Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 20.09.2019

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар шаҳри Душанбе Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон Иброҳим Ал- Халифа мулоқот доир намуд

Таҳқиқи видеои маҳрамонаи фаъоли ҷамъиятӣ ба ихтиёри ШКД-и Ваҳдат гузошта шуд. САДО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқи паҳн шудани навори маҳрамонаи як фаъоли ҷамъиятиро ба ихтиёри Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супурдааст. Рӯзи 5 сентябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он робитаи маҳрамонаи М.Д. бо як марди ношинос тасвир  ёфтааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд,  маълум шуд, ки навор дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат сабт шудааст, аз ин рӯ,  барои тафтиш "маводҳои ҷамъшуда ба ШКД-и ин шаҳр дода шуд". Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтанд... Читать дальше...



Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд

Ozodi.org 

Ҳафтаномаи "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аз утоқи иҷораи кориаш дар бинои бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб маҳрум шудааст. Масъулини нашрия мегӯянд, баъди як мақолаи интиқодӣ дар бораи бахши ҷавонони минтақа аз онҳо талаб карданд, ки фавран утоқи иҷораро холӣ кунанд.

Оғози иҷрои барномаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

"Иттиҳоди Аврупо ба рушди матбуоти мустақил дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос нишон медиҳад ва ин мушкилро бо корашриконаш комилан ошкоро баҳс мекунад," гуфт Петер Буриан, намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе.

Соли гузашта дар минтақаҳои ҷангӣ 29 миллион кӯдак таваллуд шудааст

Ozodi.org 

Ба иттилои Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ), дар соли гузашта дар минтақаҳои ҷангии дунё, аз ҷумла дар Афғонистон, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Яман бештар аз 29 миллион тифл таваллуд шудааст. Дар гузорише, ки рӯзи 20-уми сентябр аз сӯи созмони мазкур нашр шуд, омадааст, ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар панҷумин кӯдаки дар соли гузашта таваллудшуда нахустин лаҳзаҳои ҳаёти худро дар ҷомеаҳои бесубот, ноамн ва дорои шароити шадиди изтиробарангез пушти сар кардааст. Генриетта Форе, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт... Читать дальше...

Мулоқоти Президенти Қирғизистон бо ҳамтои русаш дар Оренбург

Ozodi.org 

Сооронбой Ҷеенеков, президенти Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр ба Русия сафар кард. Дар шаҳри Оренбурги Русия Ҷеенбеков бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин хабар доданд. Миёни президентҳо баргузории мулоқоти алоҳидаи дуҷониба дар назар аст. Сар аз 16 то 21-уми сентябр дар Русия размоишҳои густардаи "Марказ-2019" баргузор мешавад. Дар ин размоиш дар маҷмуъ наздики 128 ҳазор низомӣ аз ҳашт кишвар, аз ҷумла аз Қирғизистон, ширкат мекунанд. Читать дальше...

Ширкати ронандаҳои тоҷик дар эътирози зидди "Uber" дар Амрико

Ozodi.org 

Эътирози таксиронҳои "Uber" дар Ню-Йорк маълум кард, ки бештари ҷавонони тоҷики муқими Амрико дар ин ширкат кор мекунанд. "Uber", ширкати мусофиркашонӣ, ки тариқи нармафзори мобилӣ кор мекунад, барои аксари ҷамъияти беш аз шаш ҳазораи тоҷикон дар Амрико кордиҳандаи асосӣ аст. Маъмурияти "Uber" ахиран тасмими дигар кардани шароити кор ва тақсими даромад аз мусофиркашониро гирифт, ки ба эътирози ронандаҳо рӯ ба рӯ шуд. Дар наворҳое, ки аз ин эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ронандаҳои тоҷик низ дида мешуданд. Читать дальше...



