Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Июль
2019

Новости за 22.07.2019

Эмомиддин Аслзода Муҳриддин аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик озод шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 22 июл бо фармонҳои президенти Тоҷикистон раисони 11 ноҳияву шаҳрҳои кишвар нав шуданд. Аз ҷумла,  бар ивази Фатҳулло Ҳурматзода дар мақоми иҷрокунандаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон Ҳилолбӣ Қурбонзода таъин шуд.  Ҷаббори Ғаффор аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён озод ва ба ҷои ӯ Икромиддин Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия шуд. Дар Вахш ба ҷои Азизулло Шарбатулло  Қурбоналӣ Юсупов, дар Ёвон ба ҷои  Амирбеки Темур – Ҷамшед Саидзода, дар ноҳияи  Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба ҷои Фотеҳ Аминзода... Читать дальше...

Ҳуқуқшинос Ғулом Бобоев даргузашт

Ozodi.org 

Шоми 22 июл ҳуқуқшиноси маъруф Ғулом Бобоев даргузашт. Бобоев  бо парвандаҳои сангини ҷиноӣ, инчунин қазияи ҳабси ҳавонавардони “Ролкан” машғул шудааст. Писари ӯ Сӯҳроб Бобоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд сабаби марги падар сактаи дил будааст. Ӯ гуфт, ҳодиса дар утоқи кории  - адвокатураи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар рух дод ва табибон ҳам ба наздаш даъват шуданд, вале ӯ ҷон дод. Маросими ҷанозаи Ғулом Бобоев фардо, 23 июл дар шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) дар маҳалли зисти ҳуқуқшиноси маъруф баргузор мешавад. Читать дальше...

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба хунрезӣ кашондааст

Ozodi.org 

Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон як нафар кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Муноқиша дар ҳоле сар задааст, ки қарор аст, президентҳои ду кишвар дар ин минтақа дидор ва гуфтушунид дошта бошанд.



Гузориш: Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз мақомаш сабукдӯш шуд

Ozodi.org 

Икромиддин Вализода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Вализода дар ин мақом ҳамагӣ се моҳ кор кард.  Фармони Президент дар бораи барканории Икромиддин Вализода нашр нашудааст, аммо як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Вализода бо онҳо хайрухуш кардааст.  Ба гуфтаи манбаъ, Икромиддин Вализода раиси ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон таин шудааст.  Икромиддин Вализода се моҳ пеш, охири моҳи апрели соли равон ба вазифаи раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин шуд. Читать дальше...

FIFA ба Алишер Ҷалилов иҷоза дод, ки дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад

Ozodi.org 

Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ба таври расмӣ ҳуқуқи дар тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозӣ карданро пайдо кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Додгоҳи олӣ: "Баррасии парвандаи 34 маҳбуси зиндони Хуҷанд идома дорад"

Ozodi.org 

Баррасии парвандаи 34 маҳбуси зиндони Хуҷанд дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин ошӯб, ки моҳи ноябри соли гузашта рух дод, ба гуфтаи мақомот бисту се нафар, аз ҷумла 21 маҳбус ва 2 зиндонбон ҷон бохтанд.  Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, то ҳол раиси ин зиндон ба 4 сол ва се масъули дигари ин муассисаи ислоҳотӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудаанд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии 28 маҳбуси зиндони шаҳри Ваҳдат... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019

Ozodi.org 

Оғози сафари зойирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ Баҳси 400 ҳазор долларии сокини Ваҳдат бо як бонк Пешсафии ҳизби Зеленский дар интихоботи Украина Шикояти Қалъаи Малик аз дуди ғализ дар Ваҳдат Кӯдакони тоҷикро кай ба хонаводаҳояшон медиҳанд?



Шоҳиён гуфт, дархости шуморе аз аъзои "Гурӯҳи 24" рад шуд

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дархости "Гурӯҳи 24" барои бозбинии парвандаашон рад карда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки "шуморе аз аъзои Гурӯҳи 24 аз додгоҳ хостанд, ки қарори қаблии додгоҳ дар бораи экстремистӣ дониста шудани ин гурӯҳ, бекор карда шавад. Аммо мо ташхис кардем, ки ин танҳо дархости чанд нафар аз аъзои "Гурӯҳи 24" будааст ва аъзои дигари он бо пахши баёния, изҳор доштанд, ки аз ҳадафҳои худ даст намекашанд. Читать дальше...

