Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Июль
2019

Новости за 18.07.2019

Боздоштҳои нав барои тазоҳурот дар Гурҷистон

Ozodi.org 

Мақомоти Гурҷистон чанд нафари дигарро бо иттиҳоми зӯроварӣ ва бетартибӣ дар ҷараёни тазоҳуроти моҳи гузашта дастгир кардаанд. Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми июн гурӯҳи азиме аз тазоҳургарон хостанд, ба бинои порлумон ворид шаванд. Баъд аз ин кор маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд. Айни замон додситонҳои Гурҷистон дар идомаи таҳқиқи истифодаи нерӯи беш аз ҳад ба зидди тазоҳургарон Гиорги Гахария, вазири умури дохилии Гурҷистонро рӯзи 18-уми июл бозпурсӣ кардаанд. Читать дальше...

Фармони нави Путин барои ошуфта кардани Зеленский?

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳур Владимир Путин бо имзои як фармон, гирифтани ҳаққи шаҳрвандии Русияро барои сокинони вилоятҳои Донестк ва Лугански Украинаро осонтар кард. Аз ин пеш ва баъд аз пирӯзии Володимир Зеленский дар интихоботи президентии Украина дар рӯзи 21-уми апрел Путин қарореро содир карда буд, ки ба сокинони баъзе аз минтақаҳои ду вилоят имкон медод, ба осонӣ шаҳрвандии Русияро бигиранд. Ин минтақаҳо дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳастанд. Ҳоло тамоми сокинони ҳарду вилоят ин ҳақро пайдо карданд. Читать дальше...



Парвандаи шиканҷа. Чаҳор милиса ва 17 ҷабрдида. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати чаҳор афсари милисаи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо анҷом дода, бо айбдорӣ ба моддаи 143 прим 1, "шиканҷа", ба додгоҳи пойтахт ирсол доштааст.

Ахбори Озодӣ аз 18-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Наҷоти кӯҳканҳо аз кони зеризаминӣ, ташхиси камбудӣ дар кори Бонки Миллии Тоҷикистон, нороҳатии мардум аз болоравии нархи нерӯи барқ, шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит ва матолиби дигар.

Доналд Трампро барои "хато" танқид карданд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, барои ноогоҳӣ дар бораи тарҳрези ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Бомбайи Ҳинд дар соли 2008 зери танқид монд. Ӯ гуфт, ки  мақомоти Покистон баъд аз 10 соли ҷустӯҷу дар ниҳоят Ҳафиз Саидро дастгир карданд, ҳарчанд ин ифротгаро дар Покистон озодона зиндагӣ мекард. Мақомоти Покистон рӯзи 17-уми июл гуфтанд, ки Ҳафиз Саидро, ки дар бомбгузорӣ ва қатли 166 нафар муттаҳам мешавад, боздошт кардаанд. Боздошт як рӯз пеш аз мулоқоти Имрон Хон нахуствазири Покистон бо мақомоти баландпояи Амрико сурат гирифт. Читать дальше...

Дар Қирғизистон тарҳи фасодолуди воридсозии мошинҳоро ошкор карданд

Ozodi.org 

Хадамоти зиддикоррупсионии Қирғизистон тарҳ ё роҳи фасодолудеро дар муассисаи давлатии "Унаа"-и Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ошкор кард. Дар ин бора мақомоти зиддикоррупсионии Қирғизистон хабар доданд. Хадамот нисбати афроди масъули Департаменти қайди воситаҳои нақлиёт (аз соли 2018 ба "Унаа" табдили ном кардааст), таҳқиқи ҷиноиро шуруъ кард. Масъулони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо афроди манфиатдор усули қонунигардонии мошинҳоро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба роҳ мондаанд. "Ду мошини навъи "Лексус" ва "Шевроле" боздошт шуд... Читать дальше...



