123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 09.09.2019

Чархи дувуми Роғун гардон шуд. Оё бебарқии зимистона ба хотира табдил меёбад?

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо фаъол шудани чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон метавонад содироти барқро ба хориҷа зиёд кунад. Ин дар ҳолест, ки мардуми қаторӣ умедвори коҳиши нархи барқ ва комилан аз байн рафтани реҷаи фасли зимистон аст.

Эътирозҳои зиддичинӣ дар Қазоқистон: рӯзи ҳафтум. Тоқаев ба сафари Чин омода мешавад

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки президенти Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев барои як сафари дурӯза ба Пекин омодагӣ мебинад, даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри ҷанубуғарбии Жанаозен рӯзи ҳафтум аст, ки зидди сармоягузориҳои чинӣ ва тарҳҳои саноатӣ эътироз мекунанд.    Эътирозгарон рӯзи 9 сентябр дар маркази шаҳри Жанаозен ҷамъ омада, аз ҳукумат талаб карданд, ки ба гуфтаашон, “тавсеаи Чин”-ро  аз роҳи бунёди корхонаву дигар  тарҳҳо дар хоки Қазоқистони ғанӣ аз нафт хотима диҳанд.  Эътирозгарон талаб доранд, ки сармоягузорӣ ба кишвар тавассути ҳамкориҳо бо Аврупо... Читать дальше...

Толибон аз ду ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон ронда шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ду ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз дасти гурӯҳи Толибон бозпас гирифтанд. Ноҳияи Юмгон ва Вардуҷ, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгиранд, панҷ сол боз дар дасти гурӯҳи Толибон қарор доштанд. Амалиёт барои пас гирифтани ин ду ноҳия 11 рӯзи пеш оғоз шуд. Асадуллоҳ Муҳаммадӣ, фармондеҳи пулиси Бадахшон мегӯяд, дар пайи амалиёт наздики 200 ҷангҷӯ кушта шуд, ки дар миёни онҳо ҷангҷӯёни хориҷӣ низ ҳастанд. Озодсозии ду ноҳия аз дасти Толибон дар ҳолест... Читать дальше...



Дар ҳамлаҳои ҳавоии Сурия 18 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шарқи Сурия мавқеъҳои нирӯҳоеро ҳадаф қарор дод, ки аз ҷониби Эрон ва дигар ҷангиёни муттафиқи онҳо пуштибонӣ мешаванд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои рӯзи 9 сентябр, ба иттилои созмони бритониёии Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия, 18 ҷангӣ кушта шуд.  Ин созмон гуфт, ки рейдҳо шабонгоҳ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ношинос дар минтақаи Ал-Букамоли ҳаммарз бо Ироқ анҷом шуд. Созмони Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, ки ҳамлаҳо гузаргоҳҳои низомӣ, мошинҳои ҳарбӣ ва захирагоҳҳои силоҳро ҳадаф қарор доданд. Читать дальше...

Як полковники пешини СНБ дар додгоҳ посух мегӯяд

Ozodi.org 

Додгоҳи низомии Узбекистон 5-уми сентябр баррасии парвандаи нави сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии ин кишвар ё худ СНБ, полковник Нодир Турақуловро оғоз кард. Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти қудратии Узбекистон, парвандаи мазкур дар асоси шикояти намояндаи ширкати олмонии "International Spedition Willi Bets" – яке аз қурбониёни амалҳои Турақулов боз шудааст. Ҷониби ҷабрдида Турақуловро дар ҳабси ғайриқонунии 17 мошини "Mercedes Bens Aktros"-и ширкат ва расонидани хисорот... Читать дальше...

Дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон филм гирифтанд

Ozodi.org 

Синамогарони қазоқ филми нави бадеие бардоштанд, ки дар бораи ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад. Филми “Казбат”-и коргардон Аскар Узабаев ва продюсер Дониёр Иброҳимов дар бораи ҳодисаҳои соли 1995 дар дараи Пшихарви воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва муқовиматҳои ротаи ҳафтуми қазоқӣ қисса мекунад. Он замон, ба қавли муаллифон ва мушовирони низомии филм, дар шабехуне  7 апрел задухӯрди шадиде миёни нирӯҳои таъиноти вижа ва ҳамлагарон сурат гирифт, ки дар он 17 низомии қазоқ кушта шуд. Читать дальше...



Дар дорухонаҳои Узбекистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад

Ozodi.org 

Дар ҳамаи дорухонаҳои Узбекистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии доруҳо дурбинҳои назоратӣ насб карда мешавад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 6-уми сентябр фармонеро ба имзо расонд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, аз 1-уми январи соли оянда дар ҳамаи дорухонаҳои ин кишвар дурбинҳои назоратӣ насб ва фурӯши доруҳо 24 соат назорат хоҳад шуд. Бар асоси фармони Мирзиёев, аз 1-уми декабри соли 2019 доруҳои шомил ба феҳристи маводи сахттаъсирро танҳо дорухонаҳои иҷтимоӣ ва онҳое мефурӯшанд... Читать дальше...

Тасарруфи $583 ҳазор. Як корманди ҳукумати Бишкек боздошт шуд

Ozodi.org 

Як корманди шаҳрдории Бишкек дар азхудсозии маблағи фурӯши 8 манзил гумонбар мешавад. Дар ин бора мақомоти шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар доданд. Ӯро ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд боздошт карданд. Ин корманди шаҳрдории Бишкек мехост, тавассути Тоҷикистон ба Туркия равад. Боздоштшударо ба ҳабс гирифтаанд. Пештар аз ин мақомоти шаҳрдории Бишкек хабар дода буданд, ки Эрик Аширалиев, масъули Раёсати амволи шаҳрдорӣ 8 манзили мутааллиқ ба шаҳрдориро фурӯхта, ғайб задааст. Читать дальше...

Дар шаҳри Нурсултон эътирозҳои алоҳида баргузор шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи душанбеи 9-уми сентябр чанд эътирози алоҳидае баргузор шуд, ки ширкатдорони он талабҳои гуногун доштанд. Бархе аз онҳо гуфтанд, бо қарори додгоҳҳо, ки нисбати онҳо ё наздиконашон содир шудааст, розӣ нестанд. Ширкатдорон аз беамалии мақомот нисбати шикоятҳояшон изҳори нигаронӣ карданд. Дар Хонаи вазирони шаҳри Нурсултон эътирозгарон шиор ва овезаҳое бо танқиди бархе аз судяҳо ва кормандони додситонӣ паҳн карданд. Бархе аз онҳо дар даст овезаҳое бо талаби... Читать дальше...

Президенти ИМА Залмай Халилзодро бозхонд

Ozodi.org 

ИМА фиристодаи аршади ин кишвар дар музокироти сулҳи Афғонистон бо Толибонро як рӯз баъди аз ҷониби президент Доналд Трамп бекор шудани гуфтугӯҳои пинҳонӣ бо Толибон бозхонд. Трамп ахиран гуфт, ки тасмими боздошта шудани музокираҳо бо сабаби даст аз ҳамлаҳо набардоштани ҷангиён гирифта шуд. Дар ҳамлаи ахири ин гурӯҳ дар Кобул 12 нафар, аз ҷумла як сарбози амрикоӣ кушта шуд. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео  дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 8 сентябр эълон кард, ки фиристодаи амрикоӣ Залмай Халилзода бозхонд шуда... Читать дальше...

Интихобот дар Русия: Аз тақаллуб то ҳамла ба номзадҳои мустақил

Ozodi.org 

Дар Русия рӯзи ягонаи райъдиҳӣ ба анҷом расид. Интихобкунандагон раҳбарони 19 федератсия ва вакилони 13 маҷлиси шаҳриву минтақавиро интихоб карданд. Фаъолони ҷамъиятӣ аз тақаллуби фаровон дар ҷараёни интихобот ва ҳамла ба номзадҳои мустақил хабар доданд.

