Раҳмон ва Ҷеенбеков марзро тақсим хоҳанд кард? Интизороти коршиносон
Нахустин музокироти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз, ки 26 июл баргузор мешавад, хеле рамзист, вале баргузор шудани он дар пасманзари муноқишаи ахир, сокинон ва ҷомеаҳои ҳарду кишварро ба самарбахшии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков умедвор кардааст.