123ru.net
World News in Tajik
Июль
2019

Новости за 05.07.2019

Шероз Очилов дар Қаҳрамонии Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Шероз дар вазни 71 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд

Ал-Ғариёнӣ: "Касе ки ҳоло ба Макка ҳаҷ меравад, ба ҷои савоб гуноҳ мегирад"

Ozodi.org 

Ба дунболи шайх Юсуф Ал-Қарзовӣ муфтии Либия, Содиқ Ал-Ғариёнӣ аз мусалмонон даъват кард, ки ҳаҷҷи соли 2019-ро таҳрим кунанд. Ал-Ғариёнӣ мегӯяд, ҳар касе ки ҳоло ба Макка ҳаҷ меравад, ба ҷои савоб гуноҳ мегирад. Бисёре аз мусалмонон ин даъватро намепазиранд, вале бархи дигар аз он пайравӣ мекунанд.

Эрдуғон таркишро "шабеҳ ба ҳамлаи террористӣ" номид

Ozodi.org 

Дар як таркиши мошин дар ҷанубушарқи Туркия рӯзи 5 июл се шаҳранди Сурия кушта шуданд. Ин ҳодисаро президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон “шабеҳ ба ҳодисаҳои террористӣ” номид. Дар ин таркиш, ки дар шаҳраки туркии Райҳонлӣ дар марз бо Сурия рух дод, як нафар маҷрӯҳ шуд. Эрдуғон дар як изҳороти телевизиониаш гуфт, “маълум аст, ки дар дохили мошин бомба буд”. Ӯ гуфт, таҳқиқ шурӯъ шудааст ва ин ҳодиса метавонад ба терроризм рабт дошта бошад. Оҷонсии Reuters дар нақли қавл аз манобеи амниятӣ гуфт,... Читать дальше...



Федерика Могеринӣ ба Туркманистон ва Қирғизистон сафар мекунад

Ozodi.org 

Рӯзҳои 6-7 июл раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ ба Туркманистон ва  Қирғизистон сафар мекунад. Ҳадафи асосии ташриф - иштирок дар мулоқоти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки 7 июл дар шаҳри Бишкек доир мешавад. Мавзӯи асосӣ - баррасии татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Стратегияи дуюми ИА моҳи июн аз ҷониби Шӯрои корҳои хориҷии Аврупо қабул шуд. Дар арафаи мулоқоти вазирон, рӯзи 6 июл Федерика Могеринӣ ба шаҳри Ашқобод... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 5-уми июли соли 2019 (HD)

Ozodi.org 

Додгоҳи низомӣ ширкатеро, ки барои сарбозон либос медӯхт, муҷозот кард, СММ нопадидашвии шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, нархи мошинҳои кӯҳна дар Тоҷикистон поин нашуд ва набераи собиқ президенти Қазоқистон дар додгоҳ ҷавоб хоҳад дод.

Гурӯҳи кории СММ гуфт, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ "ҳазорҳо" шаҳрвандони Тоҷикистон нопадид шуданд

Ozodi.org 

Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороти матбуотӣ гуфт, ки “коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд”, дар ҳоле, ки, ба қавли ин коршиносон, “ҳазорон нафар” нопадидшуда боқӣ мемонад.

Арзиши "Опел"-и соли 2004 боло рафт

Ozodi.org 

Манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 аз хориҷа, боиси боло рафтани арзиши ин навъи мошинҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон шудааст. Дар бархе ҳолатҳо ин афзоиш беш аз 20 дарсадро ташкил медиҳад.

Манъи вуруди мошинҳои кӯҳна арзиши "Опелҳо"-и бозори дохилиро боло бурд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 аз хориҷа, боиси боло рафтани арзиши ин навъи мошинҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон шудааст. Дар бархе ҳолатҳо ин афзоиш беш аз 20 дарсадро ташкил медиҳад.



Ахбори Озодӣ аз 5-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Додгоҳи низомӣ ширкатеро, ки барои сарбозон либос медӯхт, муҷозот кард, СММ нопадидашвии шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, нархи мошинҳои кӯҳна дар Тоҷикистон поин нашуд ва набераи собиқ президенти Қазоқистон дар додгоҳ ҷавоб хоҳад дод.

Зани олмонӣ барои узвият дар ДИИШ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Зани 32-солаи олмонӣ барои узвияташ дар созмони террористии “Гурӯҳи исломӣ” бо қарори додгоҳи Штуттгарти Олмон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Қарори додгоҳ рӯзи 5 июл содир шуд ва додгоҳ гуфт, ки узвияти ин зан дар созмони террористии хориҷӣ тасдиқи худро пайдо кард. Ин зан бар асоси қонунҳои ҳимоят аз шахсияти Олмон танҳо бо исми Сабин Ӯлрик С. муаррифӣ шудааст. Ӯ аз охири соли 2013 то августи соли 2017 дар Сурия зиндагӣ кардааст. Додситонҳо гуфтанд, ки баъди ба Сурия расиданаш ин зан бо як ҷангии узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”... Читать дальше...