Гумонбари суқути ҳавопаймои Малайзия бозпурсӣ шуд

Ozodi.org 

Владимир Тсемах, ки аз ӯ ба унвони  «як шахси манфиатдор» дар парвандаи суқати ҳавопаймои Малайзия MH17 ном бурда мешавад, қабл аз парвозаш ба Маскав рӯзи 7 сентябр дар чаҳорчӯби барномаи табодули зиндониёни миёни Русия ва Украина, аз ҷониби додситонҳои ҳолландӣ бозпурсӣ шуд. Дар ин бора рӯзи шанбе дар парлумони Ҳолланд вазири хориҷаи ин кишвар Стеф Блок изҳорот дод. Блок дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки “то замони табодули зиндониҳо”, ки дар ҷараёни он Киеву Маскав 35 зиндониро ба ҳамдигар доданд,... Читать дальше...

Нусхаи Париж дар Кӯлоб баҳс эҷод кард. АКС

Ozodi.org 

Бунёди боғи наве дар ҷануби Тоҷикистон, маъруф бо номи “Гӯшаи Париж”, ки дар он манораи сунъии хурди Эйфел низ ҷой дорад, дар кишваре, ки бекории сартосари онро фарогир аст ва аксари сокинонаш ба пули интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия вобастаанд, вокунишҳои мухталифе ба бор овард.

Даргузашти модари Далер Назаров

Ozodi.org 

Нодирамо Қадамшоева, модари сиёсатмадору коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худоназаров ва овозхони шинохта Далер Назаров дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Гуфтугӯи Путину Макрон дар бораи Украина ва Эрон

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон дар бораи муноқиша дар шарқи Украина ва созиши атомии Эрон гуфтугӯ кардааст. Вебсайти расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки гуфтугӯ рӯзи 8-уми сентябр сурат гирифтааст. Раҳбарони ду кишвар як рӯз пештар аз мулоқоти вазирони дифои Русия ва Фаронса дар Маскав табодули назар кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории давлатии ТАСС, Сергей Шойгу ва Флоренс Парли рӯзи 9-уми сентябр дар бораи таҳаввулот дар Халиҷи Форс, аз ҷумла Эрон, вазъ... Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Мама Тимати поделилась милым видео с 10-летней Алисой — подписчиков смутила одна деталь





Персональные новости
Спартак

Московский «Спартак» уволил Абаскаля с поста главного тренера





Омӯзгори 62-солае дар Узбекистон дар таҷовузи хонандаи мактаб гумонбар мешавад

Ozodi.org 

Мақомоти ноҳияи Олтинсойи Узбекистон аз рӯи далели таҷовузи як хонандаи мактаб аз сӯи омӯзгори 62-сола парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ба гуфтаи хонанда, омӯзгор ӯро давоми 1,5 сол дар ҳудуди мактаб мудовим таҷовуз кардааст. Вай мегӯяд, хушунати ҷинсӣ нисбати вай аз моҳи сентябри соли 2017 то марти соли 2019 давом кардааст. "Омӯзгор ба ман шароб нӯшонида, ба синфхонаи кимиё даровард ва таҷовуз кард. Баъзан ин ҳолат як рӯз дар миён, баъзан дар се рӯз як маротиба рух медод. Ҳолатҳое мешуд, ки вай маро аз дарс берун бароварда... Читать дальше...

Як фаъоли туркманистонӣ аз зиндон раҳо шуд

Ozodi.org 

Гаспар Маталаев, як фаъоли туркманистонӣ баъди 3 соли зиндон рӯзи 6-уми сентябр ба озодӣ баромад. Айни ҳол вай дар манзилаш қарор дорад. Ба иттилои расонаҳо, Маталаевро, ки ба мониторинги меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта машғул буд, шаби 4 ба 5-уми октябри соли 2016 боздошт карданд. Пеш аз боздошташ вай чанд маротиба бо кормандони бахшҳои буҷавӣ ва хонандагони мактабҳо дар бораи меҳнати иҷборӣ дар саҳрои пахта суҳбат карда буд. Дувуми октябри соли 2016 сомонаи turkmen.news акси Маталаевро... Читать дальше...

