Нигоҳи дигар ба ҳамлаи хунини 26 соли пеш дар марзи Тоҷикистон
Як афсари бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пас аз 26 сол ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-ум дар марзи Афғонистонро китобат кардааст. Навиштаҳои ӯ ҳамчун шоҳид ва ширкаткунандаи воқеа бисёре аз арзёбиҳои гузаштаро инкор мекунад.