Алла Пугачева назди қатор мошинсавор рафт ва мавриди интиқод қарор гирифт

Ozodi.org 

Рафтори ахири ситораи саҳнаи Русия Алла Пугачева ахиран мавриди баҳсу интиқодҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 4 июл навишт, ки овозхони маъруф бо нияти сафар ба шаҳри Рига ба истгоҳи Роҳи оҳани “Рижский вокзал” омад ва  ба назди қатори худ, на пои пиёда, балки савори мошинаш наздик шуд. Аз дохили мошин дар назди қатори истгоҳи Роҳи оҳан ӯ, ҳамсараш – барандаи телевизион Максим Галкин ва ду фарзанди хурдсолашон берун шуданд. Ин кори Пугачева вокунишҳои зиёди манфӣ... Читать дальше...

Овозхони бритониёӣ аз Эрон ихроҷ шуд

Ozodi.org 

Овозхони бритониёӣ Ҷосс Стоун гуфт, ки баъди расиданаш ба ҷазираи Кеш дар Халиҷи Форс, ки қарор буд консерти ҳунарии худро дар он ҷо барпо кунад, аз хоки Эрон ихроҷ шуд. Дар навори видеоие, ки рӯзи 3 июл Стоун дар Инстаграм нашр кард, овозхон бо  рӯсарӣ пайдо шуд ва гуфт: “Хуб, мо ба Эрон расидем, боздошт ва баъдан ихроҷ шудем”. Оҷонсии давлати ИРНА дар нақли қавл аз полиси Кеш гуфт, ки ба Стоун бо сабаби камбуди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иҷозаи вуруд ба кишвар ҳақи дохил шудан ба хоки Эрон дода нашуд. Читать дальше...

Мақомот: Ҳазорҳо беҷошуда дар дохили Афғонистон ба хонаҳояшон баргаштанд

Ozodi.org 

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон гуфтанд, беш аз 2 ҳазор оилае, ки бар асари амалиёти низомӣ ва ҳамлаҳои ҷангиён деҳоти худро дар шарқи Афғонистон тарк карда буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд. Ба иттилои сухангӯи волии Нангарҳор Атоулло Хогиёнӣ, бо беҳбудёбии вазъи амниятӣ дар минтақа  сокинони деҳоти Бати Кот, Кот, Муманддара ва ноҳияи Шинвор ба хонаҳои тарккардаи худ баргаштанд. Ба гуфтаи Хогиёнӣ, дар маҷмӯъ 14 ҳазор оила омодагии худро барои бозгашт ба хонаҳояшон  баён карданд. Читать дальше...

Умедвории Путин ба кӯмаки Итолиё дар масъалаи таҳримҳои Аврупо

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки умедвор аст раҳбарияти ҳукумати популистии Итолиё  ба онҳо кӯмак мекунад, ки тавассути раҳбарияти нави Иттиҳодияи Аврупо дар сабук кардани таҳримҳои зидди Русия кӯмак хоҳад кард. Путин рӯзи 4 июл дар ҷараёни конфронси якрӯза дар Рум гуфт, “умедворем, ки Итолиё пайгирона ва хеле рӯшан мавқеи худро дар бораи беҳбуди робитаҳо баён карда”, дар бораи зарурати “бозгашт ба муносибатҳои оддии миёни Русия ва тамоми Аврупо мубориза мебарад”.   Путин, ки баъди анҷоми... Читать дальше...

СММ: Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард

Ozodi.org 

Қирғизистон дар давоми 5 сол шумори афроди бешаҳрвандиро дар ин кишвар аз 13 ҳазор то ба сифр расонд. Дар ин бора хабаргузории СММ бо истинод ба Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, 4 июл зимни як чорабинӣ дар шаҳри Бишкек ба 50 нафар, аз ҷумла 15 кӯдак шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома тақдим ва шаҳрванди Қирғизистон эътироф шуданд. "Дар ин кишвар дигар афроди бешаҳрвандӣ боқӣ намонд",-афзудааст СММ, "Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ садҳо... Читать дальше...

Даргузашти варзишгари маъруфи узбек Равиля Салимова

Ozodi.org 

Варзишгари маъруфи узбек ва баскетболбози номдор Равиля Салимова 3 июл дар сини 77 даргузашт. Дар ин бора Кумитаи олимпии миллии Узбекистон хабар дод. Равиля Салимова 8 августи соли 1941 дар ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхандарё зода шуда, дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ду бор қаҳрамони ҷаҳон ва се бор қаҳрамони Аврупо эълом гаштааст. Дар Универсиадаи умумиҷаҳонӣ ду бор медали тило ба даст овардааст. "Ӯ бо вуҷуди даъвати дастаҳои маъруфи ҷаҳон дар ҳайати тими "Меҳнат"-и Тошканд боқӣ монд. Читать дальше...