Узбекистон истихроҷи нафт ва истеҳсоли бензинро коҳиш дод

Ozodi.org 

Истеҳсоли бензин дар Узбекистон дар соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 11,1% кам шудааст. Ба иттилои Кумитаи омори он кишвар, дар моҳҳои январ-августи соли гузашта 764,1 ҳазор тонна бензин истеҳсол шуда буд. Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ин нишондод ба 679,5 ҳазор тонна расидааст. Кумитаи омори Узбекистон ҳамчунин дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки истеҳсоли бензин дар моҳи январи соли 2019 нисбати моҳи январи соли гузашта 31,8 дарсад кам гардидааст. Истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ ҳам нисбати... Читать дальше...

Шароити сангини сарбозони Туркманистон дар пахтазорҳо

Ozodi.org 

Сарбозони Туркманистон, ки моҳи гузашта ба пахтазорҳои вилояти Лебапи ин кишвар сафарбар шуда буданд, мегӯянд, дар як шароити хеле сангин, дар хаймаҳои сард қарор доранд ва ба онҳо ғизои муносиб ҳам намедиҳанд. Дар ин бора волидони чандин сарбоз ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ доданд. "Сарбозонро моҳи гузашта ба пахтачинӣ сафарбар карданд. Волидон мегӯянд, фарзандони онҳо дар давоми як моҳ сахт хароб шудаанд ва бархе аз онҳоро ҳатто шинохта намешавад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 20-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Баъди муноқишаи 16-уми сентябр дар деҳоти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон вазъ ором шудааст, сокини минтақаи Кӯлоб аз камбуди пули нақд дар бонкҳо шикоят доранд, баҳси вазъи матбуоти Тоҷикистон, боздошти сартарошидаҳои муттаҳам бо ҳамла ба муҳоҷири корӣ дар Русия ва матолиби дигар.

Духтари эҳтимолии Путин барои донишҷӯён ду китоби дарсӣ навишт

Ozodi.org 

Катерина Тихоноваро матбуот эҳтимолан духтари хурдии президенти Русия Владимир Путин меномад. Ба иттилои вебсайти "Открытые медиа" ахиран Тихонова ҳаммуаллифи дастури дуюми таълимӣ барои донишҷӯён шуд. Дар вебсайти Донишгоҳи давлатии Маскав (Интеллектуальная система тематического исследования наукометрических данных - ИСТИНА) исми Тихонова ба ҳайси яке аз муаллифони китоби дарсии бо номи "Спецпрактикум по теоретической и прикладной механике" ёд шудааст. Спетспрактикум-як фанни омӯзишҳои вижа ва... Читать дальше...

Додситони пешини Узбекистонро дубора ба боздоштгоҳ бурданд

Ozodi.org 

Собиқ додситони кулли Узбекистон Отабек Муродов, ки дар ҳабси хонагӣ буд, рӯзи 18-уми сентябр дар доираи парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев ба бозпурсӣ даъват шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ мемонад. Дар ин бора як манбаи наздик ба рафти тафтишот хабар дод. Намояндаи расмии маъмурияти президенти Узбекистон низ иттилоъро тасдиқ кард. Ба гуфтаи манбаъ, ҳукми ҳабси хонагии Отабек Муродов тағйир дода шудааст. Як манбаи наздик ба Вазорати адлияи Узбекистон гуфт... Читать дальше...

Баҳси бонки исломӣ дар кишвари дунявӣ ва муноқишаи марзӣ дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Ozodi.org 

Оғози кори бонки исломӣ дар Тоҷикистон ва низоъ дар марз бо Қирғизистон аз мавзуҳои пурбаҳси корбарони Радиои Озодӣ буд. Аксари корбарони Радиои Озодиро ба фаъолият оғоз кардани як бонки исломӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст ва онҳо чандин суоли беҷавоб доранд, ки посухашро мехоҳанд.   Бахусус дар бораи он ки оё ин бонки исломӣ барои қарз додан ба муштариён фоиз ё баҳра мехоҳад, ё не. Алишер дар Инстаграм гуфтааст, "наход онҳо бидуни баҳра ба сокинон пул диҳанд?" Айни чунин суолро Ҷамшед Абдуллоев ҳам дар Фейсбук додааст. Читать дальше...

