"Допинги Дилшод" додгоҳӣ мешавад? Назаров вакили дифоъ гирифт
Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ гуфт, барои исботи бепоя будани барканорияш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа ва ҳифзи шаъну эътибораш омода аст, то додгоҳ биравад
Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ гуфт, барои исботи бепоя будани барканорияш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа ва ҳифзи шаъну эътибораш омода аст, то додгоҳ биравад
Як гуруҳи 80-нафарии муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати "Аванти строй групп" дар Маскав кор мекарданд, мегӯянд, ширкат беш аз 10 миллион рубл маоши онҳоро надод ва мақомоти рус ҳам арзи онҳоро нодида мегиранд. Яке аз моликони асосии ширкат Умар Ҷабраилов, соҳибкори бонуфузи чечен аст, ки соли 2000-ум номзадии худро ба мақоми президенти Русия пешбарӣ карда буд. Ёвари Ҷабраилов рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддаои муҳоҷирони тоҷикро рад ё тасдиқ накард. Аммо намояндаи дигари "Аванти строй групп" гуфт... Читать дальше...
Вазорати адлияи Амрико ёддошти панҷсаҳифагии сӯҳбати рӯзи 25-уми июли президент Доналд Трамп ва ҳамтои украиниаш Владимир Зеленскийро нашр кард. Бар асоси матни ин сӯҳбат дида мешавад, ки раҳбари Амрико Украинаро водор кардааст, ба таҳқиқи собиқ муовини президент ва рақиби сиёсии Трамп аз ҳизби демократ Ҷо Байден шурӯъ кунад. Матни ёддошт рӯзи 25-уми сентябр нашр шуд. Он нишон медиҳад, ки Трамп аз Украина хостааст, бо вакили дифои ӯ Руди Ҷулианӣ ва додситони кулли Амрико барои таҳқиқи иттиҳоми... Читать дальше...
Дирӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд маросими ифтитоҳи даври вилоятии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор гардид
Президенти Украина Владимир Зеленский дар рӯзи дуюми ҷаласаҳои Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, ки ҳушёр бошанд, чун вақте Русия бо Украина дар маркази Аврупо меҷангад, ҳеҷ як кишвари дигар амн буда наметавонад. Ӯ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, "дар ин саёра ҳеҷ касе гуфта наметавонад, ки ин ҷанги ман нест". "Ҳар раҳбар барои тақдири на танҳо кишвари худ, балки тамоми ҷаҳон масъулият дорад", -- афзуд ӯ. Маскав ҳамоно аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина пуштибонӣ мекунад. Аз замони... Читать дальше...
Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон дар вилояти Волгогради Русия ҷон бохтааст. Ба иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ин сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Мирзоҷон Ҳайидов будааст. Мақомот мегӯянд, муҳоҷири фавтида бо ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар дохили "ҳаммом" барои гарм шудан оташ даргиронда, хоб рафтаанд. Субҳ онҳоро беҳуш ёфтанд ва мошини Ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд. Аммо Мирзоҷон Ҳайидов наҷот наёфт ва дар бемористон аз дунё даргузашт. Читать дальше...
Дилшод Назаров – гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро – гуфт, аз он ки ӯро ба истифодаи допинг гумонбар ва аз иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар маҳрум карданд, дар ҳолати "шок" аст. Ӯ рӯзи 25-уми сентябр дар паёме ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардаам." The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 24-уми сентябр... Читать дальше...
Қаблан Ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат намудан дар мусобиқаҳоро надорад
Мақомоти пулиси шаҳри Чимкенти Қазоқистон низои байни донишҷӯёни донишгоҳи маҳаллиро шарҳ доданд. Ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании донишҷӯёни маҳаллӣ бо донишҷӯёни узбекистонӣ нашр шуд. "Ҳодисаи занозании донишҷӯён дар яке аз донишгоҳҳои Чимкент санҷида шуд. Муайян гардид, ки занозанӣ ангезаи маишӣ дорад", - омадааст дар хабарномаи пулис, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр шуд. Ба иттилои пулис, ҳамчунин бо моддаи "Авбошӣ" тафтиш шуруъ шудааст. Дар навори нашршуда донишҷӯёни соли аввали таҳсил мегӯянд... Читать дальше...
