Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2019

"На рубл медиҳанд, на сомонӣ". Норизоии сокинони Кӯлоб аз кори бонкҳо. ВИДЕО

0

Даҳҳо сокини минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки чанд рӯз ба ин тараф наметавонанд пулҳои интиқолдодаи фарзандонашонро аз бонкҳо бигиранд. Баъзе бонкҳои тиҷоратӣ ин мушкилро дар нарасидани пули нақди сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Додани пули интиқолӣ бо рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон манъ аст.

Қурбоналӣ Маҳмадалиев, сокини ноҳияи Восеъ се рӯз аст, ки  25 ҳазор рубли фиристодаи писарашро аз бонкҳо дастрас карда наметавонад. Маҳмадалиев, аз ҷумла ба филиалҳои бонки "Эсхата", "Ориёнбонк" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" муроҷиат кард. Дар ҳамаи ин бонкҳо ба ӯ гуфтаанд, ки барои пардохти маблағи интиқолдодаи ӯ пули сомонӣ надоранд.

"Инҳо чигуна бонк ҳастанд, ки пули сомонӣ надоранд, пас мо дигар чӣ кор кунем? Аз куҷо пул гирем? Ҳар рӯз омада навбат меистам, вале бе натиҷа",- -гуфт мусоҳиби мо.

Дӯстмурод Ёрматов, як сокини дигари Восеъ ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯзи пеш фарзандонаш аз Русия ду ҳазор рубл равон карданд, аммо дар ягон бонки ин ноҳия маблағ гирифта натавонист. Ёрматов гуфт, маҷбур шуд, барои гирифтани маблағ ба шаҳри Кӯлоб омада, пушти дари "Амонатбонк" навбат истад.

Филиалҳои минтақавии бонки "Эсхата" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" дар Кӯлоб вуҷуди мушкилро тасдиқ карданд, аммо масъулони бонки давлатии "Амонатбонк" онро рад карданд.

Намояндагони Бонки "Эсхата" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" гуфтанд, ду ҳафта ба ин тараф мушкили додани пули нақд ба сокинонро доранд, вале ин вазъ рафъшаванда аст.

Шуҳрат Усмонов, мудири минтақавии бонки "Эсхата" дар минтақаи Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 20-рӯз аст, ки аз ҳисоби пули нақди сомонӣ танқисӣ доранд. Ӯ гуфт, "ин мушкил бояд рӯзҳои наздик ҳал шавад, вале бонк пули сомонӣ пайдо карда, ҳадди имкон ба муштариён хизмат расонида истодааст."

Аммо Сайидакбар Ҳақназарзода, мудири филиали минтақавии "Амонатбонк" 20-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар филиалҳои онҳо аз надошти пул танқисӣ намекашанд. Ҳақназарзода аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Дар Тоҷикистон вазифаи таъмини бонкҳои тиҷоратӣ бо асъори сомонӣ ба уҳдаи Бонки миллӣ аст. Аммо масъулини дафтари матбуотии Бонки миллӣ рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар самти таъмини пули нақди сомонӣ дар кишвар мушкил вуҷуд надорад."

Дар ин миён танҳо сокинони минтақаи Кӯлоб нестанд, ки аз пайдо шудани мушкил ҳангоми гирифтани маблағҳои интиқолӣ шикоят мекунанд. Баъзе сокинон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мушкили наёфтани пули нақд дар бонкҳои ноҳияҳои тобеи марказ низ дида мешавад.

Айни чунин шикоят аз сокинони ноҳияи Фархор ва Ҳамадонӣ низ ба Радиои Озодӣ расид. Ҳамсуҳбатони мо аз ин ноҳияҳо мегӯянд, бонкҳо маблағи интиқолии онҳоро намедиҳанд. Бархеи дигар ҳам гуфтанд, надоштани пул баҳонае беш нест. Ба гуфтаи онҳо қурби рубл боло рафт ва бонкҳо поин омадани онро нигоҳ мекунанд ва танҳо дар ин сурат боз ба сокинон пул медиҳанд. Аммо масъулини бонкҳои минтақавӣ инро рад мекунанд ва мегӯянд, гиреҳи мушкил дар нарасидани пули нақди сомонӣ аст.

Бархе масъулини бонкҳо мегӯянд, агар нарасидани пули нақди сомонӣ идома кунад, эътимоди муштариҳоро аз даст медиҳанд.

Шикояти сокинон дар гирифтани пулҳои интиқолӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Бонки миллӣ дар ҳоли таҳияи як маркази интиқоли пул аст, ки минбаъд ирсоли маблағҳо тавассути он сурат хоҳад гирифт.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки муҳоҷирони кориаш солона садҳо миллион доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои интиқолии онҳо барои иқтисоди кишвар фавқуллода муҳим аст.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам ба пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст. Соли гузашта муҳоҷирон тавассути системаҳои интиқоли пул танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар се моҳи соли равон 462 миллион доллар фиристодаанд.

Мушкили гирифтани пулҳои фиристода аз хориҷи кишвар бо сомонӣ дар ҳолест, ки қаблан Бонки миллӣ додани пулҳои интиқоли бо рубли русиро манъ карда буд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал о волонтерском движении Москвы


Спорт в России и мире
Москва

"Евро-Футбол.Ру": "Спартак" летом хочет приобрести вингера


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Матс Виландер

Экс первая ракетка мира Виландер оценил шансы Паолини на победу в финале «Ролан Гаррос»


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

На острове в Кольском заливе пересчитали чаек





Путин в России и мире
Москва

Путин встретится с первыми участниками программы «Время героев»


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В чем успех визита Зеленского во Францию и почему надо брать Mirage 2000


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

В Красноярске рэпер Баста поругался с инспекторами ГАИ и пошел пешком через мост



Москва

Ярмарка вакансий прошла в колледже «Подмосковье»

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net