Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Июль
2019

Новости за 26.07.2019

Ҳавопаймои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон фуруд омад

Ozodi.org 

Шоми 26 июл дар фурудгоҳи байналмилалии “Иссиқкӯл”-и Қирғизистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт.  Дар хабари вебсайти президенти Қирғизистон гуфта мешавад, ки 27 июл қарор аст дар қароргоҳи президент дар шаҳри Чолпонота музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар баргузор шавад ва яке аз ин масъалаҳо – баррасии мавзӯи аломатгузори марзи ду кишвар аст. Сафари Раҳмон ба Қирғизистон дар идомаи дидору мулоқотҳои ӯ бо Ҷеенбеков дар хоки Тоҷикистон рӯзи 26 июл барпо мешавад. Читать дальше...

Таъмири роҳи Бохтар-Душанбе роҳкироро боло бурд.

Ozodi.org 

Мардум умед доранд,ки баъди таъмири роҳ нарх поин ояд. Ин ҳам эҳтимол дорад нашавад. Чунки баъди анҷоми таъмир соли 2022 роҳи Душанбе Бохтар бояд пулакӣ шавад. Кирокашҳо ин харҷро ба роҳкиро зам хоҳанд кард.



Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи баҳсҳову масъалаҳоро аз роҳи муколама ҳал кардан лозим аст

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда, аз сокинон даъват намуданд, ки муросо дошта бошанд ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Дар остонаи сафари президентон, талоши сокинони ду деҳаи марзии Ворух ва Оқсои Қирғизистон барои насби парчами миллӣ боиси баҳсу муноқиша шуд. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва дасти кам 20 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Иссиқкӯл парвоз кард

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа, 26 июл пас аз анҷоми мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Ворух ва Исфара бо як сафари корӣ озими  Қирғизистон шуд. Қарор аст рӯзҳои 26-28 июл дар қароргоҳи президентии Чолпонота дар соҳилҳои Иссиқкӯл мулоқоти ду раҳбар баргузор шавад. Ба ин муносибат, матбуоти қирғизӣ як рӯз пеш хабар дод, ки роҳ ба Чолпонота барои нақлиёти маҳаллӣ дар давоми ду рӯз баста хоҳад буд. Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки президентро дар ин сафар  муовини сарвазир... Читать дальше...

Парвандаи марде, ки чанд занро олудаи СПИД кард, ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Парвандаи як марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти "Холматов"-и ноҳияи Шаҳритус, ки ба олуда кардани чанд зан ба вируси норасоии масунияти бадан ваё СПИД муттаҳам мешавад, ба додгоҳ фиристода шудааст Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ин мард барқасдона ҳамсараш ва чанд зани дигарро ба ин вирус олуда кардааст. Аз додситонии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи ин мард, ки номаш ба далоили ахлоқӣ ва низ муқаррароти тафтишотӣ ифшо намешавад, ахиран ба додгоҳи ноҳия фиристода шудааст. Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 26-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Исфара, ҳимоят аз блогерҳои муттаҳам, нишасти ширкати ҳавоии Тоҷикистон, таҳдиди худсӯзии зани соҳибкор дар Узбекистон ва матолиби дигар.

Тоҷикистон аз хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" даст кашид

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" худдорӣ кардааст. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "Сомон Эйр" барои хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" шартнома имзо карда буд. Вале ба қавли Субҳонзода, бо пайдо шудани мушкил дар чанд ҳавопаймои "Боинг 737 MAX", ин шартнома мавқуф гузошта шуд. Директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ гуфт, ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон бо ин навъи "Боинг 737 MAX" парвоз намекарданд ва то масъалаи он ниҳоӣ нашавад... Читать дальше...