Ду муҳоҷири узбек, ки ҳангоми фирор аз кормандони пулиси шаҳри Балашихаи вилояти Маскав худро аз ошёнаи дувум ба замин партофта буданд, дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Ин шаҳрвандони Узбекистон ҳамроҳи ду ҳамватани дигари худ ба манзили зисти як шаҳрванди Қирғизистон ба меҳмонӣ рафта буданд ва шоми 20-уми сентябр се кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хона даромада, онҳоро латукӯб ва пул талаб кардаанд. Илҳом Холматов, яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда гуфт, он шаб афроде дар либоси мулкӣ омада... Читать дальше...
Имрӯз дар бораи модаре, ки зоҳиран аз ҷабри шавҳар худу ду тифлашро дар Ҳисор кушт, суҳбат мекунем ва ҳам дар бораи ғавғое, ки дар гирди футболбозии наврасони тоҷик бардоштанд. Видеоҳои шумо дар бораи ибодат зери борону мошинҳои бадбӯй дар Душанберо ҳам мебинем. Ҷазо гирифтани шавҳари Сайрам Холова аз деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, ки моҳи майи соли гузашта худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохту худкушӣ кард, баҳси зиёдеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук барангехт. "Сузана Орейро" дар Фейсбук гуфтааст... Читать дальше...
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват кард, ки қонунгузории ин кишвар дар бораи баргузории ҷамъомадҳои осоишта бознигарӣ ва боздошти эътирозгарони мусолиматомез қатъ карда шавад. Пажуҳишгари HRW Лорӣ Миллс рӯзи 24-уми сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, Тоқаев моҳи июни соли равон, пас аз президенти Қазоқистон интихоб шуданаш дар бораи тезонидани ислоҳоти сиёсӣ ва беҳсозии вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар суҳбат карда буд. "Вале... Читать дальше...
Владимир Путин, президенти Русия ба роҳбарони даҳҳо кишвар, аз ҷумла аъзои НАТО бо ирсоли номае пешниҳод кард, ки ба ҷойгирсозии мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз дар Аврупо ва дигар минтақаҳо моратория эълом кунанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба дипломате аз кишварҳои НАТО хабар доданд. Ба гуфтаи дипломат, нома 19-уми сентябр дастрас шудааст. Федерика Моғеринӣ, роҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳам чунин нома дарёфт кардаанд. Дар номаи Путин омадааст... Читать дальше...
Раисони порлумони Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд. Дафтари матбуотии порлумони Қирғизистон хабар додааст, ки дидори Шукурҷон Зуҳуров ва Достон Ҷумъабеков рӯзи 24-уми сентябр дар доираи ҷаласаи чаҳоруми раисони порлумони кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Дар иттилоияи Жокоргу Кенеш, порлумони Қирғизистон, гуфта мешавад, ҳар ду ҷониб ба ин хулоса расидаанд, ки ба таври ҳуқуқӣ номнавис шудани марзҳои давлатӣ ба таъмини субот ва амният дар марзи ҳар ду давлат... Читать дальше...
Дилшод Назаров бо истифодаи давои нерӯбахш муттаҳам шудааст, футболбозони навраси тоҷик баъди пирӯзӣ ба ватан баргаштанд, кумаки хайрия ба муҳоҷирони боздоштшуда дар Сахаровои Русия ва муҳоҷирони тоҷик аз Рамазон Қодиров ёрӣ мехоҳанд.
Яке аз намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, маъмурони амниятӣ модари 63-сола ва ду хеши дигарашро даъват кардаанд. Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке аз аъзои фаъоли ҳизб рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “модарам, тағо ва писари аммаамро субҳи чаҳоршанбе ба идораи амният дар ноҳияи Ҷайҳун даъват кардаанд. Онҳо 4 соат боз дар ҳамонҷо ҳастанд.” Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомот дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфт. Маҳмудҷони Файзраҳмон гуфт, сабаби даъвати... Читать дальше...