Дар Русия рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ баргузор шуд

Ozodi.org 

Дар Русия ва нимҷазираи ишғолии Қрим 8-уми сентябр раҳбари 19 федератсия, вакилони 13 маҷлиси шаҳриву минтақавиро интихоб карданд. Аз ҳама бештар раъйгириҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Хабаровск мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд. Интихоботи маҷлиси пойтахти Русия пас аз роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба он эътирозҳои густардаеро ба миён овард. Дар шаҳри Санкт-Петербург номзади ҳизби ҳоким ба мақоми раисии шаҳр Александр Беглов дар рӯзи интихобот бидуни рақиби калидӣ монд. Дар Хабаровск... Читать дальше...

Муҷтамаи нави Русияро дар Байконур ба ифтихори Назарбоев номгузорӣ карданд

Ozodi.org 

Муҷтамаи кайҳониву мушакии Русия барои партоби мушакҳои борбар, ки айни ҳол дар Байконури Қазоқистон сохта мешавад, ба ифтихори президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шуд. Дар ин бора сомонаи "Роскосмос"-и Русия иттилоъ дод. Созишнома дар бораи сохтмони ин муҷтамаъ соли 2018 имзо шуда буд. Пештар он "Байтерек" ном дошт. Дар мулоқоти охири Назарбоев дар Русия бо президенти он кишвар Владимир Путин дар ҳафтаи гузашта, президенти Русия пешниҳоди тағйири номи "Байтерек"-ро кард. Читать дальше...

Амрико фиристодаи хоси худ барои сулҳи Афғонистонро бозпас хонд

Ozodi.org 

Як рӯз баъд аз даст кашидани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз мулоқоти махфие, ки Толибон ҳам бояд дар он ҳузур меёфтанд, Вашингтон фиристодаи хоси худ барои Афғонистонро бозпас хонд. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи 8-уми сентябр зимни суханронии телевизионӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки Залмай Халилзод, ки бо Толибон дар бораи поён додани ҷанг дар Афғонистон гуфтугӯ мекард, ба Амрико бозпас хонда шуд ва ишора кард, ки гуфтугӯҳо бо Толибон ҳам барои муддате муттавақиф шудаанд. Читать дальше...

ВКД: ҳомиёни Отамбоев шиносоӣ бо парвандаро ба дарозо мекашанд

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, вакилони дифои президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев шиносоӣ бо маводи парвандаи марбут ба ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаевро ба дарозо мекашанд. Ин ниҳод ҳамчунин хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон имкони шиносоӣ бо парвандаи мазкурро 5 август дарёфт кардаанд, рад кард. "Отамбоев ва ҳомиёни ӯ -- Слеварев ва Жоошев 30-юми август огаҳ карда шуданд, ки таҳқиқи парванда ба поён расид. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

«Гонка Героев» открывает сезон при поддержке ENERGY


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Рыбакина? Назван главный конкурент Соболенко


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

HTX Ventures сотрудничает с Core Venture Network для расширения возможностей инноваторов Core Chain





Путин в России и мире
Москва

Путин всё знал, но никого не предупредил: Немцы обвинили Москву в прорыве израильского Купола


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко подписал указ по реализации до 2028 года нового проекта с РФ в сфере космоса




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленского выпороли ультиматумом: США жестко ответили на наглость и поучения Киева


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Песня

В Твери пройдет гала-концерт вокального конкурса «#Песня как мир без границ»



Москва

Ученики школ искусств из Воскресенска стали призерами семи творческих конкурсов

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net