Помпео: "Иддаоҳои Эронро бо шубҳа қабул кунед"
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида 22 июл ҳангоми сафари корӣ ба Флорида, дар мусоҳибаи телевизионие гуфт, ҳар чизе, ки Эрон мегӯяд, бояд бо шубҳа қабул шавад. Дар посух ба даъвои Теҳрон, ки гӯё як шабакаи ҷосусии вобаста ба Маркази истихбороти Амрикоро аз байн бурдааст, Помпео ба телевизиони маҳаллии WFTV 9 гуфт, ки ин масъала бояд мавриди шубҳаи ҳама бошад. Ӯ гуфт: “Онҳо (Эрон) солҳои дароз дар бораи бисёр чизҳо дурӯғ гуфтаанд.”
Эрон рӯзи 18 июл гуфт, ки 17 нафарро ба гумони ҷосусӣ ба фоидаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгир карда, баъзеи онҳоро ба қатл маҳкум кард. Дар гузориши вазорати иттилооти Эрон гуфта шуд, ки ин нафарон дар бахши иқтисод, ҳастаӣ, низомӣ, фанновариҳо кор карда бо ҷамъоварии иттилои махфӣ машғул буданд.
Президент Доналд Трамп ҳам иддаоҳои Эронро рад кард ва гуфт, ки Теҳрон "нисбати ИМА беэҳтиромӣ мекунад ва бо ин рафтораш тасмимгирии маъмурияти Амрикоро дар заминаи тағйири созиши ҳастаии соли 2015 мушкил мекунад”. Трамп соли 2018 аз созиши ҳастаии шаш кишвар бо Эрон ба таври якҷониба берун шуд.
Помпео гуфт, ки ИМА як эътилофро барои посбонӣ кардани тангии Ҳурмуз бунёд мекунад, то роҳҳои киштиронӣ кушода нигоҳ дошта шаванд. Эрон се рӯз пеш як киштии нафткаши Бритониёро дар наздикии ин минтақа боздошт ва 20 июн дар ин минтақа як дрони амрикоиро сарнагун кард.