Омбудсмени тоҷик намоиши бадани урёни муҳоҷиронро "зиддиинсонӣ" хонд

Ozodi.org 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтоёни руси худ талаб кардааст, то ба намоиш гузоштани бадани урёни муҳоҷирони тоҷик вокуниш нишон диҳанд. Умед Бобозода, Омбудсмени Тоҷикистон намоиши бадани урёни муҳоҷиронро "рафтори зиддиинсонӣ" хонд. Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ду ҳафта пеш ба Омбудсмени Русия мактуб карда, хостанд то ин ниҳод ба қазияи таҳқири муҳоҷирони тоҷик вокуниш кунад. Аммо Бобозода гуфт, то ҳол аз ҳамтоёни руси худ посухе нагирифтаанд. Читать дальше...

Ишқобод ҳанӯз ҳам ба мошинҳои боркаши Тоҷикистон иҷозаи убур намедиҳад

Ozodi.org 

Туркманистон давоми ним соли охир аст, ки ба мошинҳои боркаш ва қатораҳои Тоҷикистон иҷозаи убур кардан аз марзашро намедиҳад. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", мақомоти Тоҷикистон ба ронандагон машварат додаанд, ки бо тай кардани масири тӯлонитар Туркманистонро давр зананд. "Мо ин мушкилро бо ду масири алтернативӣ ҳал кардем, ки ҳоло мошинҳои боркаши мо бе монеа ҳаракат доранд",-гуфт Суҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон. Вай рӯзи 17 июл хабар дод, ки бо мақомоти Озарбойҷон... Читать дальше...

Гуфтанд ба мо: Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам

Ozodi.org 

Ҳар кас вобаста ба вазъи равонӣ, ё барои итминон бахшидан ба гуфта ё навиштааш, ё фаҳмидани чизе аз ончӣ дар гирду пешааш ба вуқуъ мепайвандад, ба назар ва гуфтаҳои ниёгони худ, ба андешамандони муосир рӯ меоварад.Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ иқтибосҳои зиёдеро мехонем, ки мардум паҳн мекунанд.

Зеленский: шарти иваз кардани "ҳама бо ҳама" пешниҳоди Путин аст

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, президенти Украина пешниҳод кард, ки ивази зиндониён бо услуби "ҳама бо ҳама" аз 24 маллоҳи украин шуруъ шавад, ки мақомоти Русия моҳи ноябри соли 2018 дар соҳили Қрими ишғолӣ боздошт карданд. Зеленский дар ин бора дар барномаи телевизионии "Ошкоргӯӣ бо президент" суҳбат кард. Вай гуфт, ин қадами "муътадил"-е хоҳад буд дар масири қатъи ҷанг ва барқарории муколама миёни Русияву Украина. Ба гуфтаи президенти Украина, шарти ивази "ҳама бо ҳама"-ро президенти Русия ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ пешниҳод кардааст. Читать дальше...

Қазоқистон интиқоли барқро ба Узбекистон шуруъ кард

Ozodi.org 

Бино бар созиши ҳосилшуда миёни мақомоти масъули Қазоқистону Узбекистон, давоми соли 2019 аз Қазоқистон ба Узбекистон бештар аз 1 млрд кВ/соат барқ интиқол дода хоҳад шуд. Дар ин бора вазорати энержии Қазоқистон иттилоъ медиҳад. Интиқоли барқ шуруъ шуда ва аз охири моҳи июн то 17 июл ба Узбекистон 145 млн кВ/соат барқ ворид шудааст. Бар асоси шартнома, дар сурати сар задани ҳолатҳои пешбининашуда, Қазоқистон ҳақ дорад, интиқоли барқро ба Узбекистон маҳдуд ё қатъ кунад. Талаботи Узбекистон ба барқ 69 млрд киловатт/соатро ташкил медиҳад. Читать дальше...

Ҳунармандони узбек баъди ҷонибдорӣ аз Гулнора Каримова ба эфир роҳ намеёбанд

Ozodi.org 

Раҳбарияти телевизиони хусусии "Zo’rTV"-и Узбекистон қарор кардааст, ки сароянда Ҷаҳонгир Фозилҷонов ва ҳунарманд Ҳалима Иброҳимова аз 12 июли соли равон дигар ба эфир роҳ дода нашаванд. Ду ҳунарманд барномаи фароғатиеро дар телевизиони мазкур пеш мебурданд. Ба гуфтаи як корманди телевизион, ҳамчунин сурудҳои Райҳон Ғаниева ва Зиёда Қобила аз эфир гирифта шуданд. Бархе аз афроди огаҳ аз шоу-бизнеси узбек мегӯянд, ин ҳунармандон баъди ҷонибдорияшон аз Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти... Читать дальше...

Шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит ба омбудсмен аз "шиканҷаи" шавҳараш

Ozodi.org 

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ аз шиканҷаи шавҳараш дар зиндон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоят бурдааст. Маҳмадалӣ Ҳайит ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва мақомоти ҳамеша шиканҷа шудани ӯро рад кардаанд.

Дар зодгоҳи Мирзиёев кормандони буҷавиро ба кӯчарӯбӣ бароварданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон 17 июл ба ҳарорати беш аз 45 дараҷа гарм будани ҳаво нигоҳ накарда кормандони муассисаҳои давлатии ноҳияи Зоминро ба рӯбучини роҳи мошингарди "Даштобод-Зомин" бароварданд. "Ба ҷуз аз мо, онҷо ҳудуди 100 каси дигар -- ҳамшираҳо ва кормандони дигари техникии бунгоҳҳои тиббӣ низ буданд. Ба ҳар як кас минтақаеро ҷудо карда доданд, то тоза кунанд. Мо атрофи роҳро дар ҳудуди деҳаи "Лайлакуя" тоза кардем",-гуфт як корманди ҳукумати ноҳияи Зомин. Як ҳамшираи бемористони ноҳияи Зомин гуфт... Читать дальше...

ИМА ба мухолифони Венесуэла $42 миллион медиҳад

Ozodi.org 

ИМА беш аз 40 миллион доллареро, ки бояд ҳамчун кумаки башардӯстона ба кишварҳои Амрикои Марказӣ ҷудо мешуд, ба мухолифони Венесуэла хоҳад дод. The Los Angeles Times санадеро нашр кардааст, ки дар он Оҷонси рушди байналмилалии ИМА Конгрессро аз тасмими мазкур огаҳ мекунад. Ин 42 миллион доллар ба тими раҳбари мухолифони Венесуэла Хуан Гуайдо дода мешавад. Маблағи мазкур ба маоши кормандони ситоди мухолифон, харҷи сафарҳо, ташкили давраҳои омӯзишӣ ва иҷрои ташаббусҳо дар самти "бунёди демократия" равона хоҳад шуд. Читать дальше...

"Дурбинҳои ҳушманд"-и Тошканд чеҳрашинос мешаванд

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон бо масъулони ширкати чинии Huawei барои ҷорӣ кардани низоми шинохти чеҳра дар шаҳри Тошканд гуфтугӯ доранд. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Раёсати пулиси Тошканд хабар доданд, ки дар ин замина аллакай гуфтугӯҳои пешакӣ анҷом шудаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ин низом яке аз бахшҳои тарҳи "Шаҳри бехатар" хоҳад буд, ки дар якҷоягӣ бо чиниҳо иҷро мешавад. Манобеъ мегӯянд, дурбинҳои назоратие, ки дар 116 чорроҳаи Тошканд қоидавайронкуниро сабт мекунанд, ҳамчунин метавонанд, симои инсонро шиносоӣ кунанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Блогер Алена Водонаева заявила, что Тимати нужно похудеть





Персональные новости
Владимир Путин

Владимир Путин поздравил ветеранов с 50-летием начала строительства Байкало-Амурской магистрали





HRW: Дар Қазоқистон кӯдакони маъюб ба меҳнати иҷборӣ ҷалб мешаванд

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch 17 июл бо нашри як гузориш гуфт, дар муассисаҳои давлатии Қазоқистон садҳо ҷавону кӯдаки дорои имконияти маҳдуд мавриди зӯроварӣ ва хушунат қарор дошта, ба онҳо иҷборан доруҳои психотропӣ дода мешавад. HRW бо истинод ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон хабар додааст, ки дар ин кишвар барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд 19 муассисаи давлатӣ фаъолият мекунад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бештари тарбиятгирандагони ин муассисаҳо ҳадди ақал падар ё модар доранд. Читать дальше...