Як трансгендер аз таҷовуз шуданаш дар зиндони Алмато шикоят кард

Ozodi.org 

Виктория Беркхоҷаева, шаҳрванди Қазоқистон, ки ҷинсашро иваз кардааст, мегӯяд, дар зиндони Жаугашти вилояти Алмато борҳо ба номусаш таҷовуз кардаанд. Вай рӯзи 25-уми июл бо вакили мудофеаш мулоқот кард. Айман Умарова, вакили мудофеи Беркхоҷаева гуфт, нафари таҳти ҳимояташ аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ рӯзҳои 19, 20 ва 24 июл таҷовуз шудааст. "Вай дар ин бора ариза навишт. Бо моддаи "Таҷовуз такрорӣ ба номус" парванда боз шудааст",-гуфт вакили мудофеъ. Думан Раҳмонов, роҳбари зиндони мазкур аз шуруъ шудани тафтиш хабар дод. Читать дальше...

Панҷ ҳизб ба порлумони Украина роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Комисияи марказии интихоботии Украина натиҷаи ниҳоии шумориши баргаҳои раъйро эълом кард. Панҷ ҳизб ба порлумони Украина роҳ ёфтанд: "Хизматгори мардум" – 43,16%; "Платформаи мухолифин – барои ҳаёт" – 13,05%; "Баткившина" – 8,18%; "Ҳамгироии аврупоӣ" – 8,10%; "Садо" – 5,82%. Ин интихобот аз рӯи низоми омехта баргузор шуд: нисфе аз 450 вакил аз ҳисоби рӯйхатҳои ҳизбӣ ва нисфи дигар аз ҳисоби ҳавзаҳои якмандатӣ интихобот шуданд. Аз 22 ҳизби сиёсӣ бештар аз 2,5 ҳазор номзад довталаби курсии порлумонӣ буданд.

Як тан бо гумони қатли роҳбари диаспораи қирғизҳо боздошт шуд

Ozodi.org 

Як зодаи Қирғизистон бо гумони куштори Камчибек Каримов, роҳбари қирғизҳо дар Екатеринбурги Русия боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд. Зодаи Қирғизистон бо номи Зарилбек дар шаҳри Коркинои вилояти Челябински Русия боздошт шуд. Вай дар бозпурсиҳои аввал ба гуноҳаш иқрор кардааст. Дар ҳамла ба Каримов вай нақши ронандаро иҷро кардааст. Боздоштшуда гуфт, барои ин кор вай 100 ҳазор рубл гирифтааст. "Гуруҳ аз ибтидо тасмим дошт, ба тоҷири дигари бозори "Таганский ряд" ҳамла кунад. Читать дальше...

Сенати ИМА гузориш дар бораи дахолатҳои Русия дар интихоботро нашр кард

Ozodi.org 

Кумитаи иктишофии Сенати ИМА рӯзи 25-уми июл гузориш дар бораи дахолатҳои Русияро дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2016, нашр кард. Дар гузориш омадааст, ки дахолати Русия дар умури дохилии ИМА падидаи ягона набуда, Кремл дар ҳоли ҳозир барои дахолат ба интихоботи президентии соли 2020 омода мешавад. Кумитаи мазкури сенат ва вазорати амнияти дохилии ИМА ба хулоса расидаанд, ки ҳакерҳои Русия ба низоми интихоботии 21 иёлат ворид шудаанд. Аммо мақомоти Амрико гуфтанд, дар бораи таъсир расонидани... Читать дальше...

Тошканду Алмато нархи билети қатори баландсуръатро поин мебаранд

Ozodi.org 

"Узбекистон темир йулларӣ" ва "Қазоқистон темир жолӣ" ба созиш расиданд, ки нархи билети қатори баландсуръати "Тулпар - Талго"-ро поин баранд, ки дар масири "Тошканд-Алмато-Тошканд" ҳаракат мекунад. Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, мусофирон аз 1-уми августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд. Тавре хадамоти матбуотии "Узбекистон темир йулларӣ" иттилоъ дод, ширкат тасмим дорад, дар ояндаи наздик... Читать дальше...

Дар Андиҷону Фарғона ба пешвози Мирзиёев боми хонаҳоро ранг мекунанд

Ozodi.org 

Раиси ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон Эркин Яқубов 25-уми июл дар як ҷаласа ба кормандони муассисаҳои буҷавӣ дастур додааст, ки пеш аз сафари президенти Узбекистон ба ин минтақа бомҳои канори роҳро таъмир кунанд. Дар наворе, ки дастраси мо шуд, раиси Асака мегӯяд, интизор меравад, моҳи сентябри соли равон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон сафар кунад. Яқубов ҳашари умумиеро эълом карда, ба раҳбарони муассисаҳои давлатӣ фармон додааст, то барои сафари президент омодагӣ дида, боми хонаҳои канори роҳро ранг кунанд. Читать дальше...

