Зиндагие, ки пушти ҷашнҳои бодабдаба дида намешавад
![Зиндагие, ки пушти ҷашнҳои бодабдаба дида намешавад](https://gdb.rferl.org/f1ef0654-52c5-42bd-bd25-c7263c61d3da_tv_w800_h450.jpg)
Сокинони Кӯлоб ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар омода мешаванд. Садҳо коргари идораҳои давлатӣ “тарзи дурусти таъзим”-ро машқ мекунанд ва ҳазорон донишҷӯву хонандаи мактаб барои иштирок дар барномаи ҳунарӣ тамрини рақс доранд.