"Тоҷикстандарт" аз рақобати носолими ширкатҳои ҳасиббарорӣ хабар дод

Ozodi.org 

Қудрат Давлатзода, раиси оҷонсии "Тоҷикстандарт" нашри акси ҳасиб бо пойи муш дар шабакаҳои иҷтимоиро кори дасти гурӯҳи соҳибкороне номид, ки бо ҳадафи пайдо намудани мавқеи монополии худ, аз ин шева кор мегиранд. Оқои Давлатзода рӯзи 22-юми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ низ чунин ҳолатро мушоҳида кардааст ва аз хабарнигорон хоҳиш намуд, ки қабл аз расонаӣ кардани ин гуна ҳолатҳо ба ниҳоди зери раҳбарияш муроҷиат кунанд. "Соҳибкороне ҳаст, ки барои мавқеи... Читать дальше...

Гуфтанд ба мо: "Камбағал пешниҳод дорад, қабул намекунанд"

Ozodi.org 

Рӯз ба рӯз ин андеша дар ҷомеаи тоҷик маъмул аст,ки мансабдорон аз мардум фосила мегиранд. Доди мардум ба гуши онҳо намерасад. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз хостаҳо ва пешниходоти мардум ба вазирони тоҷик пурсидем.

Гумонбар дар марги кӯдаки 6-сола дар Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуд

Ozodi.org 

Дар доираи парвандаи марги кӯдаки 6-сола дар пайи истифодаи машрубот дар вилояти Чуйи Қирғизистон, як мард боздошт шуд. Ба иттилои мақомоти вилояти Чуй, дар доираи парвандаи мазкур чанд кас бозпурсӣ шудааст. Дар натиҷа марди 31-солаи ҳамбистари модари кӯдаки кушташуда боздошт гардид. Дар ҳоли ҳозир тафтиши судӣ-тиббӣ ҷараён дорад. Рӯзи 20 июл дар пайи заҳролудшавӣ аз машрубот як кӯдаки шашсола фавтид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, афроде, ки бо модари кӯдак машруб менӯшиданд, ӯро маҷбуран ду пиёла арақ нӯшондаанд. Читать дальше...

Варзишгоҳи яке аз донишгоҳҳои Чимкентро ба нашъахона табдил додаанд

Ozodi.org 

Маҷмаи варзишии донишгоҳи Чимкент ба паноҳгоҳи нашъамандон табдил шудааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазири маориф ва илми Қазоқистон Ерболат Муҳамедҷон иттилоъ медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъди кашфи ин паноҳгоҳ таҳқиқ шуруъ кардаанд. Дар кадом донишгоҳ чунин паноҳгоҳ ошкор шуда ва кадоме аз масъулони донишгоҳ ба ҷиноят даст дорад, ҳоло хабар дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, ки донишгоҳи мазкур хусусӣ аст. Ба навиштаи расонаҳо, дар толори варзиши донишгоҳ ҳам нашъа... Читать дальше...

Сафари зоирони Каъба оғоз ёфт, харҷ имсол 1800 сомонӣ бештар аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба, се рӯз қабл аз нақшаи муайяншуда, субҳи имрӯз, 22-юми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд.

"Хидматгори халқ" дар интихоботи Украина пешсаф шуд

Ozodi.org 

Ҳизби ҳокими "Хидматгори халқ" ҳудуди 44 дарсади овозҳоро ба даст меорад. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки ҳизби Зеленский барои ташкили ҷиноҳи аксарият дар порлумони Украина ба эътилоф ниёз хоҳад дошт.

Western Union ҳаҷми интиқоли маблағро кам кард

Ozodi.org 

Низоми пардохти Western Union дар Русия ҳаҷми интиқоли маблағҳоро ба хориҷ аз ин кишвар маҳдуд кард. Ҳамакнун як шаҳрванд наметавонад, дар моҳ бештар аз 600 ҳазор рубл тавассути ин низом интиқол диҳад. "Тартиботи нав аз рӯзи 22 июл ҷорӣ шуд. Ин тартибот дар робита ба иҷрои қонунӣ мубориза бо пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм рӯи даст гирифта шудааст",- менависанд расонаҳо. Бар асоси маҳдудиятҳои нав, шаҳрвандон имкон надоранд, дар як дафъа бештар аз 5 ҳазор доллар ба хориҷ аз Русия интиқол диҳанд. Читать дальше...