Озодӣ Онлайн: "Фоидаро дар кисаи чап мезананд."

Ozodi.org 

Корбаре бо номи Диловар дар Фейсбук дар ин бора гуфтааст: “Баъан кормандони бонк рубл ё долларе, ки равон кардаанд, бо нархи паст ба хешованони муҳоҷирон медиҳанд ва худашон ба бозори сиёҳ бурда, фурӯхта фоидаро дар кисаи чап мезананд. “

"Дар назди масҷидҳо гӯшаҳои китобҳои дунявӣ гузошта мешаванд", гуфт вазири фарҳанг

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, дар масоҷиди кишвар гӯшаҳои китоб ташкил намуда, дар баробари китобҳои динӣ, китобҳои дунявӣ низ барои аҳли намозгузорон пешниҳод намояд. Дар ин бора Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанг рӯзи 26 июл дар  як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод ва гуфт, ки чунин таҷрибаи ташкили китобхона дар гӯшаи масҷид дар ҳамсоякишвари Узбекистон вуҷуд дорад ва онҳо ният доранд, дар Тоҷикистон ҳам ин таҷрибаро роҳандозӣ намоянд. Ӯ гуфт, намозгузорон дар лаҳзаи фориғ... Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Тимати высмеял Джигана: "Не собьется, будет уже круто"





Персональные новости
Владимир Путин

«Есть ответы на вопросы бизнеса»: Хуснуллин об итогах встречи с Путиным на РСПП





Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина боло шуд

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федеросиюни байналмилалии футбол, ки 25-уми июл дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 119-ум қарор гирифтааст.

Субҳонзода иллати гаронии нархи чиптаҳои ҳавопайморо шарҳ дод

Ozodi.org 

Оҷонсии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, гарон будани нархи сӯзишворӣ, омили аслии гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл тасдиқ кард, ки нархи чипта дар Тоҷикистон гарон аст. Ӯ дар посух ба суоли он, ки чаро нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоякишварҳо гарон аст, гуфт, сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон гарон аст. Ба қавли директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта... Читать дальше...

Узбекистон -- нахустин рақиби Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми CAFA

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони зери 16-сола таркиб ёфтааст, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шоми имрӯз, 26-уми июл, бо тими наврасони Узбекистон рақобат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳусни ҳамсоядорӣ даъват карданд

Ozodi.org 

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи 26-уми июл дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда ва аз сокинон даъват намуданд, ки муросо намуда ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа ба минтақаи марзии Ворух-Оқсой расиданд.

Дидори президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ворух

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 26-уми июл дар Ворух бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. ба Исфара сафар карда ва бо сокинони минтақаи марзии Ворух мулоқот намудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам иттилоъ медиҳад, ки раиси ҷумҳури он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков низ ба минтақаи марзӣ расида ва бо мардуми Оқсой ҳаммарз бо Ворух, мулоқот кардааст. Вай гуфтааст, ки вазъ дар марзи кишвараш таҳти назорати шахсии ӯ қарор дорад. Интизор меравад, ки президентҳои Тоҷикистон... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Учитель из Бутово стала «Гуру физкультуры»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Прямая трансляция матчей Рыбакиной и Путинцевой за выход в 1/8 финала турнира в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В Москве в парке нашли труп мужчины





Путин в России и мире
Москва

Париж решил показать, что такое ядерное сдерживание России по-французски


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Продюсера Reuters арестовали за публикацию материалов на YouTube-канале «НавальныйLIVE»



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

«Это не такая серьезная ситуация»: личные кадры с раздетой Анастасией Волочковой попали в открытый доступ



Москва

Приложение "Память": дистанционно ухаживайте за могилами, ремонтируйте и возлагайте цветы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net