123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 02.09.2019

“Ворисони Куруши Кабир” - гимназияи нави ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон гимназияи ҳарбии “Ворисони Куруши Кабир” таъсис ёфт. Ин гимназия барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон афсарони ояндаро омода мекунад.  Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ҳарбии қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир"-ро таъсис додааст. Қарори таъсиси ин гимназия рӯзи 2-уми сентябр дар махзани ягонаи ҳуқуқии Вазорати адлия ба нашр расид. Дар ин қарор, ки зери он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон имзо гузоштааст... Читать дальше...

Бомбаборони боздоштгоҳе дар Яман ҷони даҳҳо нафарро гирифт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Яман дучори маргбортарин ҳамла дар соли ҷорӣ шуд. Ҳавопаймоҳои эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе як боздоштгоҳи воқеъ дар маркази кишварро, ки зери назари шӯришиён мебошад, мавриди ҳамла қарор дод, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.



Чаро сарбози Нируҳои марзбонӣ худро дар лаби дарёи Душанбе овехт?

Ozodi.org 

Як сарбози Неруҳои марзбонии Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи хидмат дар артиш, даст ба худкушӣ задааст. Рамазон Ғаниеви 21-сола барои як ҳафта аз артиш рухсат гирифт, вале рӯзи 24-уми август ҷасади ӯро аз назди дарёи Душанбе пайдо карданд.

Бо маблағи Иттиҳоди Аврупо соҳилҳои Ҳафткӯлро тоза мекунанд

Ozodi.org 

Бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо соҳилҳои Ҳафткӯл, яке аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистонро аз партов тоза мекунанд. Дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки тозакунии соҳилҳои Ҳафткӯл дар доираи лоиҳаи “Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ва табии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон” сурат мегирад. Манбаъ афзуд, муттаассифона гирду атрофи Ҳафткӯл аз бепарвоии меҳмонон зарар дида истодааст, чун меҳмонон партовҳои дар натиҷаи истироҳат ба вуҷуд омадаашонро ба ҷои он ки бо худ ба шаҳр баранд... Читать дальше...

Дарси мардумсолорӣ дар Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон

Ozodi.org 

Норозиёни Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш аз натиҷаҳои интихоби вакилони ҷамъият эътироз карда буданд, мегӯянд, баъд аз нашри матлабе дар Радиои Озодӣ дархосташон пазируфта шуд. Натиҷаи ҷаласаи қаблӣ беэътибор ва рӯзи 30-юми август интихоби дигарбораи вакилон баргузор шуд.



Додгоҳ нахост ҳамсарони русро аз ҳақи падару модарӣ маҳрум кунад

Ozodi.org 

Додраси ноҳияи Никулинскии шаҳри Маскав гуфт, ки ҳамсарон Петр ва Елена Хомскийро барои ширкаташон дар маъракаи пуштибонӣ аз номзадҳои мустақили думаи Маскав аз ҳақи падару модарӣ маҳрум намекунад.  «Медиазона» хабар дод, ки волидон ҳушдор дода шуданд, ки «рафторашонро тағйир диҳанд». Рӯзи душанбе  ду додгоҳи ҷудогона талаби додситонӣ оиди аз ҳақи падару модарӣ маҳрум кардани ҳамсарон Проказови ва Хомскийҳоро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. Ин парвандаҳо бар асоси моддаи «дар ҳолати хатарнок гузоштан»... Читать дальше...

Чанд хол намерасад? Паҳлавонҳои тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Федератсияи байналмилалии ҷудо – “IJF” пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон, ки аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Токиои давлати Ҷопон баргузор шуд, раддабандии нави олимпиро нашр кард

Нахуствазири Гурҷистон аз мақомаш канор рафт

Ozodi.org 

Нахуствазири Гурҷистон Мамука Бахтадзе рӯзи 2 сентябр тавассути саҳифаи Фейсбукаш хабар дод, ки аз мақом канор меравад. Бахтадзе гуфт, ки сабабҳои аз мақом рафтанашро “каме дертар” шарҳ медиҳад ва афзуд, ки исми шахси ҷойгузини ӯ давоми як рӯзи наздик эълон мешавад. Ӯ, аз ҷумла, навишт: “Ҳадаф ва салоҳиати муҳими номзадии ман дар мақоми нахуствазири Гурҷистон дар соли 2018 аз эҷод ва иҷрои чаҳорчӯби стратегияи рушд барои кишвар иборат буд, то ки тавонад дар солҳои наздик моро барои дастёбӣ ба ҳадафҳоямон... Читать дальше...

