Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Ҷанҷоли сокинон ва ширкати "Муқим" барои хона дар маркази Душанбе

0
Ҷанҷоли сокинон ва ширкати

Як гурӯҳ аз сокинони маркази шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми сентябр эътироз карданд, ки ширкати сохтмонии "Муқим 1" мехоҳад замини назди хонаи онҳоро бигирад ва кӯдаконро бе майдони бозӣ гузорад. Масъулони ширкат мегӯянд, бар асоси қонун ва ризояти мақомот кор мекунанд.  

Манзили сокинони норозӣ дар як бинои дуошёна дар кӯчаи Ҳусейнзода ва дар наздикии зоишгоҳи дуи пойтахт ҷойгир аст. Ширкати "Муқим 1" дар паҳлӯи он бинои бисёртабақа мепӯшад. 

Рӯзи 20-уми сентябр беш аз 15 сокини кӯчаи Ҳусейнзода нагузоштанд, ки кормандони ширкати "Муқим 1" девори атрофи сохтмонро канда, ба манзили онҳо наздиктар шаванд. Маъмурони милиса низ ба маҳалли ҳодиса омада буданд ва аз сокинон хостанд, ки "ором шаванд".

Бахтиёр Саидов, як масъули ширкати "Муқим 1", ба сокинон гуфт, "бар асоси нақшаи сохтмони бинои баландошёна бояд майдони он то як метри дигар васеъ шавад."

Аммо сокинон гуфтанд, аз як сӯ садои баланди корҳои сохтмонӣ боис ба асабоният ва бехобияшон шуда, аз тарафи дигар гаштугузор дар маҳалларо хатарнок кардааст.   

Дилором Қурбонова, молики яке аз хонаҳо дар бинои дуошёна, гуфт, "кӯдакон мехоҳанд бозӣ кунанд, аммо ҷойе барои бозӣ кардан надоранд. Болои чоҳҳо низ кушодааст. Ману набераҳоям ду дафъа афтодем. Борҳо ба масъулин муроҷиат кардем, касе таваҷҷӯҳ надорад", -- гуфт ӯ.  

Бархе аз сокинони дигар гуфтанд, аллакай ҳушдор гирифтаанд, ки бинои дуошёнаи онҳо низ вайрон ва дар ҷойи он манзилҳои бисёртабақа пӯшида хоҳад шуд. Аз ин рӯ, аз онҳо хоста шудааст, ба сохтмонҳои нав дар атрофи худ эътироз накунанд, "чун кор аз рӯи нақша ҷараён дорад".

Сокини дигари бино Ганҷина Маҷидова мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд тақдири хонаҳои онҳо низ ба дасти ширкати “Муқим-1” аст. "Беш аз се моҳ боз дар мавриди тақдири ояндаи хонаҳои худ баҳс дорем. Ҳанӯз ба натиҷае нарасидем. Аввал ваъда доданд, ки бар ивази хона аз бинои навбунёд манзил медиҳанд. Розӣ шудем, ҳоло аз гапи худ гаштаанд. Ба қавли худашон харидани хонаҳои мо ба зарар будааст. Ҳоло майдони назди бинои моро танг мекунанд, то ба ҳар шарти онҳо розӣ шавем ё худамон ин ҷойро партофта равем", -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули Идораи замини шаҳри Душанбе бе зикри номаш гуфт, бар асоси нақшаи генералӣ дар макони бинои дуошёна дар назар аст, иншооти дигари замонавӣ бунёд гардад. Вале ӯ ҳам дақиқ шарҳ надод, ки сокинони бино дар чӣ шароит макони зисти худро иваз хоҳанд кард.

Дар бинои дуошёна дар кӯчаи Ҳусейнзода 32 оила зиндагӣ мекунанд ва баъзеи онҳо гуфтанд, масъулон пеш аз бунёди биноҳои бузург масъалаи ба манзил таъмин кардани онҳоро бояд ба миён мегузоштанд. Коршиносон низ мегӯянд, биноҳое, ки дар назар аст, вайрон шаванд, нахуст бояд аз тарафи корхонаи давлатии "Нархгузор" баҳо дода шавад. Ба қавли сокинони бино, то ҳол касе аз масъулин барои нархгузории манзилҳояшон ба  наздашон наомадааст.

Бахтиёр Саидов, масъули ширкати "Муқим 1" гуфт, баъзе аз сокинон арзиши метри мураббаи хонаҳои худро хеле баланд арзёбӣ мекунанд, ки имкони пазируфтанаш нест.

Ширкати "Муқим 1", ки аз муассиси он Ҳикматулло Муқимов ном бурда мешавад, тобистони соли 2005 дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон сабтином шудааст. Ширкат ба сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ширкатҳои сохтмонӣ бояд тавре кори худро ба роҳ монанд, ки боис ба ташвишу нороҳатии сокинони атроф нашавад. Ба қавли баъзе аз ҳуқуқшиносон то замони ҳалли баҳсҳо атрофи ҷуброни хона ҳеч ширкат ҳақ надорад, хонаҳоро вайрон кунад. Вале сокинон шикоят мекунанд, ки масъулони ширкатҳо бе мувофиқа бо онҳо, ба тахриби хонаҳояшон сар карда, ҳуқуқашонро "дағалона поймол мекунанд". 

Масъалаи тахриби бинои манзилҳои зист барои сохтмони биноҳои баландошёна, ки бар асоси нақшаи куллии шаҳри Душанбе ё "Генплан" сурат мегирад, тайи чанд сол боз нигарониҳоро ба бор овардааст.

Ҳафтаи гузашта гуруҳе аз сокинони кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт низ даъво карданд, ки мақомот бе созишу ризоият ва пардохти ҷуброн хонаҳояшонро вайрон мекунанд. Дар ҷойи хонаҳои онҳо ширкати "Ғаюр Семент" бояд мактаб созад. Мақомот даъворо рад карда, гуфтанд, ин мардум барои хонаҳояшон пули барзиёд талаб доранд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: На Арбате после реставрации открывается мемориальная квартира Пушкина


Спорт в России и мире
Москва

Новая эра соревнований: спортивный фестиваль «Игры Лидеров» пройдет 23 июня


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Андреева рассказала о своих планах на предстоящий матч с Соболенко во Франции


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В Москве арестовали бывшего замглавы Росприроднадзора по делу о мошенничестве





Путин в России и мире
Москва

Песков не стал уточнять, кому Россия может поставить оружие для борьбы с Западом


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

В Минске начал работу 30-й Форум "ТИБО"




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве силовики сорвали вечер памяти Алексея Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Песня

Театр «Сказка» приглашает на грандиозное театральное шоу «Песни первых птиц»



Москва

Шанс на выживание: что делать при аварии в общественном транспорте

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net