Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Таърихи варзиши тоҷик дар осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф. ВИДЕО

0
Таърихи варзиши тоҷик дар осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф. ВИДЕО

Бозии миёни дастаҳои футболи "Динамо"-и Маскав ва "Помир"-и Душанбе дар соли 1989. Дастаҳое, ки 30 сол пеш дар чемпионати СССР дар лигаи олӣ бозӣ мекарданд. Сабти ин бозӣ ҷузъе аз маводи осорхонаи шахсии шореҳи шинохтаи варзиш ва корманди Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аст.

Осорхонаи шахсии Нарзуллоҳи Латиф чанде пеш дар ҳавлиаш, берун аз Душанбе, кушода шуд. Ӯ рӯзи 29-уми сентябр гуфт, масоҳати осорхона 65 метри мураббаъ аст ва ҳадаф аз таъсиси он, "зинда нигоҳ доштани таърихи варзиши тоҷик ва таърихи фарҳангу таърихи хонаводагӣ аст."

Дар ин осорхона шореҳ ҳосили кори панҷоҳсолаи худро ҷамъ овардааст. Меҳмонони осорхона метавонанд дар ин ҷо бо таърихи қариб якасраи варзиши тоҷик ошно шаванд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед: 

"Акси аввалин дастаи футбол дар Тоҷикистон, ки "Строител"-и Душанбе ном дошт, соли 1931 аккосӣ шудааст ва дар инҷо ҳаст. Дар акси дигар, ки таърихи 80-сола дорад, аъзои бошгоҳи футболи “Динамо”-и Душанберо мебинем. Чунин аксҳои таърихӣ дар осорхона бисёранд. Бисёриҳо мепурсанд, ки ин қадар маводро аз куҷо пайдо намудам? Рости гап, худам ҳам ҳайронам", -- иброз дошт шореҳи варзиш.

Мутахассисон ва ҳаводорони варзиш кушода шудани чунин осорхонаро барои пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи варзиш ва қаҳрамонҳои варзиши Тоҷикистон муҳим медонанд. Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбо, мегӯяд, "ҷавонон метавонанд аз инҷо баҳра бигиранд. Мутахассисон метавонанд барои корҳои илмиашон истифода кунанд ва дар ин ҷо маълумоти зарурӣ ба даст биёранд."

Нарзуллоҳи Латиф давоми ним аср дар бораи ҳам комёбӣ ва ҳам шикасти варзишгарони кишвар дар арсаи байналмилалӣ, дар мусобиқоти гуногун, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ гуфтааст. Маъруфияти ӯ аз замони шореҳияш тавассути телевизиону радиои Тоҷикистон дар бораи бозиҳои дастаи "Помир"-и Душанбе шурӯъ шуд. Ҳаводорони бузургсолу миёнасоли футбол ӯро хуб дар ёд доранд.

Яке аз онҳо – пизишк Бозоралӣ Назаров -- гуфт, "бозиҳои командаи "Помир"-и Душанберо ба воситаи радиоприёмникҳо гӯш мекардем ва садои Нарзулло Латифовро бесаброна интизор мешудем. Хеле шавқовару бурро гап мезаданд."

Дар ин осорхона шореҳ ба ҷуз аз маводи варзишӣ чанд гӯшаро ба таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик, чизҳои қадимаи тоҷикон бахшидааст.

Гӯшае аз осорхонаи Нарзуллоҳи Латиф мақоми махсус дорад. Шореҳ бо қаҳрамонҳои олимпӣ сӯҳбат мекунад. Қаҳрамонҳое, ки бузургтарин дастовардҳои варзиширо ҳам дар замони Шӯравии пешин ва ҳам дар даврони истиқлол барои Тоҷикистон овардаанд.

Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори варзиш, ба аксҳову китобу барномаҳо ва маводи ин осорхона менигарад ва аз замони ҳамкориаш бо Нарзуллоҳи Латиф ёд меорад. Онҳо беш аз 40 сол ҳамкорӣ кардаанд.

Ӯ гуфт, "ҳамроҳи Нарзулло Латифов ҳанӯз аз замони даъват шуданам ҳамчун дарвозабон ба ҳайати дастаи “Помир” ошно ҳастам ва то ҳоло ҳамкорӣ мекунем."

Гӯшае дигар аз осорхона ба кори Нарзуллоҳи Латиф дар Радиои Озодӣ бахшида шудааст. Ӯ давоми 18 соли ахир ба ҳайси шореҳи варзиш дар ин расонаи байналмилалӣ фаъолият мекунад.

Нарзуллоҳи Латиф мегӯяд, осорхона ҷоест, ки барояш эҳсоси оромӣ мебахшад.

"Аз инҷо берун кардани ман бисёр мушкил аст. Баъзан то ҳадде банд мешавам, ки мебинам аллакай торик шудааст. Ҳоло ки кор мекунам, фақат рӯзҳои истироҳатӣ ба инҷо меоям. Тамоми чизе, ки дар ин ҷо ҳаст, бароям ҷолиб аст, зеро ки гузаштаро ба ёд меорад ва ман аз дидану шунидану хонданаш лаззат мебарам", -- гуфт шореҳи варзиш.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран


Спорт в России и мире
Москва

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Карен Хачанов

Хачанов проиграл Табило в 1/8 финала «Мастерса» в Риме


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Ежемесячную денежную выплату получают более 1,6 млн пострадавших от радиации





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о господдержке многодетных семей


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко надеется на восстановление транспортных маршрутов с Израилем




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский после приезда Блинкена в Киев сразу же стал выпрашивать у США дополнительные ЗРК Patriot


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Оззи Осборн

Оззи Осборн назвал Тони Айомми лучшим гитаристом, с которым он когда-либо играл



Москва

В Люберцах проведут редизайн объектов культурно-досуговых учреждений

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net