Собиқ президенти фирории Тунис дар ҳиҷрат даргузашт

Ozodi.org 

Президенти дуюми Тунис Зайнуллобиддин бин Алӣ субҳи 20 сентябр дар синни 83-солагӣ дар ҳиҷрат, яъне дар Арабистони Саудӣ даргузашт. Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки президенти барканоршуда се моҳи охир дар бахши эҳёгарии бемористон зери назари табибон буд. То замони тасмимгирии хешовандон ва оилааш, ҷасади президенти собиқи  Тунисро ба Макка фиристоданд. Бин Алӣ соли 1987 баъди аз қудрат барканор кардани муассиси давлати Тунис Ҳабиб Бурқиба президенти ин кишвар шуд. Баъди он ки дар ин кишвари арабӣ... Читать дальше...

Баҳси бонки исломӣ дар кишвари дунявӣ ва пешниҳод барои қатъи хунрезӣ

Ozodi.org 

Оғози кори бонки исломӣ дар Тоҷикистон ва низоъ дар марз бо Қирғизистон аз мавзуҳои пурбаҳси корбарони Радиои Озодӣ буд. Аксари корбарони Радиои Озодиро ба фаъолият оғоз кардани як бонки исломӣ дар Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст ва онҳо чандин суоли беҷавоб доранд, ки посухашро мехоҳанд.

Пентагон ба Трамп барномаи вокуниш ба ҳамлаҳои муассисаҳои нафтии саудиро пешкаш мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст Пентагон ба президент Доналд Трамп бастаи пешниҳодҳо дар заминаи вокуниш ба ҳамла болои муассисаҳои нафтии Арабистони Саудиро пешкаш кунад. Дар маъмурияти Кохи Сафед бисёриҳо бовар доранд, ки ин ҳамларо Эрон анҷом додааст. Мақомоти огаҳ аз ҷузъиёти ин санад ба  хабаргузории АР ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки қарор аст 20 сентябр низомиён ба Трамп феҳристи ҳамлаҳои имконпазири ҳавоии ҳадафмандона дар дохили Эронро  ҳамчун як вокуниши эҳтимолӣ пешниҳод кунанд. Мақомот гуфтанд, ки Пентагон инчунин Трампро огоҳ хоҳад кард... Читать дальше...

Ду мақоми маориф ва адлияи Тоҷикистон дар фасодкорӣ гумонбар шуданд

Ozodi.org 

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Раҷабалӣ Сангов, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ин бора Оҷонсии мубориза бо фасод, рӯзи 19-уми сентябр тариқи сомонаи расмии худ хабар дода, гуфтааст,  ҳамроҳ бо Сангов, Мадина Шарипова, корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва шаҳрванд Матлуба Ахмедова низ барои қаллобӣ гумонбар мешаванд. Оҷонсӣ навиштааст, ки “Мадина Шарипова бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд... Читать дальше...

Помпео: Амрико ба думболи ташкили эътилоф барои сулҳ аст

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, пас аз ҳаводиси ахир дар Ховари Миёна кишвараш барои ташкили як эътилофи сулҳ талош мекунад. Помпео ин нуктаро рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо мақомҳои Имороти Муттаҳидаи Араб дар Абу-Забӣ баён дошт. Помпео гуфт, "маъмурияти ман ташкили эътилоф барои расидан ба роҳи ҳалли сулҳомез аст. Ин чизе аст, ки раисиҷумҳури Амрико мехоҳад ва умедворам Ҷумҳури исломӣ низ мавзуъро ҳамин гуна бинад." Бо ин ҳол Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки барои Доналд Трамп "иттилои муҳим"-е дорад... Читать дальше...