Канат Сагимбоев, муҳофизи Алмосбек Отамбоев - президенти пешини Қирғизистон боздошт шуд. Дар ин бора Замир Жоошев, вакили мудофеъ хабар дод. Навори Сагимбоев дар иҳотаи кормандони мақомоти қудратӣ ва дар даст завлона дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Мақомоти расмӣ то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Гуфта мешавад, Сагимбоев пеш аз боздошт чанд соат дар додситонии ҳарбӣ бозпурсӣ шудааст. Канат Сагимбоев ба ҳайси корманди КДАМ барои муҳофизати Отамбоев таъйин шуда буд. Ӯро рӯзи 20-уми сентябр аз мақомот ронданд. Читать дальше...
Ҷазо ба марде барои худкушии занаш, намозгузории муҳоҷирон дар зери жола, мошинҳои бадбӯй дар Душанбе, ҳаёҳу дар атрофи номи футболбозони тоҷик. Баҳсҳои имрӯза дар ОЗОДӢ ОНЛАЙН.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров омодагиҳои сафари президент Владимир Путин ба Арабистони Саудӣ дар моҳи октябрро рӯзи 24 сентябр дар ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк баррасӣ кард. Дар як мусоҳибааш бо ТАСС Лавров гуфт, ки дар мулоқот бо вазири хориҷаи Саудӣ Иброҳим Ал-Ассаф барномаи сафари Путин ба ин кишварро баррасӣ кард, ки инчунин таҳлили вазъ дар Халиҷи Форс, Яман ва Сурия як бахши он мебошад. Рӯзи 14 сентябр чанд муассисаи нафтии Арабистони Саудӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва дар паи он ИМА, Бритониё... Читать дальше...
Вакилони демократ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфтанд, ба далели "хиёнат", расмиёт барои раъйи адами эътимод ё изҳори нобоварӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трампро оғоз мекунанд. Онҳо гуфтанд, Трамп ба Украина фишор овардааст, ки дар мавриди сиёсатмадори рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи оянда Ҷо Байден ва писари ӯ таҳқиқот кунанд. Ненси Пелоси, раҳбари демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико, рӯзи 24-уми сентябр гуфт, нобоварӣ алайҳи Трамп "ба далели хиёнат ба савганди хӯрдааш, хиёнат ба амнияти... Читать дальше...
Тарафдорони рӯҳонӣ ё шамани ёқут, ки бо шиори “Путинро аз Кремлин берун мекунем” замони раҳпаймоии чандмоҳаашон аз Сибир ба Маскав боздошт шуда буданд, гуфтанд, ки баъди таҳдидҳои Хадамоти амнияти федеролӣ эътирози худро хотима медиҳанд. Виктор Егоров, яке аз тарафдорони шаман Александр Габишев рӯзи 25 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди тақрибан як ҳафтаи боздошт шудани шаман тарафдоронаш ба хулосае омаданд, ки раҳпаймоиро қатъ мекунанд. Габишев 19 сентябр боздошт шуд. Ӯ давоми чанд моҳ... Читать дальше...
Додгоҳе дар шаҳри ҷанубии Сариағаши Қазоқистон журналист Амонгелдӣ Ботирбековро бар асоси моддаи тӯҳмат ба 2 солу 10 моҳи ҳабс маҳкум кард. Додгоҳ дар ҳукми рӯзи 23 сентябри худ гуфт, ки Ботирбеков бо нашри шарҳе бо номи “Девонагиҳо дар Келес” шаъну эътибори як мақоми маҳаллии бахши маорифро поймол кардааст. Гулзода Боймуродова, ҳамсари журналисти маҳкумшуда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд. Соли 2017 баъди нашри мақолае дар нашрияи маҳаллӣ, ки онро додгоҳ... Читать дальше...
Федератсияи байналмилалии ҷудо – IJF, пас аз натиҷагирии мусобиқаи Гран Прии Тошканд радабандии нави олимпиро нашр кард, ки дар он паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ду зина пеш омадааст
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
123ru.net — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.