Умедвории Аврупо ба пазириши узвияти Балкани Ғарбӣ ба ИА

Ozodi.org 

Майкл Рот, вазири давлатии Олмон дар умури Аврупо гуфт, мақомоти аврупоӣ талош мекунанд кишварҳои Балкани ғарбиро мутақоид кунанд, ки ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил шаванд. Зимни суханронӣ дар  рӯзи 4 июл ӯ гуфт, ки ҷараёни узвияти ҳамаи шаш кишвари минтақаи Балканро ба Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ гуфт,  “чунки Балкани ғарбӣ дар беруни ҳавлии Иттиҳодияи Аврупо неву, дар дохили он ҷойгир аст”. Вазири олмонӣ дар ҷараёни конфронси бахшида ба мавзӯи Балкани ғарбӣ, ки дар шаҳри  Познани Полша ҷараён гирифт... Читать дальше...

Гурӯҳи кории СММ ва Ҳукумати Тоҷикистон "ҳазорон" нопадидшавиро таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороти матбуотӣ гуфт, ки “коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд”, дар ҳоле, ки, ба қавли ин коршиносон, “ҳазорон нафар” нопадидшуда боқӣ мемонад.


Музыкальные новости
Александр Розенбаум

Розенбаум исполнил «Вечернюю застольную» в память о жертвах теракта в «Крокусе»





Персональные новости
Фильм

Фильм о пришельцах снятый на деньги мафии





Озодӣ Онлайн: "Мезоянд дар кӯча мепартоянд"

Ozodi.org 

Баҳсҳои доғ дар бораи оташ задани Осияи 6-сола, хобгоҳи тарсноки назди бозори "Корвон" дар Душанбе ва зебоиву зиштиҳои шаҳр, дар барномаи имрӯзи Озодӣ Онлайн баррасӣ мешаванд.

Манъи киштии нафкаши Эрон дар Гибралтар. Теҳрон сафири Бритониёро даъват кард

Ozodi.org 

Пас аз он, ки як киштии нафткаши Эрон дар Ҷабал Ат-Ториқ (гулӯгоҳи Гибларитар) манъ карда шуд, вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбеи 4-уми июл эълон кард, ки сафири Бритониё дар Теҳронро даъват кардааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "дар пайи тавқифи ғайриқонунии як киштии нафткаши эрони дар гулӯгоҳи Ҷабал Ат-Ториқ аз сӯи нерӯҳои баҳрии Бритониё, сафири ин кишвар дар Теҳрон ҳам акнун ба вазорати умури хориҷӣ даъват шуд". Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон афзудааст... Читать дальше...

"Кор нест". Соли нобарори муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Ozodi.org 

Мавсими нави корӣ дар Русия имсол барои бисёр муҳоҷирони тоҷик чандон бобарор наомад. Муҳоҷирон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои қабл пайдо кардани ҷойи кору дарёфти маблағ барояшон мушкилтар шудааст.

Дар ИМА Рӯзи истиқлоли давлатиро ҷашн гирифтанд

Ozodi.org 

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 4 июл Рӯзи истиқлолияти давлатии ин кишварро таҷлил карданд. Дар шаҳри Вашингтон бахшида ба ин сана парад баргузор шуд. Президенти ИМА Доналд Трамп бархилофи анъана дар чорабиние, ки дар назди ёдгории Линколн дар Вашингтон баргузор шуд, суханронӣ кард. Пештар Трамп дар Твиттер хабар дод, ки дар рӯзи ҷашн барномаи асосӣ гузашти низомӣ бо иштироки нирӯҳои ҳавоӣ хоҳад буд. Вале мунтақидон Трампро ба низомӣ кардани ҷашн ва ғайриҳадафмандона истифода бурдани пули андозсупорандаҳо айбдор карданд. Читать дальше...

Дар Самарқанд кӯдаки 9-сола пас аз як моҳи газидани саг ҷон бохт

Ozodi.org 

Дар деҳаи "Равонак"-и ноҳияи Самарқанди Узбекистон як кӯдаки 9-сола пас аз газидани саг ҷон бохтааст. Ба гуфтаи як сокини "Равонак", кӯдакро як моҳ пеш саг газидааст, вале волидонаш ба ин аҳамият надодаанд. 22 моҳи июн табъи кӯдак баланд шудааст ва ӯро бо нишонаҳои девонагӣ ба бемористони вилояти Самарқанд бурдаанд. Кӯдак 3 июл ҷон бохтааст. Масъулони Назорати санитарӣ-эпидемиологӣ ва табибони байтории вилояти Самарқанд пас аз фавти кӯдак ваксинаи ҳайвонҳои хонагиро зидди девонагӣ дар саросари вилоят оғоз кардаанд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В хоккейном ЦСКА сменился главный тренер


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Россиянка покинула WTA-1000 из-за проблем со здоровьем


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

США включили ряд российских блокчейн-платформ в список SDN





Путин в России и мире
Москва

Путин оценил перспективы строительства ВСМ «Москва — Санкт-Петербург»


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире
Москва

Силовики задержали за сутки пятерых журналистов, часть проходит по делу об «участии в работе ФБК», одного жестоко избили при задержании



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Вольфганг Амадей Моцарт

Юные пианисты центра «Моцарт» завоевали множество наград городского конкурса инструментального искусства



Москва

В школы Коми поступает фальсифицированная молочная продукция

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net