдаев дар бораи боздошти гурӯҳи фасодкорон гузориш дода мегӯяд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Джиган

Джиган запретит дочери Ариеле встречаться с определенной категорией парней





Персональные новости
Николай Патрушев

Патрушев заявил, что нелегальная миграция связана с угрозами терроризма





Талаби 8 соли зиндон "барои ба худкушӣ расондани арӯс"

Ozodi.org 

Додситони ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон аз додгоҳ хостааст, ки як сокини ноҳияро ҳашт сол аз озодӣ маҳрум кунад. Эмом Забиров, сокини 64-солаи деҳаи Зарнинсор, барои ба худкушӣ расондани арӯси ҳаждаҳсолаи хонавода Гулбаҳор Фаромарзова гумонбар аст. Шоҳрух Раҷабзода, додситони ноҳияи Ҷайҳун, рӯзи 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ин мард бар асоси моддаҳои “ба худкушӣ расонидан” ва “паст задани шаъну шараф” муҳокима мешавад. “Қарор аст, ба зудӣ ҳукми додгоҳ эълон шавад”, -- афзуд ӯ. Читать дальше...

Вокуниши Доналд Трамп ба ҳамла ба нафти Арабистони Саудӣ

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, Амрико омодаи посух додан ба ҳамлаест, ки рӯзи 14-уми сентябр тавлидоти нафти Арабистони Саудиро ним баробар кам кард. Ӯ рӯзи 15-уми сентябр дар Твиттер навишт: "Ба таъминоти нафт аз Арабистони Саудӣ ҳамла шуд. Мо дар бораи масъули ҳамла далел дорем, омодаи ҳамла ҳастем. Мунтазири тасдиқи он ҳастем ва мунтазири ҳарфи Бритониё ҳастем, ки бовар доранд, сабаби ҳамларо медонанд." Пештар аз ин Доналд Трамп гуфт, дастур додааст, "дар сурати зарурат" аз захираҳои стратегии... Читать дальше...

Таҳаввулоти Сурия дар суҳбати раҳбарони Туркия, Русия ва Эрон

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 16 сентябр дар Анкара ҳамкорони худро аз Русия ва Эрон ба хотири баррасии охирин таҳаввулоти Сурия мизбонӣ мекунад.  Эрдуғон ҳамроҳ бо президенти Русия ва Эрон - Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ қарор аст сари мавзӯи Сурия ва мавқеи нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар дар муқобила бо охирин пойгоҳи шӯришиён дар Идлиб гуфтугӯ кунад. Дар ин минтақаи шимолуғарби Сурия баъди чор моҳи ҷангҳо охири моҳи гузашта муқаррароти оташбас ба иҷро даромад. Вале бо вуҷуди ин ки  муқаррароти оташбас амал мекунад... Читать дальше...

Нишасти Варшава. Майдони баҳси мақомот ва мухолифини тоҷик

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми сентябр дар Варшава, маркази Лаҳистон, нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон оғоз мешавад. Намояндагони мақомот ва мухолифони тоҷик гуфтаанд, ки дар нишаст бо барномаҳои вижа иштирок мекунанд. Ҳайати расмии Тоҷикистонро ёвари раиси ҷумҳур Зариф Ализода раҳбарӣ дорад. Инчунин, Рустам Ҳайдаров -- муовини мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, Дилором Маҳкамова -- мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи Носири Хисрави шаҳри Бохтар ва Камолиддин Самиев... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В "Локомотиве" иронично отреагировали на ничью в матче ЦСКА со "Спартаком"


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Новак Джокович

Легенда тенниса рассказал, готов ли он опять стать тренером Джоковича


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Москвичам назвали пять мест, где можно полюбоваться цветущей сакурой





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время пути поездов от Москвы до Черного моря до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск не исключает попыток оппозиции оторвать часть территории Белоруссии в пользу НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Ивлеева

Блогера Ивлееву оштрафовали на 50 тыс рублей за дискредитацию российской армии



Москва

Экс-замминистра получила семь лет колонии из-за музея мороженого

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net