Имкони бе маош мондани қарздорони обу барқ дар ҷануби Туркманистон

Ozodi.org 

Кормандони муассиса ва корхонаҳои давлатиро дар вилояти Марии Туркманистон маҷбур мекунанд, ки аз ҳаққи истифодаи хизматрасониҳои комуналӣ қарздор набудани худро тасдиқ созанд. "Оғози ҳафтаи гузашта ҳамаи кормандони муассисаҳои давлатиро вазифадор карданд, ки расидҳои пардохти ҳаққи истифодаи газ, об ва барқро нишон диҳанд. Дар коргоҳҳо гуфтанд, ки ин расидҳо барои додситонӣ зарур аст, онҳо чунин талаб кардаанд",-гуфт як сокини вилояти Марӣ. Ба гуфтаи вай, ба кормандон танҳо дар сурати нишон додани расидҳо маош медиҳанд. Читать дальше...

Ифтитоҳи масири нави мошингард байни Узбекистону Қазоқистон

Ozodi.org 

Роҳбарони ҳукуматҳои Қазоқистону Узбекистон Аскар Мамин ва Абдулло Орипов рӯзи 17 июл роҳи мошингарди "Бейнеу - Оқжигит - сарҳади Узбекистон"-ро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии сарвазири Қазоқистон дар Инстаграм хабар дода шудааст. Ба иттилои хабаргузориҳои Узбекистон, тӯли роҳ 84 километр аст. "Роҳи мазкур имкон медиҳад, ки маҳсулоти Узбекистон ба бозори Русия ва кишварҳои Қафқоз тавассути бандарҳои баҳрӣ ва роҳҳои Қазоқистон дар фосилаи кутоҳтар бирасад",-гуфт сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин. Читать дальше...

Роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон ҷарроҳӣ мешавад

Ozodi.org 

Омурбек Текебоев, роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон ба ҷарроҳӣ омода мешавад. Дар ин бора Собирбек Ҷумабеков, мудири бемористони пажуҳишии шаҳри Бишкек хабар дод. "Текебоев дар гузашта сутунмуҳраашро ҷарроҳӣ кардааст. Ҳоло дар сутунмуҳраи вай ду "грижа"-и нав пайдо шудааст. Мо мехостем, ҷарроҳӣ кунем, вале қалбаш мушкил дорад. Ҳоло қалбшиносон табобат доранд. Баъди ташхис ҷарроҳӣ карда мешавад",-гуфт Ҷумабеков. Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев... Читать дальше...

Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023, ки рӯзи 17-уми июл дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) - шаҳри Кула-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиашро 5-уми сентябр дар Душанбе бо тими миллии Қирғизистон баргузор менамояд. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми сентябр дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ хоҳанд кард. Читать дальше...

Панҷ сол баъди суқути МН17. Журналисти Озодӣ макони партоби мушаки "Бук"-ро таҳқиқ кард

Ozodi.org 

Панҷ сол пеш дар шарқи Украина ҳавопаймои навъи “Боинг” МН17-и ширкати ҳавоии Малайзия суқут дода шуд. 298 нафар ба ҳалокат расид. Гурӯҳи байналмилалии таҳқиқотӣ ба хулосае омад, ки ҳавопайморо мушаки навъи “Бук” асобат кард, ки аз Русия интиқол ёфта буд.

Спорт в России и мире
Москва

РОСГВАРДИЯ ОБЕСПЕЧИЛА ПРАВОПОРЯДОК ВО ВРЕМЯ ФУТБОЛЬНОГО МАТЧА «ЦСКА» - «СПАРТАК» В МОСКВЕ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

WTA озвучила Елене Рыбакиной условия для становления второй ракеткой мира


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Жёсткие экологические требования решат инновационные энерготехнологии





Путин в России и мире
Москва

Эксперт: корректировка порогов крупного и особо крупного ущерба по экономическим статьям оправдана и своевременна


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко пообещал потенциальным агрессорам ответ всеми видами оружия




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певец

Певец Киркоров потратил 200 млн рублей на ремонт с золотыми унитазами



Москва

Урсуляк признался, что его дважды не приняли во ВГИК

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net