Дар Алмато гуруҳи занон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамла карданд

Ozodi.org 

Рӯзноманигор ва наворбардори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Нургул Тапаева ва Токмолд Кусаинов дар Алмато мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Панҷ зани ношинос дар коргоҳи Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон ба кормандони радио ҳамла ва наворбардорро латтукӯб карданд. Сабабҳои ҳамлаи ин гуруҳи занон ба рӯзноманигорон маълум нест. Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ имрӯз барои иштирок дар конфронси "Давлат бо модарону кӯдакон мубориза мебарад" ба бюро рафта буданд. Қарор буд, иштирокдорони нишаст дар ҳузури... Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Волочкова оправдалась за слитые в сеть снимки: «Ничем никого не удивишь»





Персональные новости
Кремль

Ведущие «Авторадио» исполнили в Кремле культовую песню о самой масштабной стройке XX века





Мансабдори узбек барои ҷалби иҷбории омӯзгорон ба соҳилбандӣ ҷарима шуд

Ozodi.org 

Мубилло Исомиддинов, муовини раиси ноҳияи Косонсойи Узбекистон дар умури рушди саноат ва сохтмон барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои соҳилбандӣ ҷарима шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати шуғл ва муносибатҳои кории Узбекистон иттилоъ дод. Пештар расонаҳо навиштанд, Исомиддинов дар доираи барномаи давлатии "Маркази обод" дастур додааст, ки омӯзгорони мактабҳои миёна дар бетонрезии соҳили рӯдхонае иштирок кунанд. Ҷамъан 80 омӯзгор ба корҳои соҳилбандӣ ҷалб шудаанд. Муовини раиси Косонсой тасдиқ кард... Читать дальше...

Тоҷикистон арзиши бимаи нақлиёти Узбекистонро кам мекунад

Ozodi.org 

Тоҷикистон қасд дорад нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Узбекистон дар ҳудуди Тоҷикистонро чанд баробар коҳиш диҳад. Ширкати "Тоҷиксуғурта" мегӯяд, ин посух ба иқдоми мақомоти Узбекистон аст, ки нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Тоҷикистон ҳангоми убур аз Узбекистонро кам карданд.

Пулис ҳукми ҳабси омили сӯхтор дар студияи "Kyoto Animation"-ро содир кард

Ozodi.org 

Пулиси Ҷопон ҳукми боздошти мардеро, ки дар оташ задани студияе дар шаҳри Киото гумонбар аст, содир кард. Ӯ ба иллати сахт сӯхтани баданаш дар ҳоли ҳозир дар беморхона бистарӣ аст. Маъмурони пулис тасмим доранд, пас аз беҳтар шудани вазъи саломатияш гумонбарро ба ҳабс бигиранд. Дар натиҷаи сӯхтори Kyoto Animation 18 июл 34 кас ҷон бохта, 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Гумонбар аз пас аз боздошт иқрор кард, ки дар дохили бино бензинро рехта, оташ задааст. Студияи Kyoto Animation соли 1981 таъсис ёфтааст. Читать дальше...

Садама дар Ишкошим ҷони 4 танро гирифт

Ozodi.org 

Бар асари садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чаҳор нафар ҷон бохтанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса рӯзи 20-уми июл дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи Нозим Маликмамадови 28-сола "аз ӯҳдаи идора намудан"-и мошин набаромада ва "Ҳунад-Голопер"-и ӯ ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷа чаҳор мусофир бинобар ҷароҳатҳои сангин дар бемористони деҳаи Вранг ҷон бохтанд. Як мусофири... Читать дальше...

ИМА як зодаи Қазоқистонро дар узвияти ДИИШ айбдор мекунад

Ozodi.org 

Як зодаи Қазоқистон, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар узвияти гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва иштирок дар ҷангҳои ин гуруҳу таълимдиҳии ҷангҷӯёни дигари "Давлати исломӣ" айбдор мешавад. Додситонии кулли ИМА рӯзи 19-уми июл хабар дод, ки Руслан Маратович Асаинови 42-сола давоми панҷ сол ба ҷонибдорӣ аз ин гурӯҳ ҷангидааст. Баъдан вай дастгир шуда, ба Амрико интиқол ёфтааст. Мақомоти ИМА мегӯянд, вай дар соли 2013 аз Бруклини Амрико ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафта, то соли 2018 ҷангидааст. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Учитель из Бутово стала «Гуру физкультуры»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Свёнтек разгромила Кырстю и вышла в 1/8 финала турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Учения по ликвидации лесных пожаров прошли в Богородском округе





Путин в России и мире
Москва

Петербургский автопром вышел из кризиса, заявил Беглов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Дух разделения в Святой Руси, или Можно ли лишиться сана за отпевание Навального*



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Филипп Киркоров

Киркорова оштрафовали на 6 тысяч рублей из-за неуплаченного штрафа в 3 тысячи



Москва

Источник 360.ru: водитель погиб в ДТП в ТиНАО, травмы получили два пешехода

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net