Музыкальные новости
Григорий Лепс

«Я не джентльмен»: Лепс вновь объяснился за инцидент с телефоном фанатки





Персональные новости
ВДНХ

Сергей Трофимов выступит с летним концертом в Зеленом Театре ВДНХ





Ҳафтаномаи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ маҳрум шуд

Ozodi.org 

Ҳафтаномаи "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аз утоқи иҷораи кориаш дар бинои бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб маҳрум шудааст. Масъулини нашрия мегӯянд, баъди як мақолаи интиқодӣ дар бораи бахши ҷавонони минтақа аз онҳо талаб карданд, ки фавран утоқи иҷораро холӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ин ба мақолаи танқидӣ рабт надорад, балки аз рӯи зарурат, "дар утоқҳои кории ҳафтанома бояд курсҳои омузишии дӯзандагӣ боз шавад." Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Пайк" рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Тоҷикистон ба пеш: мунтахаби футболбозони тоҷик имрӯз бо тими Непал рақобат мекунанд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз дар даври чоруми марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020 бо мунтахаби непал рақобат мекунанд

Дар шаҳрҳои Қазоқистон ҳабси эътирозгарон идома дорад

Ozodi.org 

Дар шаҳрҳои Қазоқистон боздошт ва ҳабси онҳое идома дорад, ки дар тазоҳуроти беиҷозат, аз ҷумла эътирозҳои зиддичинии аввали моҳи сентябр иштирок доштанд. Ба иттилои гуруҳи "Эътилофи ташаббусҳои шаҳрвандӣ", тайи се рӯзи ахир 30 нафарро дар шаҳрҳои Нурсултон, Актау, Чимкент ва Оқтеппа бо гумони "нақзи қонуни тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта" ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс карданд. Додгоҳи шаҳри Алмато шоми 19-уми сентябр сокини маҳаллӣ Канат Жакуповро 5 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Ин... Читать дальше...

Парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон бозбинӣ мешавад

Ozodi.org 

Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 19-уми сентябр бозбинии парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро шуруъ кард, ки бо ҷурми "таъсис ва роҳбарии гуруҳи муташаккили фаромиллӣ" ва "қочоқбарӣ" 10 сол зиндонӣ шудааст. Вакилони мудофеъ аз додгоҳ хостанд, касоне бозпурсӣ шаванд, ки дар зинаи аввали додгоҳӣ ширкат надоштанд, аммо дар рафти тафтишот шоҳидӣ дода буданд. Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15-уми феврали соли 2018 дар ҳабс аст. Ду шаҳрванди... Читать дальше...

Гузоришгари СММ дар умури додгоҳҳои мустақим ба Тошканд меравад

Ozodi.org 

Гузоришгари махсуси СММ дар умури додгоҳҳои мустақим ва вакилони мудофеъ Диего Гарсия-Саян барои омӯзиши мустақилии додгоҳҳои Узбекистон ба Тошканд меравад. Ба иттилои расонаҳо, гузоришгари махсуси СММ аз19 то 25-уми сентябр дар Тошканд хоҳад буд ва бо намояндагони мақомоти иҷроия, қонунгузор ва додгоҳӣ, инчунин бо додситонҳову вакилони мудофеъ мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, вай бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, оҷонсиҳои СММ, донорҳо ва ҷомеаи дипломатӣ ҳам мулоқот хоҳад кард. Диего Гарсия-Саян гуфт... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В Москве завершился Кубок России по спортивному программированию


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Арина Соболенко

Арина Соболенко призналась в том, что не любит женский теннис


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Учения по ликвидации лесных пожаров прошли в Богородском округе





Путин в России и мире
Москва

Путин поздравил Леонида Рошаля с днем рождения


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Басманный суд Москвы арестовал продюсера Reuters Константина Габова за помощь ФБК в подготовке материалов



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Трофимов

Сергей Трофимов выступит с летним концертом в Зеленом Театре ВДНХ



Москва

Байден: США делают все возможное для возвращения Гершковича и Уилана

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net