Сафирони собиқ: "Созиш бо Толибон барои Афғонистон бисёр хатарнок аст"
Се намояндаи пешини Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳушдор додаанд, ки пешнависи тавофуқномаи Амрико ва Толибон дар бораи берун шудани нерӯҳои байналмилалӣ "иштибоҳӣ аст" ва "ба ҷанги дохилии хатарнок" дар Афғонистон сабаб хоҳад шуд.