Қирғизистон роҳи Сӯхи Узбекистонро пас аз 6 сол дубора боз кард

Ozodi.org 

Ягона роҳи мошингарде, ки анклави Сӯхро бо Узбекистон мепайваст, пас аз шаш сол, 31-уми августи соли равон дубора боз шуд. Ин роҳи мошингард дар натиҷаи задухӯрде баста шуд, ки 5-6 январи соли 2013 миёни сокинони анклав ва марзбонони Қирғизистон рух дода буд. Роҳи мазкур, ки 70 километр дарозӣ дорад, тақрибан пурра аз ҳудуди Қирғизистон гузашта, ду ноҳияи вилояти Фарғонаро ба ҳам мепайвандад. Сокинони Сӯх давоми шаш соли ахир маҷбур буданд, ба маркази Фарғона аз роҳи дигаре равуо кунанд, ки 130 километр дарозӣ дорад. Читать дальше...

Тоқаев: аз ҳамагуна амалҳои зиддиконститутсионӣ пешгирӣ хоҳад шуд

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 2-юми сентябр дар паёмаш ба мардуми ин кишвар гуфт, мақомоти маҳаллӣ бояд барои эътирозҳои осоишта иҷозат диҳанд ва макони баргузории онҳоро набояд дар "канори шаҳр" интихоб кунанд. "Агар ҳамоишҳои осоиштаи эътирозӣ поймолшавии қонун ва ба ҳам задани оромии сокинонро дар пай надошта бошанд, бояд онҳоро дар доираи қонун иҷозат дод ва барои баргузорияшон макони махсусро ҳам интихоб кард", - изҳор дошт президенти Қазоқистон. Вале ӯ таъкид кард, ки... Читать дальше...

Ҳушдори Эрон оид ба коҳиши ӯҳдадориҳои ҳастаиаш баъди 6 сентябр

Ozodi.org 

Эрон ҳушдор дод, ки Аврупо бояд қабл аз зарбулаҷали 6 сентябр мӯҳлатҳои навро пешниҳод кунад, вагарна Теҳрон аз шарту шурути созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, ки соли 2015 имзо шудааст, шадидан канор меравад. Зимни суханронӣ дар остонаи мулоқоти вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф бо раҳбари сиёсати хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав, оҷонсии ИРНО дар нақли қавл аз сухангӯи ҳукумати Эрон Алӣ Робеӣ  гуфт, ки “мавзеъгириҳо дар бисёр масоил ба ҳам наздик шудааст ва ҳоло қарор аст ба хотири... Читать дальше...

Майк Пенс: ИМА дар низоъ бо Русия аз Украина пуштибонӣ мекунад

Ozodi.org 

Майк Пенс, ноиб-президенти ИМА гуфт, ки кишвараш ба пуштибонӣ аз Украина идома дода, дар низоъ бо Русия дар канори он хоҳад монд. Пенс ҳамчунин афзуд, дар ҳифзи якпорчагӣ ба Украина кумак мерасонад. Пенс дар мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми сентябр дар Варшава гуфт, ки ИМА талаби қонунии Украинаро дар масъалаи Қрим ҷонибдорӣ мекунад. Ноиб-президенти ИМА ва президенти Украина дар Варшава дар чорабинии бахшида ба 80-солагии оғози Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ҳамлаи Олмон ба Лаҳистон, ширкат доштанд. Читать дальше...

Мансабдори қирғиз мехоҳад, вакили порлумони "гаравгонгир" сафед карда шавад

Ozodi.org 

Раиси пешини вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон Эмилбек Каптагаев бо навиштани номаи саркушодае ба додситонии кул Откурбек Жамшитов эълом кард, ки нисбати вакили пешини зиндонӣ Содир Жапаров шикояте надорад. Вай афзуд, борҳо изҳор доштааст, ки ширкати Жапаров дар гаравгонгириаш исбот нашудааст. "Шахсан ман нисбати вай шикояте надорам. Содир Жапаровро танҳо дар асоси шоҳидии шаҳрванд Кенжебек Жумабоев 11,5 сол зиндонӣ карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Жумабоевро дар доираи парвандаи гаравгонгирӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардаанд. Читать дальше...

Дарси мардумсолорӣ дар Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Норозиёни Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш аз натиҷаҳои интихоби вакилони ҷамъият эътироз карда буданд, мегӯянд, баъд аз нашри матлабе дар Радиои Озодӣ дархосташон пазируфта шуд. Натиҷаи ҷаласаи қаблӣ беэътибор ва рӯзи 30-юми август интихоби дигарбораи вакилон баргузор шуд.

Дар Самарқанд як саги девона 15 касро газид

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Самарқанди Узбекистон хабар доданд, ки як саги девона 15 одам, аз ҷумла як корманди мақомоти корҳои дохилиро газидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 28-уми август наворе нашр шуд, ки лаҳзаи пахш кардани сагеро аз сӯи ду мошин нишон медод. Ин навор хашми корбаронро ба бор овард. Мақомоти вилояти Самарқанд гуфтанд, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологӣ аз ҳамлаи саги девона ба одамон хабар дод. Одамон дар бемористон бистарӣ шудаанд.


Музыкальные новости
Юрий Шевчук

Раскрыты тайны записи совместной песни Шевчука и группы «ГРОТ»





Персональные новости
Желдорреммаш

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли традиционные весенние общезаводские субботники





Додситони фаронсавӣ: Марди ҳамлагари афғон дучори бемории рӯҳӣ будааст

Ozodi.org 

Як додситони минтақавӣ дар Фаронса рӯзи 1 сентябр гуфт, марди афғоне, ки дар паи ҳамла бо корд як нафарро кушта ва ҳашт тани дигарро захмӣ кардааст, бемори рӯҳӣ буда, дучори “ҳазёни параноидӣ” мебошад. Додситон Никола Жаке рӯзи 1 сентябр дар сӯҳбат бо АП гуфт, ки замони ҳамла мард таҳти таъсири дору қарор дошт ва вақте ба одамон ҳамла мекард, мегуфт, ки “садое мешунавад, ки ба ӯ мегӯяд “бикуш””. Ҳодисаи ҳамла рӯзи 31 август дар истгоҳи метрои канораҳои шаҳри Лион рух дод. Пеш аз он ки полис расида омад... Читать дальше...

9 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти XXI қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF) миёни бузургсолон, собиқадорон ва навҷавонон, ки рӯзҳои 24-30-юми август дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор шуд, 9 медал (2 нишони тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Интиқоди Лаҳистон аз “тамоюлҳои империалистӣ”-и Русия

Ozodi.org 

Анджей Дуда, президенти Лаҳистон амалиёти низомии Русияро ба унвони ба гуфтааш “тамоюлҳои империалистӣ” интиқод кард ва аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки чашми худро ба тағйироти хатҳои марз аз роҳи зӯр чашм напӯшанд. Зимни суханронӣ дар маросими бахшида ба 80-солагии шурӯи ҷанги дуюми ҷаҳон, ки 1 сентябр дар Варшава баргузор шуд, Дуда гуфт: “Вақтҳои охир дар Аврупо мо шоҳиди бозгашти равандҳои империалистӣ, талошҳо барои тағйири марзҳо аз роҳи зӯр, таҷовуз алайҳи кишварҳои дигар, ғасби заминҳо ва боздошти инсонҳо мешавем”. Читать дальше...

Имомхатибон дар Мастчоҳ барои ҲХДТ бино месозанд

Ozodi.org 

Имомхатибон дар ноҳияи Масчоҳ дар сохтмони бинои маъмурии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ширкат карданд. Руҳониён асосан тариқи ҳашар дар корҳои сохтмони ин бино иштирок доранд. Саидҳомид Ниёзов имомхатиб аз ҳавзаи дуввуми ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 2-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мо сохтмони ин биноро дастгирӣ мекунем ва “дар ҳашари сохтмони он ширкат кардем.” Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар ҳашари сохтмони биноҳи ҲХДТ имхатибони масҷидҳо ва аз ҷумла сархатиби масҷиди ноҳияи Мастчоҳ ширкат варзид. Читать дальше...

Халилзод президент Ғаниро аз ҷараёни музокирот бо Толибон хабардор кард

Ozodi.org 

Фиристодаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай Халилзод дар як мулоқоташ бо президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ ӯро дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба музокироти сулҳ бо Толибон, ки дар Қатар мегузарад, хабардор намуд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи президенти Афғонистон рӯзи 1 сентябр дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки ҷузъиёти ин сӯҳбатҳо рӯзи душанбе шарҳ дода мешавад. Халилзод баъди бозгашт аз Қатар бо президент Ғанӣ мулоқот ва гуфт, ки  даври нӯҳуми музокираҳо бо Толибон ҳанӯз бидуни созиш анҷом ёфтааст. Читать дальше...

Бо шикаст оғоз карду бо медали тилло баргашт: 9 медали Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи таэквондо дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон 9 медал, аз ҷумла 2 медали тилло ба даст овард

Спорт в России и мире
Москва

RU.TV превращает Русскую Музыкальную Премию в Мюзикл


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

П’ять українок отримали суперниць в основі турніру WTA 1000 в Мадриді: результат жеребкування


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В Кабардино-Балкарии стартует крупнейшая экологическая акция «Вода России»





Путин в России и мире
Москва

Тема дня: Путин назвал сохранение духовных ценностей условием укрепления суверенитета


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

В Минске открывается ВНС: что будет




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

В РПЦ отказались называть причины запрета в служении иерея Сафронова, отпевавшего Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

Поклонник Басты сделал предложение девушке на концерте рэпера в Новосибирске



Москва

Мэр рассказал о ходе благоустройства на западе города

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net